Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тӯҳфаҳои Назарбоев ба шоири тоҷик


Сайҷалол Каримзода бо ҷомае ки Назарбоев барояш фиристодааст.

Сайҷалол Каримзода бо ҷомае ки Назарбоев барояш фиристодааст.

Як шоири 62-сола аз ноҳияи Фархор барои шеъри дар васфи раисҷумҳури Қазоқистон навиштааш аз сӯи Нурсултон Назарбоев бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуд.

Барои аввалин бор аст, ки як шоири тоҷик барои васфаш аз номи раисиҷумҳури як кишвари дигар мукофот мегирад. Сайҷалол Каримзода, сокини 62-солаи ноҳияи Фархор, ки солҳо боз машқи шеър мекунад, як шеър дар васфи раисҷумҳури Қазоқистон эҷод кард ва онро тариқи почта ба Қазоқистон ирсол намуда, баъди шаш моҳ мукофот гирифт.

Сайҷалол Каримзода, сокини деҳаи Доманакӯҳи ҷамоати Ватани ноҳияи Фархор рӯзи 29 феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шеъри ӯ дар васфи Нурсултон Назарбоев тобистони соли 2015 навишта шуда буд. Ӯ мегӯяд, ки барои ин шеър ҳеҷ тӯҳфаеро интизор надошт, аммо баъди шаш моҳ аз суроғаи раисҷумҳур ба номаш мактуб омад.

«Ман аслан аз касе чизе барои шеърҳоям талаб низ намекунам. Ростӣ, шеъри ман дар васфи Нурсултон Назарбоев ба он хотир буд, ки ӯро як шоҳи одил мешиносам. Аз ин рӯ ба ӯ як шеър навиштам ва ба суроғаи худи Назарбоев равон кардам,» - гуфт мусоҳиби мо.

Номаи Назарбоев ба шоири тоҷик

Номаи Назарбоев ба шоири тоҷик

Шеъри Сайҷалол Каримзода дар васфи президенти Қазоқистон хеле сода ва аз нигоҳи шеърият сабук аст. Вале бо ин вуҷуд, дафтари Нурсултон Назарбоев ба ин мард ҳудуди 1000 сомонӣ, ҷомаи миллии қазоқӣ ва рамзи Қазоқистонро ба суроғаи ин мард фиристод. Ин ҳадяи Назарбоевро маъмурони сафорати Қазоқистон шахсан оварда, ба ин мард тақдим карданд.

Ҳадяҳо ва мактуби Назарбоевро Сайҷалол Каримзода ба осорхонаи Фархор додааст. Ӯ мегӯяд, ки баъди ин қадрдониҳо боз се ғазал ва чор рубоии дигар навиштааст ва рӯзҳои наздик бо аксаш ба раисҷумҳури Қазоқистон ирсол мекунад.

Сайҷалол Каримзода дар васфи раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар ҳудуди 100 саҳифа шеър навиштааст, вале мегӯяд, касе нест, ки ин китобро дар шакли китоб ба чоп расонад. Ӯ мегӯяд, ки ба ҳукумати маҳаллӣ ва раиси ноҳияи Фархор муроҷиат кардааст ва интизори ҷавоби раис аст, ки барои чопи китоби шеърҳояш дар бораи Эмомалӣ Раҳмон маблағ ҷудо кунанд.

Сайҷалол Каримзода мегӯяд, ҳанӯз аз овони кӯдакӣ ба шеъргӯӣ оғоз кардааст. Шеърҳои ӯ дар матбуоти давраии Тоҷикистон чоп мешаванд, вале то ҳол ба сабаби надоштани маблағ шеърҳояш дар шакли китоб чоп нашудаанд. Ӯ мегӯяд, ҳоло баъди муваффақияти шеъраш дар бораи Нурсултон Назарбоев ният дорад, ки дар васфи ӯ ҳамчун раисҷумҳури одил як китоби шеър навишта барои чоп дар шакли китоби алоҳида ба Қазоқистон равон кунад.

Порае аз шеъри Сайҷалол Каримзода дар васфи Назарбоев:

Нурсултони Назарбой,

Аз ҳама Султон ту бой.

Нон диҳӣ бар ин ҷаҳон,

Ҷон бахшӣ бар одамон.

Ҳастӣ марди меҳрубон,

Ҷони мо бар ту қурбон.

Аҷоиб чеҳрагармӣ,

Ҳам аҷоибот нармӣ.

Номи хушат Нурсултон,

Ту дӯсти аҳли ҷаҳон…

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG