Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ ҳукми Умеди "сартарош"-ро бетағйир гузошт (ВИДЕО)


Дарвозаи маҳбаси Кӯлоб
Дарвозаи маҳбаси Кӯлоб

Додгоҳ дар шаҳри Кӯлоб рӯзи 25 феврал баъди баррасии шикояти маҳбуси зиндони Кӯлоб Умед Тешаев 17,5 сол ҳукми зиндони ӯро бетағйир боқӣ гузошт.

Умед Тешаев бо ҷурми куштани як сокини Кӯлоб бо 54 зарбаи корд дар поёни моҳи август ба 17,5 соли зиндон маҳкум шуда, феълан алайҳи ӯ тафтиши парвандаи дувуми ҷиноятӣ бо иттиҳоми қатли сардори маҳбаси Кӯлоб бо 18 зарби қайчӣ идома дорад.

Умед Тешаев ба додгоҳ аз ҳукми аввалаш шикоят бурда буд. Вакили мудофеъи ӯ Раҳмоналӣ Раҷабов рӯзи 25 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми муваккилаш бетағйир монд. Ба иттилои Раҷабов, дар баррасии парвандаи Умед Тешаев муовини раиси Додгоҳи олӣ Басбӣ Холова, додраси Додгоҳи олӣ Шавкат Абдулхайров ва намояндаи додситонии кул Мадвалӣ Мадисоев иштирок доштанд. Раҳмоналӣ Раҷабов афзуд ки ягон нафар аз наздикони Умед Тешаевро ба мурофиа роҳ надоданд.

Вакили мудофеъ гуфт: "Умедро аз наздик дидем, вазъи саломатиаш хуб буд. Фақат гӯши чапаш каме осеб дидаасту дастонаш варам буд. Ба гуфти Умед, гӯши ӯ дар вақти куштани сардори маҳбас осеб дида буд." Вакили мудофеъи Умед Тешаев ҳамин тавр варами дастони муваккилашро ба иллати бо дастбанд баста будани дастони ӯ медонад.

Исми Умед Тешаев ҳафтае пеш баъди он дубора вирди забонҳо шуд, ки бино ба хабарҳо, ӯ шоми 16 феврал сардори маҳбаси Кӯлоб Умар Қаюмовро ҳангоми ба тартиб овардани мӯйсараш бо зарби қайчӣ ба ҳалокат расонд.

Бахтиёр Эргашев, раиси Созмони маъюбони Кӯлоб ва тағои Умед Тешаев рӯзи 25 феврал ба Озодӣ гуфт, додгоҳи Кӯлоб аризаи шикоятии онҳоро дар мавриди ҳукми додгоҳ ба баррасӣ гирифт ва дар ин мурофиа намояндагони Додгоҳи олӣ ҳам ширкат мекунанд.

Ба гуфтаи мақомот, Умед Тешаев, ки қаблан дар хонаи маишии «Ғайрат»-и шаҳри Кӯлоб ба ҳайси сартарош кор мекард, рӯзи 31 августи соли гузашта дар дохили сартарошхонаи худ дар маркази шаҳри Кӯлоб ба бадани Абдурасул Алиев 54 корд зада буд.

Наздикони Умед Тешаев дар пушти дари маҳбас
Наздикони Умед Тешаев дар пушти дари маҳбас
Наздикони Умед Тешаев мегӯянд, ки додгоҳи Кӯлоб ба ҷуз вакили мудофеъ Раҳмоналӣ Раҷабов дигар наздикони Тешаевро ба баррасии аризаи шикоятиаш роҳ надодаанд.

Дар ҳамин ҳол, таҳқиқи парвандаи дувум алайҳи Умед Тешаев дар робита ба қатли сардори маҳбаси Кӯлоб Умар Қаюмов идома дорад. Ба гуфтаи мақомот, Умед Тешаев рузи якшанбеи 16 феврал сардори маҳбаси Кӯлоб полковник Умар Қаюмовро, ки аз ӯ ба тартиб овардани мӯйсарашро хоста буд, бо 18 зарби қайчӣ ба қатл расонидааст.

Ғолибҷон Шарифов, сардори Маркази экспертизаи судию тиббии минтақаи Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба бадани сардори маҳбасхонаи муваққатии шаҳри Кӯлоб Умар Қаюмов 18 зарбаи қайчӣ задааанд, аз ҷумла 17 зарба ба қафаси сина ва як зарбаи дигар ба фарқи сари ӯ: «Вақти муоинаи экспертиза 18 осеб дар бадани ӯ ёфт шуд, ки ҳафтдаҳ захм дар қафаси сина ва як захми дигар дар тори сар ворид шудааст, ки ҳангоми ба беморхона овардан ҷон додааст.»

Ба хабарнигори Озодӣ муяссар шуд, ки қабл аз оғози додгоҳи имрӯза бо чанде аз наздикони Умед Тешаев сӯҳбат кунад. Навори видеоии ин сӯҳбатро дар саҳифаи Ozodivideo дар шабакаи Ютюб қобили тамошост:




Умар Қаюмов хатмкардаи факулати забони русии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб буда ва мактаби олии ҳуқуқшиносии вазорати корҳои дохилии Узбакистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос дар соли 1988 хатм намуда ва беш аз 20 сол дар низоми маҳбасхонаҳо кор кардааст. Тайи тақрибан 15 соли охир ӯ сардори маҳбаси Кӯлоб буд. Полковник Умар Қаюмов, ки 65 сол дошт, мебоист ҳанӯз соли гузашта бознишаста мешуд, аммо бо дарназардошти хизматҳои шоистааш аз хостаанд, ба кораш идома диҳад.

Наздикони Умед Тешаев мегуянд, ки пас аз ҳодисаи қатли сардори маҳбас Умед Тешаев мавриди шиканҷа қарор гирифтааст. Бахтиёр Эргашев, тағои Умед Тешаев гуфт, баъди ин ҳодииса ӯро дар маҳбас таҳти шиканҷа қарор дода, сахт латукӯб ва гӯши чапашро чок кардаанд. Вай афзуд, ки имрӯз эътилофи зидди шиканҷа ва Дафтари дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Душанберо аз ин қазия дар ҷараён гузоштаанд. Аммо муфаттишони парванда шиканҷа шудани Тешаев ва чок задани гӯши ӯро дур аз воқеъият хонда, рад мекунанд.
XS
SM
MD
LG