Пайвандҳои дастрасӣ

Муфтии мусулмонони Қирғизистон Ҳоҷӣ Раҳматуллоҳ Эгамбердиев дар авҷи як моҷарои марбут ба видеои ҳамхобагӣ бо зани ҷавоне истеъфои худро эълом дошт.

Муфтии, акнун собиқи, мусулмонони Қирғизистон Ҳоҷӣ Раҳматуллоҳ Эгамбердиев ду ҳафтаи охир талош дошт, арзи худро ба раисиҷумҳур Алмосбек Атамбоев расонад, вале, зоҳиран, аз ҷониби ӯ пазируфта нашуд ва рӯзи 7-уми январ бо хоҳиши худ аз мақомаш даст кашид.

Як рӯз пеш аз ин ариза вай дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Бахши қирғизии Радиои Озодӣ номи афродеро ба забон овард, ки бо нашри як видео ӯро беобрӯ карданд ва ҳадафашон , ба гуфтаи ӯ, ин буд, ки раисиҷумҳур муфтиро аз мақомаш сабукдӯш намояд. Вай дар навбати аввал аз раиси Кумиссияи давлатии умури дин Абдулатиф Ҷумъабоев ном бурд. “Ин шахс муддатест, ба ман фишор меовард, то масъалаи ташкили сафари ҳаҷро зери назорат гирад,” – мегӯяд муфтии мусулмонони Қирғизистон Ҳоҷӣ Раҳматуллоҳ Эгамбердиев ва илова мекунад, ки то имрӯз ба хотири суботу оромӣ нахостааст, “бозиҳои пасипардагӣ”-и мансабдорони давлатиро фош кунад.



Дар ин мусоҳибаи ихтисосӣ муфтӣ Эгамбердиев гуфт, видеои шармсоркунандаи ӯро раиси Кумиссияи давлатии умури дин Абдулатиф Ҷумъабоев созмон дода ва дар интернет нашр кардааст. Вай афзуд, Ҷумъабоев чандин бор аз ӯ хостааст, ташкили бахше аз сафари ҳаҷро ба зиммааш гузорад, вале посухи рад гирифтааст. Ба ақидаи муфтӣ, мақомоти давлатӣ бар инанд, ки муфтиёт ҳар сол 5-6 миллион доллари ҳаҷро пинҳон медорад. Муфтӣ мегӯяд, вай ташкили ин сафарро ба гунаи шаффоф танзим кард ва ҳар сол барои он 9 миллион доллар сарф шуда, аз он 500 000 долларро муфтиёт мегирад.

Ташкили сафари зоирони Каъба, ки яке аз фароизи Исломӣ буда, ҳар мусулмони қодир бояд як бор дар умраш онро анҷом диҳад, дар Қирғизистон ба таври комил дар ихтиёри Муфтиёти ин кишвар аст ва муфтиро Шӯрои уламои кишвар иборат аз 35 рӯҳонии бонуфуз интихоб мекунанд.

Ба ақидаи Ҳоҷӣ Раҳматуллоҳ Эгамбердиев, мушовири раисиҷумҳури Қирғизистон Абдушукур Норматов ва ноиби раиси дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ Икром Илмиёнов низ аз талошҳои Ҷумъабоев барои барканории муфтӣ ҳимоят кардаанд. Дар ин мусоҳиба, муфтӣ гуфт, Илмиёнов аз ӯ хостааст, ҳамаи сафари ҳаҷро бар зиммаи як ширкати ҳавонавардӣ вогузор кунад, аммо ин ширкат дар озмуни шаффофи муддаиён ҳузур надоштааст. “Онҳо муфтии собиқро низ барои итоат накарданаш ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашиданд ва барканор карданд.”

Бисёриҳо дар Қирғизистон бар инанд, ки Ҳоҷӣ Раҳматуллоҳ Эгамбердиеви 36-сола маҳз зимни нашри видеои мазкур истеъфо дод. Ин дар ҳолест, ки вай моҳи декабри соли 2012 муфтӣ интихоб шуд ва чаҳорумин муфтӣ дар се соли охир буд. Дар зимн, ягон муфтии Қирғизистон натавонистааст, муҳлати панҷсолаи кори худро ба поён расонад. Эгамбердиев мегӯяд, замонате нест, ки айни ҳол бо муфтии нав иттифоқ афтад.

Ҳама бар инанд, ки марди урён дар видео муфтӣ Ҳоҷӣ Раҳматуллоҳ Эгамбердиев аст. Аммо дар бораи зани ҷавоне, ки зери ӯ хобидаву аз тахтапушташ медорад, баҳсҳо гуногунанд. Бархе ӯро “секс бомба”-е меноманд, ки тавонистааст, бо истифода аз тилисму ҷодуи занона раҳбари мусулмонони Қирғизистонро ба наздикии шаҳвонӣ мойил намояд. Вале худи муфтӣ баъд аз чанд рӯзи пахш шудани видео гуфт, ин зан чаҳор сол боз ҳамсари ӯст. Барои тасдиқи ин ақида дар интернет наворе пайдо шуд, ки дар он марду зани пире мегӯянд, зан духтари онҳост ва аз никоҳ бо муфтӣ як кӯдак дорад. Ба ин тартиб, муфтӣ иқрор кард, ки ду зан дорад ва дар Қирғизистон бисёрзанӣ манъ аст.

Бо вуҷуди он ки муфтӣ расман эълом дошт, ки “дар пешгоҳи Худованд поку бегуноҳ аст”, рӯзи душанбеи 6-уми январ издиҳоме дар назди муфтиёт тазоҳурот ва истеъфои муфтиро талаб кард.

Пахши видеоҳои сексӣ дар Қирғизистон чизи наве нест. Навори монанде дар соли 2008 дар интернет пахш шуд, ки дар он раҳбари ҳизби “Ота-Макон” Омурбек Текебоев бо зани ҷавоне дида мешуд. Он дар маъракаи интихоботи порлумонии соли 2010-и Қирғизистон дубора нашр шуд.

Дар ҳоле ки муфтӣ мақсади нашри видеоро талоши барканории ӯ аз мақомаш меномад, намояндаи президенти Қирғизистон дар порлумони ин кишвар Орозбек Молдалиев мегӯяд, мушкил дар ахлоқи рӯҳониён аст, ки бо расидан ба мақом дар пайи пулҷамъкунӣ мешаванд ва “аз худ мераванд.” Вай меафзояд: “Тамоми ин насли муллоҳо омӯзиши ҳамсони динӣ дида ва ҳамаашон муфтӣ шудан мехоҳанд. Ва ҳаҷ яке аз манбаъҳои асосии даромад аст. Дар он мешавад чизе миёни 4 то 6 миллион доллар пули муфт ба даст овард.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG