Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Банд мондани 11 мошин бори Тоҷикистон дар Қирғизистон


Хадамоти гумруки Қирғизистон 11 КамАЗ-и молу колои шаҳрвандони Тоҷикистонро аз 5 рӯз ба ин сӯ иҷозаи убур намедиҳанд.

Бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон шикоят доранд, ки аз панҷ рӯз ба ин тараф дар Хадамоти гумруки Қирғизистон ба 11 КамАЗ бори онҳо иҷозаи убур намедиҳанд. Дилшод Қаюмов, яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи 11 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ва ҳудуди 20 нафари дигарро гумрукчиёни қирғиз дар терминали шаҳри Талас бидуни ҳеҷ сабабе нигоҳ медоранд:

“Ҳоло дар бинои гумрук ҳастем. Барои роҳбаладии гумрукчиён сари ҳар мошин 5 ҳазору чорсад соми қирғизӣ, ҳудуди 100 доллари амрикоӣ супоридем. Ҳаққи таваққуфгоҳ барои як шабонарӯз сари ҳар мошин 700 рубли русӣ, ҳудуди 15 доллар супоридем. Гумрукчиён барои ҳар як мошин 1 ҳазору панҷсад рубли русӣ (ҳудуди 30 доллар) ҳаққи экология додем. Ҳар як одам 250 рубли русӣ (5 доллар) барои тарозу кашидан супоридем. Агар дар байни 48 соат аз Қирғизистон набароем, боз хароҷот мешавад.”

Ба қавли Дилшод Қаюмов, ҳаққи роҳбаладии 48 соатаи гумрукчиёнро онҳо пардохт кардааанд, агар мӯҳлат тамом шавад, онҳоро зарур аст, ки боз сари ҳар соат 100 рублии дигар пардохт намоянд. Вай мегӯяд, КамАЗ – ҳои онҳо ҳомили бори тиҷоратӣ нест, балки молу амволи куҳна аст, ки муҳоҷирини меҳнатӣ аз Русия харида, ба хонаҳояшон фиристодаанд. Дилшод Қаюмов мегӯяд, харҷи ҳамсафарии кормандони гумрук ва маблағи бозгашти онҳо ба Таласро ҳам ронандагон пардохт хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, Шамил Бердалиев, сарвари Хадамоти гумруки вилояти Таласи Қирғизистон ба Радиои Озодӣ таъйид кард, ки шаҳрвандони Тоҷикистон воқеан аз ин гумрук гузашта, ба дохили кишвар рафтаанд. Вай афзуд, ҳанӯз то зуҳр ҳуҷҷатҳои онҳоро имзо карда, иҷозаи убурро додааст ва ду корманди гумрук низ муваззаф шудаанд, ки онҳоро то марзи Тоҷикистону Қирғизистон баранд.

Аммо бадоҳатан пас аз суҳбат бо сарвари Хадамоти гумруки вилояти Таласи Қирғизистон, Дилшод Қаюмов ба Радиои “Озодӣ” гуфт, ки ҳанӯз дар бинои хадамоти гумрук ҳастанд ва аз ҷой такон нахӯрдаанд. Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ба “Озодӣ” гуфт, ки як нафарро барои пайгирии ин қазия масъул кардаанд ва ӯ дар ҳоли ҳозир дар Хадамоти гумруки Қирғизистон қарор дорад.

Яке аз ҳамсуҳбатони мо дар шарҳи вазъи худу ҳамраҳонаш мегӯяд, бори аввал аз Қирғизистон убур мекунад ва ба чунин хулоса расидааст, ки мақомоти масъул ҳар кас “шоҳу табъаш вазир” аст ва чӣ коре хоҳанд мекунанд. Тоҷикистону Қирғизистон узви Иттиҳод давлатҳои муштаракулманофеъ ҳастанд ва дар убуру мурури шаҳрвандонашон дар қаламрави якдигар маҳдудият надоранд.

XS
SM
MD
LG