Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Либия дар остонаи ҷанги шаҳрвандӣ?


Ҷонибдорони Қаззофӣ аз ин ки баъзе аз шаҳракҳо аз нерӯҳои шӯришӣ дубора ба даст омадааст, истиқбол карданд.

Дар миёни ин шаҳракҳо, аз ҷумла шаҳраки стратегии нафтӣ ва бандарии Рас Лануф низ ҳаст.

Аммо шӯришиён, гузоришҳои матбуоти мустақил ва сокинони ин шаҳрак хабари мазкурро таъйид намекунанд.

Баъзе аз коршиносон бо назардошти ин иддаои зиддунақизи ҳар ду ҷониб дар бораи контрол бар шаҳракҳои стратегӣ мегӯянд, ки чунин равиш ба оғози ҷангҳои дохилӣ шабоҳат дорад.

Ҷонибдорони Қаззофӣ дар Троблус ё Триполӣ, маркази Либия, раҳпаймоӣ анҷом доданд ва аз эъломияи телевизиони ҳукуматӣ дар бораи дубора ба контрол даровардани шаҳракҳои стратегӣ истиқбол ва ба ҳаво тир холӣ карданд.

Ҳусейн Карим, устоди донишгоҳи Троблус яке аз раҳпаймоён буд. Вай дар майдони марказии Троблус дар Майдони Сабз сунин гуфт: “Ҳоло вақти пирӯзии Либия расидааст. Он гуна, ки шумо мебинед, шаби гузашта ва субҳ вақти пирӯзии мардуми Либия буд. Ин мардумеро, ки шумо ин ҷо мебинед, мардуми воқеии Либия мебошанд. Дар ин кишвар касе ва ё шаҳре муқобили Қаззофӣ нест. Мо имрӯз ба Созмони милал мегӯем, ки мардуми Либия тавону қудрат доранд ва онҳо мехоҳанд худашон аз худ намояндагӣ кунанд.”

Аммо мухолифон аз даст додани шаҳракҳоро эътироф намекунанд. Онҳо мегӯянд, ки Рас Лануф зери назорати онҳост.

Ваниф Бу Ҳанада, сухангӯи мухолифон ба хабаргузории Ройтерз гуфт: “Дар эъломияе ба мардуми Либия нерӯҳои инқилобӣ ҳанӯз ҳам таъйид мекунанд, ки онҳо назорат бар шаҳракҳои озодшударо дар даст доранд ва хабаре, ки дар шабакаҳои телевизионии Қаззофӣ пахш шуд, дуруст нест. Шумо рӯзноманигорон низ худатон таъйид кардед, ки мо контроли шаҳракҳои озодшударо дар даст дорем. Барои ҳамин, ин сару садоҳо нодуруст аст. Касе тарафи мо наомадааст ва назорат бар маҳалеро ба даст надаровардааст.”

Матбуоти мустақил гузориш додааст, ки Рас Лануф зери назорати нерӯҳои мухолифон қарор дорад. Шӯришиён гурӯҳи рӯзноманигорони ғарбиро дар наздикии Рас Лануф ба маҳали суқути як ҳавопаймоии ҷангӣ бурдаанд, ки 5-уми март нерӯҳои шӯришӣ онро задаанд.

Рӯзноманигорон дар маҳали ҳодиса аз пораҳои ҳавопаймо ва ҷасади ду халабони ҳавопаймо, ки эҳтимолан аз нерӯҳои Қаззофӣ будаанд, акс ва наворбардорӣ кардаанд.

Ба гуфтаи шӯришиён, онҳо бо аслиҳаи зидди ҳавопаймоҳо ҳавопайморо задаанд. Шахсе, ки ҳавопайморо задааст, мегӯяд, ки вай низомӣ нест ва ҳеҷ гоҳ аз аслиҳаи зидди ҳавопаймоҳо тир накушода будааст.

Кормандони телевизиони хабаргузории Ассошиейтед-Пресс аз қавли шоҳидони айнӣ гузориш додаанд, ки ҳавопаймоҳои Либия ба мавзеъҳои мухолифон дар наздикии РасЛануф оташ кушодаанд. Садҳо нафар аз оғози даргириҳо кушта шудаанд.

Ин даргириҳо ду ҳафта пеш шурӯъ шуда буд. Нигарониҳо вуҷуд дорад, ки мумкин аст ин даргириҳо ба ҷангҳои дохилӣ табдил ёбад ва ҳафтаҳо ё моҳҳо идома кунад.

Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия, дар як мусоҳиба бо рӯзномаи Фаронса гуфтааст, агар вай аз қудрат барканор шавад, Либия ба пойгоҳи гурӯҳҳои террористии "Ал-Қоида" табдил меёбад.
XS
SM
MD
LG