Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон шаҳрвандони Қирғизистонро дар ҳодисаи марзӣ муттаҳам кард


Мақомоти марзбонии Тоҷикистон бо пахши изҳороте масъулияти ҳодисаи рӯзи 11 сентябр дар марз бо Қирғизистонро ба дӯши ду шаҳрванди ин кишвар вогузор карданд.

Мақомоти ин ниҳод масъулияти ҳодисаи рӯзи 11 сентябр дар марз бо Қирғизистонро ба дӯши ду шаҳрванди ин кишвар вогузор карданд. Маркази матбуоти Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар як вокунише ба хабари дар радиои Озодӣ нашршуда мегӯяд, ҳодисаи рӯзи 11 сентябр онгуна нест, ки аз ҷониби марзбонони қирғиз пахш шудааст. Дар изҳороти ин ниҳод рӯзи 16 сентябр тафсилоти моҷарои марзӣ бо ширкати ду шаҳрванди Қирғизистон чунин тасвир шудааст:

“Бо маслиҳати пешакӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистони минтақаи “Овчиқалъача” 11 сентябри соли равон соати 19:30 дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадӣ аз тарафи наряди сарҳадӣ ҳангоми адои хизмат аз самти Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тахминан ба 50-100 метр ғайриқонунӣ 2 адад автомашинаи «Дулан»-и бензовоз ворид мешаванд, ки ба амри сарбозон «ИСТ!» мошини якум итоат накарда, мехост сарҳадбонони тоҷикро пахш кунад, лекин тахминан 200 метр дуртар боздошт карда шуда, ба тафтиши ҳуҷҷатҳову дохили мошин оғоз мекунанд. Ронандаи мошини дуюм - шаҳрванди Қирғизистон - ҳангоми боздошт ба сарҳадбонони тоҷик зиддият ва муқовимат нишон дода, кӯшиши ба даст овардани яроқро мекунад.

Сарбози дигар як тир ба ҳаво холӣ мекунад, ки пас аз ин ронанда мехоҳад бо автомашинааш ба самти Ҷумҳурии Қирғизистон гурезад, аз тарафи наряди сарҳадӣ як тири дигар зада, ронандаро аз пояш захмдор мекунад, ки ҷароҳат на он қадар вазнин мебошад. Аз тарафи шахсони номаълум мошини дуюм бо ҳарду ронанда ба Ҷумҳурии Қирғизистон гурезонида шудаанд, мошини якум тақрибан бо 50 тонна маводи сӯзишворӣ бо тартиби ҳуҷҷатҳои аввалиндараҷаи лозима ба вазоратҳои дахлдор ва як нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир шуда, ба шӯбаи ВКД ноҳияи Ҷаббор Расулов супорида шуданд.

Ҳамзамон дар вақти рух додани ҳодисаҳои дар боло зикр гардида, сарҳадбонони Қирғиз аз рафти ин муноқишаҳо тамошо карда истода, оиди ғайриқонунӣ вайрон намудани хатти сарҳади давлатии ду кишвар ягон чораҷӯӣ намекунанд. 12 сентябри соли равон соати 08:00 дар ҷои ҳодиса оиди ҳалли ин масъала вохӯрии намояндагони сарҳадӣ гузаронида шуд, аз тарафи сарҳадбонони қирғиз оиди нодуруст рафтор намудани сарҳадбони тоҷик ягон намуд далел пешниҳод нашудааст, айни замон тафтишот идома дорад”.

Шарҳи маркази матбуоти марзбонони тоҷик дар ҳоле нашр мешавад, ки дар изҳороти қаблии ҷониби Қирғизистон дар хабари мухтасаре сарҳадбонони тоҷикро барои “бегуноҳ ярадор” кардани шаҳрванди кишвари худ гунаҳгор карданд. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз нисф зиёдаш аломатгузорӣ нашудааст, ҳар сари чанд моҷароҳое барои дастрасӣ ба обу замин ва чарогоҳҳо бармехезад. Дар соли гузашта дар чандин чунин ихтилофҳо ҳадди аққал 4 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд ва даҳҳо нафар аз ҳарду тараф маҷрӯҳ гардиданд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG