Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медалҳои биринҷӣ насиби кӣ мешавад? "Хайр"? Ё "Регар"?


Рӯзи якшанбе, 17-уми ноябр, дар даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон соҳибони нишонҳои биринҷӣ маълум хоҳанд шуд.

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки баъди пирӯзӣ дар даври 21-ум бар “Энергетик” дар Душанбе пешакӣ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт, дар бозии охиринаш дар майдони худ бо “Хайр”-и Ваҳдат рақобат мекунад.

“Хайр” ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ки бозии охиринашро дар меҳмонӣ бо “Хуҷанд”-и Хуҷанд анҷом медиҳад, ҳарду барои ҷои севум талош доранд.

Барои "Хайр", ки бо 33 хол аз рақиби асосиаш 3 имтиёз бештар дорад, кофист, ки бозии охиринашро дар Кӯлоб мусовӣ анҷом диҳад. Вале "Регар-ТадАЗ" танҳо ба ғалаба умед мебандад ва он ҳам дар сурате ки "Хайр" аз "Равшан" шикаст бихӯрад. Ин дар ҳолест, ки "Равшан" алакай, қатъи назар аз натиҷаи даври охир ба нишонҳои тило ва унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон даст ёфтааст ва бозии охиринаш бо "Хайр" барои ин даста аҳамияти зиёде надорад.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе низ новобаста аз натиҷаи бозии охиринаш дар Қӯрғонтеппа бо тими “Вахш” алакай ба медалҳои нуқраи мусобиқоти имсолаи футболи Тоҷикистон соҳиб шудааст. Бояд гуфт, ки “Истиқлол” ҳамчун барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2013 ва қаҳрамони ҷадиди кишвар - “Равшан” - соли оянда дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) ширкат хоҳанд кард.

Раҳмон Муртазоев
Раҳмон Муртазоев
Дар ду бозии дигари даври охирини мусобиқот “Истаравшан”-и Истаравшан дар майдони худ бо “Энергетик”-и Душанбе ва ССКА “Помир”-и Душанбе бо тими меҳмон - “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров вориди рақобат мешаванд. Вале натоиҷи ин бозиҳо мавқеи ССКА “Помир” ва “Истаравшан”-ро, ки дар зинаҳои охири ҷадвал ҷойгир шудаанд, тағйир нахоҳад дод.

Дарвоқеъ, сардовари бозии ССКА “Помир” – “Парвоз” довари пуртаҷриба Раҳмон Муртазоеви душанбегӣ мебошад ва ба ӯ дар ин бозӣ фарзандонаш - Парвиз, Беҳрӯз ва Некрӯз кӯмак мекунанд. Ин бозӣ барои Раҳмон Муртазоев ба ҳайси ҳакам охирин бозӣ ба шумор меравад. ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) ба федератсияҳои миллӣ тавсия додааст, ки барои доварӣ ба бозиҳо ҳакамони синнашон то 45-сола роҳ дода шаванд.

Муртазоев ки бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистонро миёни дастаҳои лигаи олӣ аз соли 1992 доварӣ мекунад, ду соли ахир беҳтарин довари кишвар эълон шуда буд. Ҳарчанд мухлисони баъзе дастаҳо, бахусус ҳаводорони "Равшан" Муртазоевро айбдор мекарданд, ки зиёд ба фоидаи тими "Истиқлол" доварӣ мекунад.

Даври 22-юм
17-уми ноябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00

«Истаравшан» - «Энергетик». Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ. Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).


«Равшан» - «Хайр». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ. Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).


ССКА «Помир» - «Парвоз». Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон. Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

«Хуҷанд» - «Регар-ТадАЗ». Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». Сардовар: Баҳром Сайдуллоев (Қӯрғонтеппа).


«Вахш» - «Истиқлол». Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор». Сардовар: Комилҷон Қурбонов (Турсунзода).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот


Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Тӯбҳо И
1. «Равшан» 17 14 3 0 26-5 45
2. «Истиқлол» 17 13 1 3 46-8 40
3. «Хайр» 17 9 6 2 26-14 33
4. «Регар-ТадАЗ» 17 9 3 5 23-18 30
5. «Хуҷанд» 17 6 5 6 17-18 23
6. «Парвоз» 17 4 6 7 14-29 18
7. «Вахш» 17 4 4 9 11-16 16
8. «Энергетик» 17 4 4 9 13-22 16
9. ССКА «Помир» 17 2 4 11 10-26 10
10. «Истаравшан» 17 1 2 14 12-42 5

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни Сӯҳробӣ (“Хайр” / ”Истиқлол”) – 11 тӯб, Дилшод Восиев (“Истиқлол”) – 10 тӯб, Ҳасан Рустамов (“Равшан”) ва Александр Кудряшов (“Истиқлол”) – 7-тӯбӣ, Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) – 6 тӯб, Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”) ва Соломон Течи («Равшан») – 5-тӯбӣ.
XS
SM
MD
LG