Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯлоб. Боздошти 2 нафар дар робита ба ҳамла ба Кабирӣ


Пулиси шаҳри Кӯлоб дар иртибот ба ҳодисаи ҳамлаи афроди ношинос ба Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ду нафарро боздошт кардааст.

Масъулони шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб рӯзи чоршанбеи 11 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озҳодӣ гуфтанд, ки "мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Кӯлоб дар иртибот ба ҳодисаи ҳамлаи дирӯза ба Муҳиддин Кабӣирӣ, раҳбари ҲНИТ дар ин минтақа ду нафарро боздошт карда ва нисбати онҳо парванда боз кардаааст."

Ба гуфтаи ин манбаъ ин афрод, ки яке марду дигаре зан ҳастанд, ба авбошии кучак айбдор карда мешаванд. Ин манбаъ аз ироаи ҷузъиёти бештар дар мавриди ҳамлаи гурӯҳи ношинос ба Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб худдорӣ кард, вале гуфт, ки тафтишот нисбати ин ҳодиса ҷарёан дорад ва баъдан натиҷаҳои он эълом хоҳад шуд.


Кабирӣ ҳамла ба худ дар Кӯлобро бо Шукурҷон Зуҳуров матраҳ кард

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ мегӯяд, ки дар мулоқоти имрӯзи худ бо раиси порлумон Шукурҷон Зуҳуров, ҳамлаи афроди ношинос дар Кӯлоб ба ӯ ва ҳайати ҳамроҳашро баррасӣ кард.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 11 июн ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки дар ин дидор бо Шукурҷон Зуҳуров, мавзӯи ҳамлаи рӯзи сешанбеи афроди ношинос ба ӯ дар Кӯлобро дар миён гузошта ва гуфтааст, ки ҳамлаи афроди ношинос ба ӯ ва ҳайати ҳамроҳаш як амали созмонёфта буд.

Зеро ба гуфтаи раҳбари ҲНИТ, ашхоси ҳамлавар бо партоби тухму помидор мақсад доштанд, ки аз ҷониби афроди ҳизб вокунише ба амал ояд ва даргирӣ сурат бигирад. Ҳатто ба гуфтаи ҷаноби Кабирӣ, дар дасти афроди ҳамлагар корду меху дигар ашё ба мушоҳида расидааст. Вай афзуд: «Вале аъзои ҳизб сабру таҳаммул намуданд ва дар баробари рафтори ин афроди ҳамлагар ором истоданд».

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи раҳбари ҲНИТ, ҳатто ҳангоми бозгашт аз Кӯлоб ба Душанбе, дар се ҷой кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ худрави онҳоро манъ карда, дар яке аз нуқтаҳо маъмури пулиси роҳ гуфтааст, ки «ба мо амр шудааст, ки мошинро манъ кунем.»

Кабирӣ гуфт, «онҳо намедонистанд, ки мошини киро манъ кунанд, вале дастур шудааст, ки маҳз ҳамин мошине, ки мо дар он будем, манъ карда шавад, онҳо ҳатто моро намешинохтанд, пас аз муоинаи мошин моро раҳо карданд.»

Ҷаноби Кабирӣ гуфт, ки дар робита ба ин ҳодиса дар иҷлосияи навбатии парлумон, ки имрӯз баргузор мешавад, изҳорот хоҳад дод.

Ҳамла бо тухму помидор алайҳи Кабирӣ

Дар шабакаи Фейсбук навори видеоии ҳамлаи имрӯза бо тухму помидор алайҳи ҳайати ҲНИТ ба раҳбарии ин ҳизби мухолиф Муҳиддин Кабирӣ, ки дар шаҳри Кӯлоб сурат гирифтааст, нашр шуд. Сардабири сомонаи ҳизби наҳзатии исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навори ҳамлаи имрӯза ба раҳбари ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ дар шаҳри Кӯлобро нашр кардааст. Як ҳайати ҲНИТ ба раҳбарии Кабирӣ рӯзи 10 июн баъд аз мулоқот бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб дар манзили раиси созмони минтақавии ҳизб Муҳаммадшариф Набизода мавриди ҳамлаи як гурӯҳи ҷавонони "мусаллаҳ" бо тухму помидор қарор гирифт.


Навори ин ҳамларо метавон дар ин нишонӣ пайдо ва тамошо кард:

Айни навор дар саҳифаи Ҳикматуллоҳи Сайфуллоҳзода дар Фейсбук:

Ҳамла ба Кабирӣ

ҲНИТ: Ҳамла ба Кабирӣ бояд таҳқиқ шавад

Созмони ҳизби наҳзатии исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, аз ҳамлаи имрӯза алайҳи раиси ин ҳизб Муҳиддини Кабирӣ расман ба мақомоти умури дохилаи шааҳри Кӯлоб шикоят мебарад.

Муҳаммадшариф Набизода, раиси созмони ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, ин як ҳамлаи барномавӣ ва ташкилшуда буд ва мо расман аз мақомот талаб мекунем, ки ин ҳамла ба таври фарогир тафтиш ва омилонаш ба масъулият кашонда шавад."

Муҳаммадшариф Набизода дар шарҳи қазия гуфт, “як гурӯҳи ҷавонони ношинос, ки тавре маълум шуд, ҳатто аз шаҳри Кӯлоб ҳам набудаанд, талош карданд, ки ба мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ бо ҷавонон халал расонанд. Дар ин кор муваффақ нашуданд, вале вақте Кабириву ҳамроҳонаш аз мулоқот берун мешуданд, ин гурӯҳ ба сӯи раиси ҳизб ва ҳамроҳонаш тухму помидор ҳаво доданд. “ Ин манбаъ мегӯяд, Кабирӣ дар ин ҳамла осебе надидааст, вале шуморе аз ҳамроҳони ӯ, ки дар як ҳайати эъзомии ҲНИТ ба Кӯлоб омада буданд, зери ин борони тухму помидор монданд.
Аъзоёни ҳизби наҳзат баъд аз бастани дарҳои идораи ин ҳизб дар Кӯлоб. Акс аз сомонаи Фейсбук гирифта шудааст.

Аъзоёни ҳизби наҳзат баъд аз бастани дарҳои идораи ин ҳизб дар Кӯлоб. Акс аз сомонаи Фейсбук гирифта шудааст.

Оқои Набизода гуфт, ин ҷавонон ҳама ҷавонони тануманду зоҳиран варзишӣ буданд. Абдусамад Ғайратов, як фаъоли ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб гуфт, шумори ҳамлагарон ягон 10 нафар буд, ки ба ҷуз 2 нафар бақия аз аҳли шаҳри Кӯлоб набуданд.

Маҳмудҷон Файраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ ба "Озодӣ" гуфт, ки ин афрод телефон ва планшетҳои афродеро, ки аз ин ҳодиса аксбардорӣ мекарданд гирифта ва бархе аз онҳоро шикастанд. Ин афрод, ки бархе аз онҳо занон буданд, шиор сар медоданд, ки гӯё дар даврони ҷанги шаҳрванди шавҳарон ва бародарони онҳо аз сӯи нерӯҳои мухолифин кушта шудаанд.

Мақомоти ҲНИТ ҳамлаи имрӯза дар шаҳри Кӯлобро иғвои навбатӣ алайҳи ин ташаккули умдаи мухолифин унвон мекунанд.

Ҳайати ҲНИТ ба раҳбарии раиси ин ташаккули умдаи мухолифин рӯзи 10 июн бо ҳадафи мулоқот бо ҷавонон ба шаҳри Кӯлоб омада буд. Қарор буд, ин мулоқот дар дафтари минтақавии ҲНИТ доир шавад. Аммо нозироти молиёти Кӯлоб қабл аз ин чорабинӣ дари қароргоҳи ҲНИТ дар ин минтақаро бастааст. Бахши ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ки намояндагии Кумитаи андоз имшаб дари қароргоҳи минтақавии Кӯлобро бидуни шарҳу тавзеҳ бастааст.

Муҳаммадшариф Набизода

Муҳаммадшариф Набизода

Муҳаммадшариф Набизода гуфт, ки субҳи имрӯз барои омодагии мулоқоти раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар Кӯлоб ба қароргоҳ омаданд, вале дарвозаи онро баста ёфтанд ва пушти он муҳри идораи молиёти ноҳия зада шудааст. Вай афзуд, ки ҳоло намояндаи идораи молиётро надидааст, то сабаби бастани дари қароргоҳро суол кунад. Ҷаноби Набиев мегӯяд, ки «қаблан идораи андоз дар бораи аз қайд гузаштан онҳоро ёддоварӣ намуда буд, вале азбаски шӯъба тобеъи маркази ҳизб дар минтақа аст, зарурат ба сабт надорад ва аз ин рӯ шӯъбаро ба қайд нагирифтаанд.”

Ба далели баста будани дафтари ҳизб мулоқоти Кабирӣ бо ҷавонони Кӯлоб дар манзили раиси бахши минтақавии ҲНИТ Муҳаммадшариф Набизода дар кӯчаи Оиша Сарварова ( собиқ Фрунзе) доир шудааст. Оқои Набизода гуфт, зоҳиран хеле мехостанд ки аъзои ҲНИТ посух бидиҳанд, вале “мо сабрро пеша кардем. Агар аз тарафи наҳзатиҳо сабру ақлим солим ба кор намерафт, муноқиша метавонист хеле бузург мунҷар шавад.”

Сафари қаблии Кабирӣ дар Кӯлоб. 27 феврали соли 2014

Сафари қаблии Кабирӣ дар Кӯлоб. 27 феврали соли 2014

Рӯзи 27 феврали соли равон низ зимни як сафари Муҳиддин Кабирӣ ба Кӯлоб як гурӯҳи занон ва фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ дар ин минтақа Иброҳим Исмоилов ба дафтари ҳизб ворид шуда, талош кардаанд, то ҷаласаи фағълони ин ҳизби мухолифро вайрон кунанд. Ин ҳамла танҳо баъди як сӯҳбати кӯтоҳи Муҳиддин Кабирӣ бо Иброҳим Исмоилов анҷом ёфт.


С. Амиршоева: "Ҳамла ба Кабирӣ кори дасти гурӯҳҳои дасисабоз аст"

Вакилони порлумони Тоҷикистон ҳамла ба вакили порлумон ва раиси ҳизби наҳзатии исломии Тоҷикистон Муҳиддини Кабирӣ дар шаҳри Кӯлобро маҳкум карда, хостори ба масъулият кашондани омилони инҳ амла шудаанд.

Саодат Амиршоева, вакили порлумони Тоҷикистон ҳамла ба Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби наҳзатии исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва вакили порлумонро кори дасти гурӯҳи "дасисабоз" унвон кард. Хонум Амиршоева, рӯзи 10 июн дар вокуниш ба ҳамла ба раҳбари ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "ман ҳамлаеро, ки алайҳи Муҳиддин Кабирӣ дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби гурӯҳи дасисабоз ва ҷиноятпеша сурат гирфтааст, ҳеҷ гоҳ тарафдорӣ намекунам ва ин ҷинояткорон бояд беҷазо намонанд."

Саодат Амиршоева гуфт, "натанҳо нисбати вакили порлумон, балки ҳамчунин ҷинояте нисбати шаҳрванди одии Тоҷикистон ҳам содир шавад, органҳои маъмурӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, бояд тадобиреро биандешанд ва ба он баҳои сазовор бидиҳанд." Ба гуфтаи хонум Амиршоева, Тоҷикистон ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунқёд ва дунявиро бунёд мекунад ва бояд ҳама гуна ҳизбҳо озодона амал кунанд ва вакили порлумон ҳуқуқ дорад, ки озодона бо мардум, ки интихобкунанд аст, мулоқотҳо анҷом диҳад.

Саодат Амиршоева
Ҳамзамон Саодат Амиршоева, гуфт, "албатта, сарусадоҳое ба гӯш мерасад, ки бархе аз берун хоҳони ноором кардани ҷомеаи Тоҷикистонанд ва бояд мардум, ба хусус ҷавонон, ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надиҳанд ва ба дасисаи гурӯҳҳои ҷинояткор дода нашаванд." Ин вакили порлумон изҳори боварӣ кард, ки ҳодисаи ахир алайҳи Муҳиддин Кабирӣ дар порлумон баррасӣ хоҳад шуд ва Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумон ин мавзӯъро ҷиддӣ хоҳад гирифт.

Коммунистҳо ҳамла ба Кабириро маҳкум мекунанд


Масъулони ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар вокуниш ба ҳамлаи рӯзи 10 июн ба Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб, мегӯянд, ин ҳамлагарон "хизмати хирсона" -еро ба ҳукумати феълӣ мекунанд. Исмоил Талбаков, муовини раиси ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вакили порлумон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "афроде, ки ба вакили порлумон ва раҳбири ҲНИТ ҳамла карда ва ӯро бо помидор ва тухм задаанд, гурӯҳест, ки дар талоши нооромӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон аст."

Ба гуфтаи ҷаноби Талбаков, "ин гуна бархӯрд бо намояндаи як ҳизби сиёсӣ амали номатлуб буда ва беэҳтиромӣ натанҳо ба вакили порлумон, балки ба ниҳоди қонунгузории кишвар, қонунҳо ва Қонуни асосии Тоҷикистон аст." Ба таъкиди ҷаноби Талбаков, бар изофа, Муҳиддин Кабирӣ ҳамчун вакили порлумон аз дахлнопазирӣ бархӯрдор аст.

Исмоил Талбаков
Ба ин далел, муовини раҳбари ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯяд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро лозим аст, то ин ҳодисаро мунсифона ва мушикофона таҳқиқ намуда ва омилиони ин ҷиноятро ошкору муҷозот намоянд. Ба андешаи Исмоил Талбаков, бояд пеши роҳи чунин бадрафторӣ ва бадкирдорӣ гирифта шавад ва “маъмурони ҳифзи ҳуқуқ нагузоранд, то нирӯи ифротгарое ба якпорчагии Тоҷикистон халале ворид созад.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG