Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Қирғизистон қонуне ба ҳукми иҷро даромад, ки бар пояи он шаҳрвандон барои ҳимоят аз ҷону молашон метавонанд из силоҳи оташфишон истифода кунанд.

Иҷозати истифодаи силоҳ барои ҳимоят аз ҷону мол дар Қирғизистонро таҳлилгарони масоили минтақа дар Тоҷикистон манфӣ қабул карданд. Ба ақидаи онҳо, “мусаллаҳсозӣ”-и мардум таҳти ҳар шиоре ки сурат бигирад, дар манотиқи ҳассосе, чун минтақаҳои баҳсбарангез ва то ҳол ташхисношудаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар сурати пеш омадани ташаннуҷ метавонад нақши рӯған ба хирмани оташро бозӣ кунад.

Бобоҷон Икромов, таҳлилгари масоили минтақа мегӯяд: “Мардуми водии Фарғона, ки вилоятҳои Суғди Тоҷикистону Бодканди Қирғизистон ҳам бахши онанд, ҳанӯз барои истифодаи озодонаи силоҳ омода нестанд. Ин як минтақаи хеле ҳассосу осебпазирест, ки мушкилоти фаровоне, чун бекориву фақр аз гиребонаш гирифтааст

Бобоҷон Икромов

Бобоҷон Икромов

ва дар ин минтақа ҳар як ҳодисаи кӯчак метавонад сабаби сӯхтори бузург шавад. Дар чунин сурат вуҷуди силоҳи зиёд дар дасти мардуме, ки аз мушкилоти миёншикани зиндагӣ ба ҷон омадааст, хеле хатарнок аст.”

Аз 971 километр марзи мустақими Тоҷикистону Қирғизистон то ҳол тақрибан 465 километраш, аксаран дар марзи Суғду Бодканд ташхисношуда ва баҳсӣ боқӣ мемонад. Соли гузашта дар беш аз 30 таниши байни сокинон ва нирӯҳои интизомии ду тараф дар ин қисмати марз се шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла як афсари нирӯҳои марзбонӣ кушта ва аз ҳарду тараф ҳудуди 20 нафар захмӣ шуданд.

Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рӯзи 4 март тағйирот ба Кодекси ҷиноии ин кишварро тасвиб кард, ки тибқи он, шаҳрвандони ин кишвари Осиёи Марказӣ ҳақ пайдо мекунанд, дар сурати ҳамла ба манзилашон ба хотири ҳимоят аз ҷону моли худ аз силоҳ истифода баранд.

Тарҳи чунин тағйирот ба Кодекси ҷиноии Қирғизистон бо ибтикори вакилони Жогорку Кенеш – парлумони Қирғизистон – аз ҳизби “Ору номус” Феликс Қулов, Татяна Левина, Эристина Қӯчқорова, Игор Гусаров ва Конибек Усмоналиев таҳия ва тасвиб шуд. Онҳо мегӯянд, дар ҳоле ки молу мулки давлат ба қадри кофӣ таҳти ҳимоят қарор дорад, нисбат ба амнияти молу мулки мардуми оддӣ таваҷҷӯҳи чандоне зоҳир намешавад.

Феликс Қулов

Феликс Қулов

Феликс Қулов, генерали мустаъфӣ ва раҳбари фраксияи ҳизби “Ору номус” ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, акнун шаҳрвандон ҳақ пайдо карданд, ки ба хотири ҳимоят аз ҷон ва молу мулки шахсиашон даст ба силоҳ ба баранд: “Вақте ғоратгар бо ҳадафи дуздидани чизе вориди манзил мешавад ваё ин ҷинояткори таҷовузкорест, ки ба занону кӯдакон таҳдид мекунад, дар чунин вазъият одам нааметавонад даст рӯи даст бишинад. Ӯ бояд пайвандонашро, худашро ва молу мулкашро аз таҷовузи бегонагон ҳимоят кунад. Мо набояд ба касе ҳақ бидиҳем, ки дохили хонаи мо шуда, ҳар кореро, ки дилашон мехоҳад, бикунад. Агар 20 кас ҳамла кунанд, чӣ мешавад? Аз ин рӯ, агар ту силоҳ дошта бошӣ, бипаррон ва хонаатро ҳимоят кун. Бояд чунин бошад.”

Соҳибкори қирғиз Элвира Сураболдиева гуфт, ки манзили падари ӯ Жиргалбек Сураболдиев, ки 10 сол пеш вакили парлумон буд, баъд аз “инқилоби лолаҳо”-и соли 2005 ва суқати ҳукумати президенти вақти Қирғизистон Аскар Оқоев мавриди ҳамлаи ғоратгарон қарор гирифт. Вале ӯ натавонист муқовимат нишон дода, аз молу мулки худ дифоъ кунад.

Элвира Сураболдиева

Элвира Сураболдиева

Ин соҳибкор дар сӯҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт: “Ман он вақт 23 сол доштам ва ҳамроҳи волидонам зиндагӣ мекардам. Он рӯз дар хона танҳо будам, ки шом тақрибан 10 нафари силоҳбадаст вориди манзили мо шуданд. Падарамро мекофтанд, вале ба ман ҳам ҳамла карданд. Камони шикории падарам ба дастам афтод. Аммо намедонистам, ки агар онҳоро парронам, маро ба ҷавобгарӣ мекашанд ё на. Ба назари ман, акнун бо ҳукми иҷро гирифтани қонуни нав, ҷинояткорон дар андеша хоҳанд афтод. Чунки агар дар хона силоҳ бошад ва ҷинояткорон бидонанд, ки ба онҳо метавонанд муқовимат нишон диҳанд, онҳо пеш аз онки ҳамла кунанд, даҳ бор андеша хоҳанд кард.”

Дар худи Қирғизистон, аз ҷумла дар парлумони ин кишвар ҳам нафароне кам нестанд, ки бо тағйироти воридшуда ба Кодекси ҷиноӣ дар мавриди истифодаи силоҳ розӣ нестанд. Ба ақидаи онҳо, дар Қирғизистон, чун дар кишварҳои Ғарб, як фарҳанги муносиби истифодаи силоҳ шакл нагирифтааст ва иҷоза додани корбурди силоҳ метавонад мавриди сӯъиистифодаҳо низ қарор бигирад. Бахусус дар манотиқи низоъабарангезе, чун вилоятҳои Ӯшу Ҷалолобод ё манотиқи баҳссии марзи ин кишвар бо Тоҷикистону Узбакистон, ки бе ин ҳам аллакай даҳҳо бор саҳнаи даргириҳои мусаллаҳонаи қурбониовар шудаанд.

Тӯратбек Мадилбеков, вакили парлумони Қирғизистон мегӯяд, дар ин кишвар афроди зиёде, аз ҷумла шикорчиён, тоҷирон ва ҳатто бархе мансабдорон аллакай силоҳ доранд ва тарзи истифодаашро ҳам медонанд. Аммо бо ҳукми иҷро гирифтани тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ, ба гуфтаи оқои Мадилбеков, зарурате пеш меояд, ки кас ҳар бор маҳз ба хотири дифоъ аз худ кор бурдани силоҳашро собит кунад, ки кори осоне нест: “Мақомот бояд ҳангоми додани иҷозати гирифтани силоҳ назорати шадидро ба роҳ монанд ва тарзи истифодаи силоҳро ба мардум хуб фарҳмонда, вазъи равонии ҳар довталаби харидории силоҳро мӯшикофона бисанҷанд. Бубинед, агар як нафар дар ҳолати мастӣ ба сари касе силоҳ бардорад, чӣ мешавад? Ё агар касе дар сари қаҳр аҳли хонаводаи худашро тирборон кунад, чӣ мешавад? Ман аз ин метарсам. Бояд мавридҳои истифодаи силоҳро шадидан танзим кунанд ва танҳо баъд иҷоза бидиҳанд. Бояд хеле ва хеле бо эҳтиёт рафтор кард дар ин мавзӯъ.”

Тибқи моддаи 36-уми Кодекси ҷиноии Қирғизистон (дифои зарурӣ), шаҳрвандони ин кишвар иҷозат ба даст оварданд, ки барои ҳимояти молу мулки шахсиашон аз силоҳ истифода баранд, вале набояд аз ҳудуди дифои муҷоз (допустимая самооборона) бигзаранд. Барои мисол, агар дузд ё ғоратгар тавассути дарвоза ё тиреза вориди хонаи ӯ шавад, соҳиби хона бояд ибтидо вуҷуди силоҳ дар дасти ғоратгарро маълум кунад. Дар сурати осеб расондан ба ғоратгар ваё куштани вай, соҳиби хона бояд собит кунад, ки дар воқеъ таҳдид ба ҷонаш аз тарафи ҳамлагар вуҷуд дошт.

Ин дар ҳолест ки дар Қирғизистон дар мавридҳои фаровоне соҳибони хона дар пайи истифодаит силоҳ алайҳи ғоратгарон ба додгоҳ кашонда шуда ва ҳатто маҳкум ҳам шудаанд.

Дар шарҳи тағйироти ахир ба Кодекси ҷиноии Қирғизистон аз чунин як маврид ёд шудааст, ки рӯзи 8 октябри соли 2013 соати дуи шаб ғоратгар вориди манзиле дар маҳаллаи “Восток-5”-и шаҳри Бишкек мешавад. Аммо соҳиби хона бедор шуда, ҳангоми муқовимат чашми ғоратгарро шикоф мекунад. Аммо муфаттишони “дилсӯз” ғоратгарро, ки то ин ҳамла се бори дигар зиндонӣ шуда буд, ба “ҷабрдида” табдил дода, аз соҳиби хона, ки марди кӯҳансоле буд, “ҷинояткор” месозанд...

Зимнан дар Тоҷикистон низ, бахусус дар поёни солҳои 90, дар замони авҷи ҳукми “боевик”-ҳо пешниҳодҳое дар бораи таъмини мардум бо силоҳ ба хотири ҳимояти ҷону моли онҳо зиёд садо медод. Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон низ дар соли 2000 бо нашри як номаи саркушода аз ҳукумат хоста буданд, то ба аҳли матбуот барои ҳимояташон аз таҳдиду ҳамлаҳо иҷозаи гардондани силоҳ дода шавад.

Аммо мақомоти Тоҷикистон ин пешниҳодҳоро напазируфтанд ва гуфтанд, илоҷи кор пойин бурдани сатҳи ҷурму ҷиноёт дар кишвар аст, на “мусаллаҳсозӣ”-и тамоми мардум, ки ба ақидаи онҳо, дар ҳеҷ сурат ва ба вижа дар шароити кишварҳои ҷангзадае, чун Тоҷикистон, оқибати хубе надорад. Душанбе дар ниҳоят таҳдиди “боевик”-ҳоро, ки бо ҳамлаҳои мусаллаҳона ба манзилҳои мардуму ғорати молу мулк ва одамрабоиҳо ҳамаро ба дод оварда буданд, бо хунсо кардани онҳо ҳал кард.

Дар Тоҷикистон гардондани силоҳ танҳо ба афроди вижа, аз ҷумла маъмурони ниҳодҳои интизомиву амниятӣ, як қисми мансабдорон ва ба намояндагони касбу пешаҳои махсусе, чун шикорчиён, иҷозат дода мешавад. Вале барои ин довталаби силоҳ бояд аз ташхиси тиббӣ, аз ҷумла ташхиси ҳолати равониаш гузашта, яроқашро дар шӯъбаи умури дохилӣ сабти ном кунад ва ҳатман дар говсандуқ нигоҳ бидорад, ки ба ҷуз аз соҳиби иҷозатнома каси дигаре имкони истифодаашро надошта бошад.

Аммо дар солҳои охир дар дасти мардум дар Тоҷикистон туфангчаҳои травматикӣ ва камонҳои ба номи "ҳавоӣ" (Air Gun) зиёд шудаанд. Ин силоҳҳо марговар ҳисоб намешаванд ва барои гардондани онҳо ваё барои ворид карданаш аз хориҷ иҷозати махсус ҳанӯз лозим нест. Ҳарчанд, ба гуфтаи ҳолдонҳо, аз камони "ҳавоӣ" ё "воздушка" аз масофаи наздик одамро низ метавон кушт.

Коршиносони тоҷик мегӯянд, Қирғизистон низ бояд аз ҳамин таҷрибаи Тоҷикистон кор мегирифт, на аз роҳи “мусаллаҳсозӣ”-и мардум, ки ба ақидаи онҳо, роҳе хатарбор аст. Бахусус дар шароити ҳасосси минтақаи Осиёи Марказӣ, ки бе ин ҳам дар рӯи бушкаи борут хобидааст.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ Ойзода Қосималиева таҳия шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG