Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯз дар Кӯлоб: Бо чакану гулбаст ва зардӯзиҳо (ВИДЕО)


Таҷлили расмии ҷашни Наврӯз дар шаҳри Кӯлоб рӯзи 21 март дар маҷмааи «Амфитеатр»-и шаҳр баргузор мешавад, аммо расидани соли нави форсӣ аз ҳоло фурӯшоти наврӯзиро дар бозорҳои ин минтақа гарм кардааст.

Хайрулло Тоҳиров, раиси шӯъбаи фарҳанги минтақаи Кӯлоб рӯзи 17-уми март дар сӯҳат бо радиои Озодӣ гуфт, ки "рамзҳои асосии Наврӯзи Кӯлоб чакан аст ва дар канори сокинону меҳмонон, тамоми ҳунармандон ва иштирокчиёни саҳнаҳои ҷашни идона ин либосро ба бар мекунанд."

Ҷаноби Тоҳиров мегӯяд, "Кӯлоб ва ба хусус ҷашни Наврӯзро бе чакан тасаввур кардан нашояд. Зеро чакан зеби ҳар духтару зани кӯлобист ва дар тамоми хонаводаҳо пироҳани чакан ва чодару руймоли чаканро дидан мумкин аст. Дар ин баробар тоқиҳои гулдори чаканро бар сари мардон зебандааст. Ҳатто ҳунармандони мард низ аз пироҳанҳои чаканӣ истифода мекунанд."

Ин аст ки чакандузӣ дар Кӯлоб ҳамеша роиҷ будааст ва ҳунари занҳои чевар низ ҳамеша дар ин ҷашнҳо васеъ истифода мешавад.

Савронбӣ Ҳасанова, яке аз чеварони моҳир ва устоди ба вижа чакандӯзиву гулбасткорӣ миёни ҷавондухтарони Кӯлоб маҳсуб меёбад. Ҳамарӯза агар нафаре барои дарёфти либоси чакан ва гулбаст ба Савронбӣ муроҷиат кунанд, пас дигарон барои омӯхтани ин ҳунар назди ӯ меоянд.

Савронбӣ Ҳасанова мегӯяд ҳунари дӯзандагиро дар сини 15-солагӣ аз худ кардааст ва ҳатто баъди ба шавҳар баромаданаш ҳунари худро дар назди хушдоманаш сайқал додааст. Серхаридории маҳсули дасти худ ва сершогирдии ӯ дар риоя намудани ин ҳунар мебинад ва дар дӯхтани чакану гулбаст ва нақшофарини зиёдаравиӣ намекунад. Савронбӣ мегӯяд ӯ дар духтани либосҳои худ аз муди нав истифода намекунад ва низ шогирдонашро барои ин кор талқин намекунад. Ба гуфти Савронбӣ нақшофарини болои матоъ рамз ва фалсафаи хосе дорад барои занону духтарон ва сину соли онҳо.

Сафаргул Назарова мегӯяд, аслан ин ҳунари нақшофариниро занҳои хонанишин бештар аз худ мекунанд ва барои занҳои хонанишин ягона ҳунарест, ки метавонад барои пешбурди зиндагӣ кӯмак кунад. «Нақшофарини боли матоъ ва чакандӯзӣ метавонад моро соҳиби нони худ кунад». Сафаргул мегӯяд ин касб заҳмати зиёд талаб мекунад аз ин ҷост ки мо бештар ҷамъ мешавем сурудхонӣ мекунем сӯҳбат мекунем то хастигии хешро ҳис накунем. Сафаргул бовардорад, ки ин ҳунар аз байн намеравад зеро дар Кӯлоб ин ҳунар метавонад ӯ ва дигар занони бешуғлро соҳиби ризқи худ кунад.

Либосҳои гулбасте, ки хонум Савронбӣ бо шогирдонаш омода мекунад, ба ҷуз аз хона, инчунин, дар дӯкони ширкати «Чакан» дар маркази Кӯлоб ба фурӯш гузошта шудааст. Ин ширкат куртаҳои чакану гулбастро дар шаҳрҳои гуногуни кишвар ва хориҷ аз он ба фурӯш мегузорад.

Зариф Валиев, мудири ширкати «Чакан», мегӯяд, дар Кӯлоб барои муштариёни онҳо занони ботаҷрибаи чакандӯз либос медӯзанд, аммо гулбастҳои Савронбӣ, ки навъе аз чакананд, фарқкунанда аст: «Ин як санъати хос аст, ки ҳама гуна матоъро намешавад барои омода карданаш истифода кард. Ин ҳунарро ҳам ҳар кас наметавонад, ки анҷом диҳад, зеро сире дорад, ки онро танҳо дар хонаводаи хонум Савронбӣ медонанд.»

Зариф Валиев мегӯяд «имсол дар фестивали байналмиллалӣ ки дар Ҳиндустон баргузор гардидабуд аз ҳунари ин бонувон ба намоиш гузоштем, маълум шуд, ки барои занҳои ҳинду гулбаст хеле қобили қабул аст, зеро дар шароити гармӣ ин як либосе аст, ки баданро аз таъсири гармӣ нигаҳ медорад.»

Зимнан, Зариф Валиев, ки қаблан раёсати фарҳанги шаҳр ва минтақаи Кӯлобро бар душ дошт, дар чанд соли пеш ширкати истеҳсолиеро бо номи "Чакан" таъсис дод.

Тавлидоти ин ширкат на танҳо дар намоишгоҳҳои дохилии Тоҷикистон, балки берун аз он низ ба маърази тамомшо гузошта шуда ва ҳатто чоҳиби ҷоизаҳо низ гардидааст.

https://www.youtube.com/watch?v=-9O-mTskiLM

XS
SM
MD
LG