Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори ду хабарнигори амрикоӣ дар барномаи мустақим


Элисон Паркер ва Адам Ворд
Элисон Паркер ва Адам Ворд

Ду хабарнигори шабакаи телевизионии WDBJ7 ҳангоми гузориш аз ҷойи ҳодиса дар аёлати Вирҷиния, воқеъ дар шарқи Амрико кушта шуданд.

Ду хабарнигори шабакаи телевизионии WDBJ7 ҳангоми гузориш аз ҷойи ҳодиса дар аёлати Вирҷиния, воқеъ дар шарқи ИМА, кушта шуданд. Бино ба гузоришҳо, касе, ки хабарнигоронро кушт, аз ҷойи ҳодиса гурехта ва ба худ ҳам тир задааст.

Ба иттилои масъулини шабакаи телевизионӣ, хабарнигорон Элисон Паркер ва Адам Уорд субҳи рӯзи 26 август ҳангоми сӯҳбати зинда дар минтақаи Бедфорд мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Ин ҳодиса дар дохили як маркази тиҷоратӣ ҳангоми мусоҳиба бо як муштарии маркази тиҷоратӣ рух дод.

Дар навори видеоие, ки ба Интернет роҳ ёфт, дидан мумкин аст, ки ҳангоми сӯҳбати Элисон Паркер бо як зан садои батакрори тир шунида мешавад, занҳо аз тарс садо баланд мекунанд. Камераи наворбардорӣ дар ниҳоят ба замин меафтад. Хонуме, ки аз ӯ мусоҳиба мегирифтанд, дар ин ҳамла ҷароҳат бардошта ва дар бемористон ҷарроҳӣ шудааст.

Ба гуфтаи пулис, фарди мутаҳҳам ба ҳамла Вестер Фланаган, видеои тирандозиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард. Ӯ баъди муддате дар мошинаш ба садама дучор шудааст ва маъмурони пулис ӯро бо захмҳои тир пайдо карданд ва ӯ дар бемористон ҷон додааст. Ба гуфтаи пулис, ӯ худкушӣ кардааст. Вестер Фланаган, яке аз кормандони собиқи норозии телевизион будааст.

Раиси шабакаи телевизионӣ Ҷефрӣ Маркс гуфт, барои онҳо сабаби куштор маълум нест, ва шахсияти қотил ҳам. Полис маҳалли кушторро иҳота кардааст, аммо дар бораи боздошт шудан ё нашудани қотили эҳтимолӣ иттилое нест.

Элион Паркер 24 ва Адам Ворд 27 сол доштанд.

XS
SM
MD
LG