Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли як сокини Кӯлоб бо 54 зарбаи корд


Мақомоти корҳои дохилӣ сокини 29-солаи шаҳри Кӯлобро бо иттиҳоми одамкушӣ дастгир кардаанд. Ба иттилоъи вазорати умури дохилӣ, Умед Тешаев дар дохили сартарошхонаи худ воқеъ дар маркази шаҳри Кӯлоб ба бадани Абдурасул Алиеви 50 сола 54 маротиба бо корд мезанад. Дар натиҷа Абдурасул Алиев дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Ин ҳодиса рӯзи 31-уми август рух додааст. Як манбаъ аз ҷои ҳодиса гуфт, ки ин ду нафар додугирифти пулӣ доштаанд ва сабаби муноқиша ҳам муомилаи қарзӣ будааст. Ба гуфти манбаъ, Абдурасул Алиев ба сартарошхонаи Умед Тешаев омада, дарро аз дохил маҳкам мекунад ва миёни онҳо муноқиша рух медиҳад.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯяд, тафтиши парванда идома дорад.
XS
SM
MD
LG