Пайвандҳои дастрасӣ

Сармои сахт паррандагонро бедон гузошт (ВИДЕО)


Идораи ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб аз ҳамаи сокинони ноҳияҳои ин минтақа хостааст, то дар ин рӯзҳои сарди зимистон аз шикори паррандагону ҳайвонот худдорӣ кунанд.

Ҳасан Амиров, сардори идораи хифзи мухити зисти минтақаи Кӯлоб дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "дар пайи ба якборагӣ сард шудани ҳаво бештари паррандагони даштӣ ва ҳайвоноти ваҳшӣ барои дарёфти ғизо ба деҳаҳои наздик сарозер мешаванд ва аз ин рӯ аз тамоми сокинон дар минтақа хостем, то вазъи феълиро ба назар гирифта, ба ҷойи шикори ин ҷонварон ба онҳо хӯрок диҳанд."

Ба таъкиди ҷаноби Ҳасанов, сардиву сербарфии имсола селаи кабку кабӯтарони кӯҳиро маҷбур кард, ки дар ҷустуҷӯи ғизо ба бому ҳавлии одамон фуруд оянд.

Ҳатто масъулони идораи ҳифзи муҳити зисти Кӯлоб тариқи шабакаҳои радио ва телевизиони минтақа сокинонро ба дӯст доштани табиат ва бахусус таъмини ҷонварон бо ғизо ва наҷот аз гуруснагӣ дар ин фасли сармо даъват мекунанд.

Рӯ ба рустоҳои наздик ба хотири дарёфти ғизо овардани паррандагони даштӣ ва ҳайвоноти ваҳшӣ дар ҳолест, ки ҳар зимистон идораи ҳифзи муҳити зист ва дӯсторони табиат ба мавзеи сукунати ин ҷонварон хӯрока тақсим мекунанд.

Масъулони идораи ҳифзи муҳити зист мегӯянд, имсол низ чунин иқдоме рӯи даст гирфта шудааст, аммо ба таъкиди Исроил Назаров, сардори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб ғизое, ки ба мавзеи сукунати паррандагону ҳайвонот тақсим карда мешавад барои таъмини ҳамаи ин ҷонварон кофӣ нест.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба иттилои масъулони идораи ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб, соли гузашта дар даҳ шаҳру навоҳии ин минтақа дар рӯзҳои сарди зимистон ҳамагӣ 2 тонна гандум, 500 кило ҷав ва 710 кило кунҷора тақсим карда шудааст.

Аммо имсол танҳо барои ноҳияи Шӯрообод, ки бузургтарин мамнуъгоҳи Даштиҷум, дар ин минтақа воқеъ аст, 300 кило гандум ҷудо шудааст.

Дар ҳамин ҳол идораи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб барои паррандагони муқимии манзилҳои истиқоматии баландошёнаи ин шаҳр низ миқдоре ғизоро ҷудо карда ва ба сокинон тақсим кардааст.

Иқдомот барои ҳифзи олами ҳайвоноту паррандагон дар минтақаи Кӯлоб дар ҳолест, ки созмонҳои экологӣ ва табиатшиносон мегӯянд, дар воқеъ сардиву сербарфӣ ва камбуди ғизо ба ҳайвоноту паррандагони Тоҷикистон, ки бархе аз онҳо нодиранд, хатари нобудӣ пеш овардааст.

Табиатдӯстони вилояти Суғд мегӯянд, саршумори бархе аз ҳайвоноти нодир, мисли бабр ва хирси малла, ки кӯҳистони Зарафшон маскани онҳо буд, тақрибан ба нестӣ расидааст. Ба гуфтаи ҷангалбонҳо ва муҳофизони табиати Суғд, дар ҳоли ҳозир дар парваришгоҳи Зарафшон ҳудуди 50 оҳуи бухороӣ, ки яке аз 5 ҳайвоноти нодири ба китоби Сурхи Ҷаҳонӣ воридшудаи Тоҷикистон аст, ва тақрибан ҳамин қадар оҳуи навъи ҷайрон дар парваришгоҳи Ашт ба сар мебарад. Аммо бабру хирси маҳаллӣ ангуштшумор боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон ҷонварони ваҳшӣ умдатан дар мамнӯъгоҳ ва парваришгоҳҳое, назири Даштиҷум, Бешаи Палангон, ва ҳамин тавр дар Шаҳристону Панҷакент, Айниву Ашт ва ҳавзаи рӯди Сир ба сар мебаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG