Пайвандҳои дастрасӣ

Баъди чаҳор рӯзи интихоботи парлумонии Қирғизистон ба комиссиюни марказии интихоботи ин кишвар танҳо 12 шикоят аз ҷараёни раъйдиҳӣ расидааст.

Баъди чаҳор рӯзи интихоботи парлумонии Қирғизистон ба комиссиюни марказии интихоботи ин кишвар танҳо 12 шикоят аз ҷараёни раъйдиҳӣ расидааст. Ба гуфтаи мақомот, ин рақам хеле ночиз дар муқоиса бо интихоботи гузаштаи кишвар мебошад. Сабаби аслии кам будани шикояту даъвоҳо дар истифодаи методҳои нави овоздиҳӣ аз роҳи ироаи маълумоти биометрӣ ва истифодаи қуттиҳои бастаи электронӣ будааст. Ҳоло масъулин мегӯянд, ки ба шарофати ҳамин фанновариҳои нав, пеши роҳи тақаллуб, овоздиҳии такрорӣ ва ҳама гуна каҷравиҳо ба ҳангоми раъйдиҳӣ гирифта шуд.

Гуляим Ашакеева, сардабири бахши қирғизии радиои Озодӣ, ки интихоботи парлумонии кишварро пайгирӣ кардааст, мегӯяд, маълумоти биометрӣ як "кашфиёти" маъракаи имсола шуд ва ҳоло аксар ҳизбҳои ширкатдори интихобот эътироф мекунанд, ки ба хотири ҳамин навоварӣ ба шаффофияти овоздиҳӣ мешавад эътимод кард. Бартарии имсола дар роҳандозии системаи биометрии тасдиқи ҳуввияти райъдиҳанда ва истифода аз қуттиҳои шаффофи электронии овоздиҳӣ будааст. Журналист гуфт, вақте овоздиҳӣ ба анҷом расид, соати 8 бегоҳи рӯзи 4

қутии раъйдиҳии электронӣ

қутии раъйдиҳии электронӣ

октябр ҳар як қуттӣ, мисле, ки дар фурӯшгоҳ компютер рисит ё чек медиҳад, ҳамингуна як гузориши хаттие ироа кард, ки дар он дар бораи шумори варақаҳои раъйдиҳӣ, теъдоди нафарони овоздода ва миқдори варақаҳои корношоям пешкаш шуд.

Ҳамин маълумоти электронӣ дафъатан тавассути телефони мобил ба Комиссиюни марказии интихоботҳо ироа гардид. Ҳамаи қуттиҳои раъйдиҳӣ, ки шаффофу шишаӣ буданд, системаи электронӣ иҷозат намедод, ки дохили қуттиҳо пеш аз мӯҳлат боз ва ё ба касе дастрас шавад. Онҳо дар маркази таваҷҷӯҳи толори раъйдиҳӣ гузошта шуда, зери парда ё чизи дигаре пинҳон набуданд. Таҷрибаи нави дигаре, ки дар интихоботи имсолаи Қирғизистон ба кор бурда шуд, маълумоти биометрии раъйдиҳандагон буд. Шаҳрвандони қобили ҳақи раъй қабл аз интихобот изи ангуштон ва акси худро ба мақомот барои сабт пешкаш карда, рӯзи интихобот барои овоздиҳӣ омаданд.

Баробари ворид шудан ба нуқтаи раъдиҳӣ дар компютер онҳо исми худро ворид мекарданд ва мутобиқи ҳамин маълумот ҳақи додани овоз ва эътимод ба овоздиҳиро ба даст меоварданд. Агар ҳамин васила яке аз муваффақиятҳои ҷиддии интихоботи ахири Қирғизистон бошад, боз ҳам ҳамин василаи фаннӣ боиси роҳ ёфтани баъзе камбудиҳо шудааст. Масъулини комиссиюни интихоботӣ эътироф кардаанд, ки бо сабаби дар муҳоҷират будани афроди зиёди қобили раъй, онҳо натавонистанд сари вақт барои сабти маълумоти биометрии худ пеш аз интихобот муроҷиат кунанд ва дар рӯзи интихобот ҳам бо ҳамин сабаб, натавонистанд овоз диҳанд. Вале дар маҷмӯъ, мегӯянд нозирон, ба хотири ду навоварии қавие, ки пеши роҳи тақаллубу муомила бо овози раъйдиҳандагонро гирифтааст, ҳоло дар дурустии натиҷаҳои интихобот кам касе шубҳа дорад.

Баъди 1 соати анҷоми овоздиҳӣ, масъулон ва журналистону нозирон гуфтаанд, ки натиҷаҳои аввалияи интихоботро медонистанд. Коршиносон мегӯянд, дар гузашта адами эътимод ба натиҷаҳои интихоботӣ боиси эътирозҳо, раҳпаймоиҳои эътирозӣ ва нооромиҳо дар кишвар шудааст. Дар ҳоле, ки натиҷаҳои ниҳоӣ ва расмии интихобот қарор аст баъди 20 рӯзи интихобот пахш шавад, ҳизбҳои ба парлумон роҳёфта дар фикри тақсими курсиҳо ҳастанд. Аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳӣ, ҳизби ҳокими Сотсиал-демократ 37 курсӣ, «Республика-Ата-Журт» - 28 курсӣ, «Қирғизистон» – 18 ҷой, «Онугуу-Прогресс» - 13 ҷой, «Бир бол» – 12 ва «Ота Макон» 11 курсиро аз худ кардаанд. Парлумони Қирғизистон аз 120 курсӣ иборат аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG