Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон - дар ҷустуҷӯи сарвазир ва ҳукумати нав


Жанторо Сотиболдиев дар иди Рамазон.

Жанторо Сотиболдиев дар иди Рамазон.

Аз ҳайати эътилофи ҳоким хориҷ шудани ҳизби Ота-Макон Қирғизистонро дар рӯбарӯи зарурати ташкили ҳукумати нав қарор медиҳад.

Алмосбек Атамбоев - раиси ҷумҳури Қирғизистон ба ҳизби сотсиал-демократ дастур додааст, ки эътилофи нави порлумонӣ ташкил диҳад.

Ин эътилоф бояд то 11 апрел ташкил шуда, бо ҷалби ҳизбҳои дигар аксариятро дар Ҷогорку Кенеш ба даст биорад ва номзади нахуствазири ояндаро барои баррасӣ пешниҳод намояд. Эътилофи пешини порлумонӣ ду рӯз қабл фаъолияти худро қатъ кард, зеро ҳизби “Ата-Макон” аз он хориҷ шуд ва ба далели мухолифаташ ба шахси сарвазир - Жанторо Сотиболдиев - дигар нахост бо кобинаи кунунии вазирон ҳамкорӣ кунад.

Ҳукумати Сотиболдиев, ки ба сӯъиистифода аз мақом дар ҷараёни бозсозии шаҳрҳҳои Ӯшу Ҷалолобод дар пайи даригирҳои хунини қавмии 4 соли пеш айбдор мешавад, то замони ташкили эътилоф ва кобинаи нави вазирон ҳамчунон ба иҷрои вазифаҳояш идома хоҳад дод, вале зоҳиран танҳо то 11 апрел. Сотиболдиев аз 6 сентябри соли 2012, тайи тақрибан якуним сол раҳбарии ҳукумати Қирғизистонро бар ӯҳда дошт.

Омурбек Текебоев

Омурбек Текебоев

Дар мусоҳибае аз бо Омурбек Текебоев - раиси ҳизби “Ата-Макон” пурсидем, сабаби аз эътилофи ҳоким хориҷ шудани ҳизбаш чӣ буд? Шояд тавофуқоте, ки дар ҷараёни ташкили ҳукумат ба даст омада буд, иҷро нашуд ё сабаби дигар вуҷуд дорад?

Текебоев: Дар бораи хориҷ шудан аз эътилоф мо гуфтем, ки нахуствазир дигар ҳақи маънавиву сиёсӣ надорад, ки дар ин мақом бимонад. Мо бар ин ақидаем, ки эътибори нахуствазир Ҷанторо Сотиболдиев бояд олуда набошад ва ҳадди ақал ба боварии аксари аҳолӣ сазовор бошад. Мо ба ҳампаймонҳои худ гуфта будем, ки мо омодаем аз эътилоф хориҷ шавем.

Озодӣ: Шумо дар бораи эътибори нахуствазир сӯҳбат кардед. Дар ин робита шумо чиро дар назар доред?

Текебоев:
Ӯ дар давраи раҳбариаш дар раёсати давлатии барқарорсозии шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолобод ба иштибоҳҳои ҷиддӣ роҳ дод ва кумиссиюни порлумон дар ин бора хабар дод ва қарори порлумон дар ин бора ба тасвиб расид. Бо гузашти ду моҳ то ҳол вай натавонистааст дар ин бора худро сафед кунад. Ҳатто талош накард, ки ин иттиҳомотро рад кунад. Ва мо зарур донистем, ки бархӯрди худро ба чунин рафтори вай аз ин роҳ нишон диҳем.

Озодӣ: Ҳизби сотсиал-демократи раисиҷумҳур дар бораи ташкили эътилофи нав бо ҳизбҳои сисёсии порлумонӣ музокираро оғоз кардааст. Фикр мекунед, ки ташкили эътилофи нав ба онҳо муяссар хоҳад шуд?

Текебоев:
Ман фикр мекунам, ки дар мӯҳлати пешбиникардаи Қонуни асосӣ имкони ташкили эътилофи нав ва ҳукумати нав вуҷуд дорад.

Озодӣ: Оё ҳизби шумо ҳам барои ташкили эътилофи худатон бо ҳизбҳои дигар музокираро оғоз кардааст?

Текебоев:
Ба сабаби он ки танҳо ҳамин рӯз барои музокира дар бораи ташкили ҳукумати нав фармон содир шуд, мо ҳоло музокиротро оғоз накардаем.

Озодӣ: Шумо яке аз раҳбарони муътабари сиёсии Қирғизистон ҳастед. Дидгоҳи ҳизби шумо дар робита бо ҳали бӯҳрон дар муносиботи кунунии миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон чӣ гуна аст? Шояд назари ҳизби шумо роҷеъ ба ҳали бӯҳрон аз дидгоҳи ҳукумати кунунӣ фарқ мекунад?

Текебоев:
Муносибати мо ҳамеша муносиботи ҳусни ҳамҷаворӣ буд. Дар минтақа мо манофеи зиёди муштарак дорем. Тоҷикистону Қирғизистон ҳамеша дар масъалаҳои муҳим аз якдигар ҳимоят кардаанд. Имрӯз роҷеъ ба баъзе қитъаҳои марзӣ нофаҳмӣ ба вуҷуд омадааст. Ман фикр мекунам, ки онҳо қобили ҳалланд ва раҳбарони мо бояд барои ҳалли ҳар чӣ зудтари ин мушкилот талоши ҳадди аксари худро кунанд. Ман фикр мекунам, ки ин мушкилиҳо ҳалшавандаанд. Фақат майлу иродаи сиёсӣ зарур аст.
XS
SM
MD
LG