Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи қонун дар бораи забонҳо ҷомеаи Украинаро ба ду тақсим кард


Дар маркази Киев дар канори “Хонаи Украина” ахиран бархӯрди нерӯҳои зудамали милиса бо мухолифини тарҳи қонун сурат гирифт.

Ҳарду ҷониб аз гази ашковар истифода кардаанд. Вазорати умури дохилии Украина хабар дод, ки даҳ узви гурӯҳи зудамали “Беркут”, ки дар парокандасозии эътирозгарон ширкат доштанд, бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд.

Бар пояи тарҳи қонуни забонҳо, мақомоти вилоятҳо метавонанд аз забоне истифода кунанд, ки ҳадди аққал даҳ дар сади сокинон бо он гуфтугӯ мекунанд. Яъне аз 27 вилояти Украина дар 13 вилоят забони русӣ дар баробари забони украинӣ мақоми расмиро касб хоҳад кард.


Гап асосан сари пойтахт - Киев ва вилоятҳои шарқиву ҷанубӣ аст, ки дар онҳо теъдоди русзабонҳо хеле зиёд аст. Мухолифин мегӯянд, ки Ҳизби манотиқи раисиҷумҳур Виктор Янукович мехоҳад таҳкурсиро барои расмӣ кардани забони русӣ дар Украина омода кунад.

Рӯзи чоршанбе раиси парлумони Украина Владимир Литвин ба нишони норозигӣ аз қабули тарҳи қонун истеъфо дод. Ба гуфтаи ӯ, ин тарҳ ҳанӯз барои баррасӣ омода набуд. Раиси Верховная Рада аз он ҳам нороҳат аст, ки раъйдиҳӣ дар ғайби ӯ сурат гирифтааст. Муовини раиси парлумон Николай Томенко аз эътилофи Юлия Тимошенко ҳам эълом дошт, ки ба нишони эътироз ба истеъфо меравад.

Дар як сӯҳбат бо хабарнигори бахши украинии Радиои Озодӣ Димитро Шурхало, ки ин мавзӯъро пайгирӣ мекунад, дар бораи то куҷо воқеият доштани хабари густариши нооромиҳо ба дигар шаҳрҳои Украина, аз ҷумла, дар Харкову Лвов, суол кардем.Ӯ гуфт:


- Намоишҳои пуриздиҳом алҳол дар Киев идома дорад ва он чиро, ки дар манотиқ мегузарад, наметавон нооромӣ номид, дар он ҷоҳо фақат эътирозҳо баргузор шудаанд. Бархӯрдҳо миёни эътирозгарон ва кормандони милиса то ҳол фақат дар Киев сурат гирифтанд.

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, эътилофи ҳукмрон дар парлумон бо сарварии Ҳизби манотиқ хост тарҳи қонун дар бораи сиёсати забонро бидуни сару садо ва ташаннуҷ қабул кунанд, аммо муваффақ нашуд, зеро ин тарҳ аз аввал боиси низоъ шуда буд. Ҳаводиси имрӯз собит кард, ки мақомот низоъро ҷилавгирӣ карда натавонистанд.

Димитро Шурхало мегӯяд, ки баъд аз истеъфои Виктор Литвин, раиси парлумон Украина гирифтори бӯҳрони парлумонӣ шудааст. Ӯ меафзояд, ки “эълони истеъфо аз пазируфта шудани он аз сӯи парлумон хеле осонтар аст, зеро дар қонун дар бораи интихоботи раиси парлумон гуфта шудааст, ки дар раъйдиҳӣ оид ба қабули истеъфо бояд аз се ду ҳиссаи вакилон ширкат кунанд, яъне 300 вакили парлумон бояд варақаи раъйдиҳӣ бигиранд, ки ғайримумкин ба назар мерасад.

Ва ҳоло Верховная Рада дар ҳолати муаллақ қарор дорад. Раисиҷумҳур мегӯяд, ки барои ислоҳи вазъ бояд интихоботи қабл аз вақт баргузор шавад, аммо мушкил он аст, ки Янукович ислоҳоти Қонуни асосии соли 2004-ро бекор ва Қонуни асосии аз он пешро фаъол кард, ки бар асоси он раисиҷумҳур ҳаққи пароканда кардани парлумонро надорад. Аз ин рӯ вазъ хеле печида аст ва зимнан, мухолифини ҳукумат метавонанд, бидуни шак, пирӯзии муқаддамотии худро ҷашн бигиранд”.

Димитро Шурхало дар идомаи сӯҳбат гуфт, ки тарҳи қонуни забонҳо ҳанӯз аз сӯи раиси парлумон имзо нашудааст ва атрофиёни Владимир Литвин гуфтаанд, ки ӯ ин тарҳро имзо карданӣ нест. Бар пояи қавонини Украина, бидуни имзои раиси парлумон раисиҷумҳур наметавонад зери қонун имзои худро гузорад.
XS
SM
MD
LG