Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Занҳо гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро ба чолиш мекашанд


Санавбар Самиева, раиси идораи кор бо занон ва оилаи Хатлон

Санавбар Самиева, раиси идораи кор бо занон ва оилаи Хатлон

700 зан аз вилояти Хатлон дар як муроҷиатнома аз занҳои кишвар даъват кардаанд, ки аз пайвастани фарзандон ва хешу таборашон ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҷилавгирӣ кунанд.

700 зан аз вилояти Хатлон дар як муроҷиатнома аз занҳои кишвар даъват кардаанд, ки аз пайвастани фарзандон ва хешу таборашон ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҷилавгирӣ кунанд. Онҳо аз мардум хостаанд, ки рафтори фарзандони худро таҳти назар бигиранд ва фурсатҳои хубро барои тарбияи онҳо аз даст надиҳанд.

Ба ин санад аз занҳои мансабдор, коргарону фермерҳо, духтур ва занҳои хонанишин имзо гузоштанд. Занҳои вилояти Хатлон дар ҳоле ин даъватро ба миён гузоштанд, ки даҳҳо нафар аз минтақаи ҷануби кишвар ба сафи ҷаррортарин гурӯҳи мусаллаҳ дар Ховари Миёна ҳамроҳ шуда, бархе ҳам дар ҷангҳои “Давлати Исломӣ” кушта шуданд. Ҳудуди 200 ҷавон аз вилояти Хатлон ба ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҳамоиш ёфтанд. То ҳол хабари кушта шудани 30 тани онҳо ошкор шудааст.

Санавбар Самиева, раиси идораи кор бо занон ва оилаи Хатлон рӯзи сешанбеи 7 июл ҳадафи ин иқдомро дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ бетараф набудан ба вазъи Тоҷикистон ва минтақа унвон кард.

Ба таъкиди хонуми Самиева, тарҳи муроҷиатномаи садҳо зани хатлонӣ дар як ҷаласаи кории бонувон ба миён омад ва аз ҷониби занони фаъоли шаҳру деҳоти вилояти Хатлон ҷонибдорӣ шуд. “Дар ин муроҷиатнома аз модарону хоҳарон даъват кардем, ки ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо ба майдони набард нараванд. Қурғонтеппа, ки чанд соли пеш ҷои ҷанг буд, қариб аз даст рафт ва мо намехоҳем, ки қудратхоҳон мафкураи ҷавонони моро олуда созанд. Мо набояд бозичаи дасти қудратхоҳон бошем”, - мегӯяд Санавбар Самиева.

Аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳи "Давлати Исломӣ" ҳамоиш ёфтаанд, дар муҳоҷирати корӣ дар Русия буданд ва эҳтимолан дар қаламрави ҳамон кишвар ба доми мубаллиғони ДИИШ афтидаанд. Баъзеи онҳо бо зану фарзандон ба Сурияву Ироқ рафтаанд. Наздикони онҳо намедонанд, ки фарзандашон кай ва чигуна тағйири ақида кардаанд, аммо аз ҳукумат мехоҳанд, ки дар бозгардонидани онҳо кӯмак кунад.

Санавбар Самиева мегӯяд, мутаасифона ҳатто занҳое низ пайдо шудаанд, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротгаро пайваста ва дар даст силоҳ гирифтаанд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ, занон бояд омили сулҳу субот ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ бошанд ва фарзандонро аз роҳи бад баргардонанд.

Раиси идораи кор бо занон ва оилаи Хатлон интизор дорад, ки занону модарони дигар ҳам дар Тоҷикистон аз муроҷиатномаи 700 бонуи хатлонӣ пуштибонӣ мекунанд ва фарзандони худро аз зуҳуроте мисли ифротгароӣ эмин нигаҳ медоранд.

Малика Сафарова, як сокини 50-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа, ки 4 фарзанд дорад ва солҳои 1990-ум даҳшати ҷангу терроро пушти сар кардааст, ба муроҷиатномаи занҳои хатлонӣ имзо гузошт ва ба даъвати онҳо барои таваҷҷӯҳи бештар ба зиндагии фарзандон ҳамовозӣ кард.

Дар ҳоле, ки занҳои бештар ба ин даъват ҳамоиш меёбанд ва омодагии худро барои муқовимат бо ифротгароӣ баён медоранд, вале маълум нест, ки онҳо корро аз куҷо сар мекунанд ва бо кадом шева пеш мебаранд. Ин ҳам дар ҳоле, ки аксари онҳо фарзандони муҳоҷир доранд ва шояд фарзандони худро дар як сол як бор мебинанд.

Хатлон аз вилоятҳои калонтарини Тоҷикистон буда ҳудуди 3 миллион ҷамъият дорад. Аз ин теъдод 49,8 дар сади ҷамъияти Хатлонро занон ташкил медиҳад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG