Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БОР: Тоҷикистон дастнигари муҳоҷирон хоҳад монд


Бонки Осиёии Рушд (БОР) дар гузориши “Дурнамои рушди Осиё” натоиҷи иқтисодии соли гузаштаро таҳлил ва вазъи иқтисоди қора, аз ҷумла, Осиёи Марказиро дар ду соли оянда пешгӯӣ кардааст.

Муаллифони гузориш дар робита ба Қирғизистон навиштаанд, дар ҳоле, ки интиқоли осоиштаи қудрат дар соли 2011 ва таъсиси зуди ҳукумат ба рушди иқтисоди кишвар мусоидат намуд, коҳиши истеҳсоли тилло боиси 0,9 дар сад пойин рафтани ВВП ё тавлиди нохолиси миллӣ гардид.

Интизор меравад, ки рушди иқтисоди Қирғизистон дар соли 2013 ба 5,5 дар сад расад. Дар ҳамин ҳол ҳукумати Қирғизистон ба татбиқи Стратегияи рушди устувор барои солҳои 2013-2017 шурӯъ мекунад, ки ҳадафаш бунёди ҷамоаи босубот, таҳкими волояти қонун ва беҳбуди фазои сармоягузорист. Бонки Осиёи рушд пешгӯӣ кардааст, ки рушди иқтисод дар соли 2014 то 4,5 дар сад пойин хоҳад рафт ва дар охирҳои сол Қирғизистон ба тавлиди бештари тилло ва дарёфти сармояи Русия ва Чин барои тарҳҳои энерҷӣ ва нақлиётӣ муваффақ хоҳад шуд. Аммо агар вазъи сиёсӣ дар кишвар ноором шавад, коҳиши тавлиди тиллоро ҳам метавон интизор шуд.

Қарор аст, ки мизони таваррум дар Қирғизистон соли равон то 7,5 дар сад боло равад ва аммо соли оянда бо афзоиши тавлиди тилло ва сармоягузорӣ ба бахши энерҷии кишвар то 5,5 дар сад коҳиш ёбад.

ИҚТИСОДИ ҚАЗОҚИСТОН АЗ БӮҲРОН БЕРУН МЕШАВАД

Рушди иқтисодӣ дар яке аз бузургтарин кишварҳои Осиёи Марказӣ назар ба ду соли пеш 2,5 дар сад коҳиш ёфт ва 5 дар садро ташкил дод. Муаллифони гузориш коҳиши иқтисоди кишварро бо он марбут карданд, ки хушксолӣ боиси тақрибан 18 дар сад коҳиш ёфтани тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ гардид.

Пешгӯӣ мешавад, ки рушди иқтисодии Қазоқистон дар соли 2013 то 5,2 дар сад ва як сол баъд то 5,6 дар сад мерасад. Қарор аст, ки нишондодҳои тавлиди нохолиси миллӣ дар ду соли оянда ҳам 5,2 ва 5,6 дар сад бошад ва ба ин барномаи рушди саноат ва захираи Бунёди миллии Ҷумҳурии Қазоқистон (БМҶҚ) мусоидат хоҳанд кард. Қарор аст, ки соли 2013 тақрибан якуним миллиард доллар ва як сол баъд беш аз 2,5 миллиард доллари ширкати нафтии КазМунайГаз дар ихтиёри БМҶҚ гузошта шавад.

Нишондодҳои иқтисодӣ ҳамчунин аз талаботи шарикони бузурги тиҷоратии кишвар – Иттиҳодияи Аврупо, Русия ва Чин вобаста хоҳад буд. Интизор меравад, ки соли равон истихроҷи нафту газ дар кони Кашаған, воқеъ дар шимоли баҳри Хазар, шурӯъ шавад ва ин ба афзоиши содироти нафт мусоидат хоҳад кард. Таваррум дар Қазоқистон дар сатҳи мӯътадил боқӣ хоҳад монд.

Ҳамчунин қарор аст, ки имсол қимати хизматрасонӣ, аз ҷумла, дар нақлиёт ва хадамоти коммуналӣ боло равад ва дар ин дар навбати худ ба қимати ҳама маҳсулот таъсри худро хоҳад гузошт.

ТОҶИКИСТОН ПОЙБАНДИ МАБЛАҒИ МУҲОҶИРОН ХОҲАД МОНД

Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли гузошта 7,5 дар садро ташкил дод – соли 2011 ин нишондод 7,4 дар сад эълон шуда буд. Муаллифони гузориши Бонки Осиёи рушд навиштаанд, ин нишондод баёнгари пойбандии талаботи дохилӣ аз маблағест, ки муҳоҷирони корӣ интиқолӣ медиҳанд, маблағе, ки ба тақрибан нисфи ВВП ё тавлиди нохолиси миллӣ баробар аст. Гуфта мешавад, ки ду соли оянда ҳам маблақҳои муҳоҷирони корӣ рушди иқтисоди Тоҷикистонро таъмин хоҳанд кард.

Иқтисоддонҳо рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 6,5 дар сад ва дар соли оянда 6 дар сад пешгӯӣ кардаанд. Аммо, ба навиштаи муаллифон, чанд омил, аз ҷумла, коҳиши истеҳсоли алюминий ва пойин рафтани қимати пахта ва алюминий дар борзи ҷаҳонӣ метавонанд монеъа дар роҳи рушди Тоҷикистон шаванд. Ҳамчунин рушди иқтисод боз аз чаҳор омили дигар боваста хоҳад буд – аз рушди тарҳрезишудаи иқтисоди Русия, мӯътадил боқӣ мондани тиҷорати минтақаӣ ва интиқоли молу коло, авзоъ дар бахшҳои кишоварзиву энерҷӣ ва эътидоли сиёсиву иҷтимоии кишвар.

Қарор аст, ки таваррум дар Тоҷикистон дар ду соли оянда дар сатҳи мӯътадил боқӣ хоҳад монд ва аммо дар сурати боло рафтани қимати ҷаҳонии маводи озуқа ва маводи сӯхт афзоиши таваррум ҳам аз эҳтимол дур нест.

ТУРКМАНИСТОН: СОДИРОТИ НАФТУ ГАЗ БОЛО МЕРАВАД

дар садро ташкил дод ва ба ин афзоиши содироти газ мусоидат кардааст. Қарор аст, ки ду соли оянда истихроҷ ва содироти нафту газ аз Туркманистон боз ҳам боло равад. Ва аммо бо вуҷуди ин пешгӯӣ шудааст, ки рушди иқтисодӣ имсол то 9 дар сад ва ян сол баъд то 8 дар сад коҳиш ёбад.

Ба гуфтаи иқтисоддонҳои Бонки Осиёии рушд, бо вуҷуди назорати ҳукумат аз болои қиммати молу коло соли равон таваррум дар Туркманистон 6 дар сад ва соли оянда 6,5 дар садро ташкил хоҳад дод.

САНОАТ РУШДИ ӮЗБАКИСТОНРО ТАЪМИН ХОҲАД КАРД?

Ӯзбакистон соли гузашта рушд кард. Бар пояи иттилои расмӣ, тавлиди нохолиси миллии кишвар 8,2 дар сад боло рафтааст. Бонки Осиёи рушд пешгӯӣ кардааст, ки имсол тавлиди нохолиси миллии Ӯзбакистон 7,5 дар сад ва соли оянда 8 дар сад боло хоҳад рафт. Ва ба ин саноату хизматрасонӣ мусоидат хоҳанд кард. Гуфта мешавад, ки саноат бар пояи сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ рушд кардааст.

Мақомоти Ӯзбакистон ҳамчунин аз афзоиши тавлидоти кишоварзӣ ҳам хабар додаанд. Қарор аст, ки дар ин кишвари Осиёи Марказӣ сатҳи таваррум имсол 9,5 дар сад ва як сол баъд 9 дар садро ташкил диҳад. Пойин рафтани қимати маводи озуқа, масрафоти кам дар воридот, сиёсати шадид дар робита ба арзи хориҷӣ боиси коҳиши таваррум хоҳад шуд, ҳарчанд қарор аст, ки аз ҷумла, маоши бознишастаҳо дар Ӯзбакистон боло бурда шавад. Ҳамчунин, аз нигоҳи муаллифони гузориши Бонки осиёии рушд, то охири соли равон қарзи беруна ба 19,3 дар сад ва дар соли 2014 ба 20,8 дар сади тавлиди нохолиси милли Ӯзбакистон баробар мешавад, ки аз рӯи меъёрҳои байнулмилалӣ, чандон зиёд нест.
XS
SM
MD
LG