Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қирғизистон ҳукуматро пароканда кард


Рӯзи 24 август Алмосбек Отамбоев қарори истеъфои ҳукумати Омурбек Бабановро имзо кард.

Дар қарори президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев таъкид мешавад, ки бо сабаби пош хӯрдани эътилофи ҳоким, ки бар пояи тааҳҳудоти фирқаҳои парлумонии ҳизбии сотсиал-демократ, «Ору номус», «Республика» ва «Ота Макон» ҳосил шуда буд, ҳукумати зери раҳбарии Омурбек Бабанов пароканда мешавад. Вазирони амалкунанда то замони интихоб шудани ҳукумати нав ба ҳайси «иҷрокунандаи вазифа» дар курсиҳои худ боқӣ мемонанд.


Аз рӯи иттилои Дониёр Норимбоев, намояндаи ваколатдори президент дар Жогоргу Кенеш, маъмулан дар сурати пош хӯрдани эътилофи ҳоким, президент бояд ба яке аз фирқаҳои парлумон ваколати ташкили эътилофи навро бидиҳад. Дар сарқонуни Қирғизистон гуфта мешавад, ки эътилоф бояд дар давоми 15 рӯз баъди пароканда шудани ҳукумат таъсис ёбад. Ба гуфтаи Норимбоев, «фурсат хеле танг аст» ва ба зудтарин фурсат бояд номзади курсии нахуствазирӣ маълум шуда, ӯ, дар навбати худ, ӯ дар давоми 15 рӯз бояд ҳайати нави ҳукуматро пешниҳод кунад. Президент бояд дар мӯҳлати се рӯзи дигар ваколати нахуствазирро пешниҳод кунад.

Аз рӯи гуфтаи баъзе таҳлилгарон, масъалаи аслӣ ҳоло ин аст, ки номзади шоиста ва ё қобили арзёбии наве ба мансаби нахуствазири ин кишвар феълан ба назар намерасад. Марс Сариев, як таҳлилгари сиёсӣ мегӯяд, ки Бабанов, ба унвони як сиёсатмадори ҷавон, раҳбарони насли наверо муаррифӣ мекард, ки дар муқобили лидерони кӯҳна қарор гирифта буда ва ин таҳаввулот наметавонад «нишонаи мусбат бошад».

Масъала ин аст, ки моҳҳои охир исми чанде аз раҳбарони эътилофи ҳоким бо ҷанҷолҳои марбут ба порагириву фасод олуда шуд. Намунаи рӯшантаринаш моҷарои марбут ба ҳодисаи ришвахории эҳтимолии Омурбек Бабанов, нахуствазири ин кишвар будааст, ки гӯё аз як соҳибкори турк аспи англисии нодиреро тӯҳфа гирифтааст. Дафъатан баъди сар задани ин моҷаро аз ҷониби аъзои ҳизби сотсиалистии «Ота Макон» Бабанов иттиҳомотро рад кард ва гуфт, ки аспро бо пули худ харидааст.
XS
SM
MD
LG