Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар пайи таркиши як маргталаб дар боғи “Гулшани Иқбол” дар Покистон ба камияш 65 нафар кушта ва беш аз 200 нафар захмӣ шудаанд. Масъулияти ин ҳамларо “Ҷамоати Аҳрор” ба зимма гирифтааст.

Дар шаҳри Лоҳури Покистон дар як таркиш, ки рӯзи якшанбе рух дод, аксаран занону кӯдакон қурбон шудаанд. Ин таркишро як маргталаб анҷом дода, масъулияташро созмони “Ҷамоати Аҳрор” ба зимма гирифтааст.

Бар асоси иттилои охирин, дар пайи ин таркиш ба камияш 65 нафар кушта ва бештар аз 200 тани дигар захмӣ шудаанд. Таркиш дар ҳудуди боғи “Гулшани Иқбол”, дар наздикии майдони бозии кӯдакон рух додааст.

Дар лаҳзаи таркиш боғ серодам будааст. Ба ҷуз ин, рӯзи якшанбе масеҳиёни Покистон "Иди пок"-ро дар он боғ таҷлил мекарданд. Гурӯҳи тундгарои "Ҷамоати Аҳрор", ки ҷузъе аз толибони Покистон буда, масъулияти ин таркишро бар ӯҳда гирифтааст, гуфта, ки онҳо масеҳиёни Покистонро ҳадаф доштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG