Пайвандҳои дастрасӣ

Маскав бори дигар аз ҳузури ДИИШ дар марзи Тоҷикистон гуфт


Сергей Иванов

Сергей Иванов

Ин дафъа раиси дастгоҳи иҷроияи ҳукумати Русия эълон кард, ки ҷангиёну ҷонибдорони "Давлати исломӣ" ба марзи Тоҷикистон наздик шудаанд ва ин вазъ Кремлро ором гузошта наметавонад.

Сергей Иванов, раиси дастгоҳи иҷроияи ҳукумати Владимир Путин, аз ҳузури ҷангиёни гурӯҳи тундгарои "Давлати исломӣ" ё ДИИШ дар наздикии марзи Тоҷикистон изҳори ташвиш кардааст. Тайи як ҳафтаи охир ин дувумин нигаронии мақомҳои баландпояи Русия аз таҷаммӯи ҷангиёни "Давлати исломӣ" дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон мебошад.

Оқои Иванов рӯзи 10 ноябр дар Ҳелсинкӣ дар ин бора суҳбат карда гуфтааст, гап дар бораи шимоли Афғонистон меравад, ки ҷангиёну тарафдорони "Давлати исломӣ" дар он ҷо барои худ ҷои по дуруст карда, мехоҳанд ҳузурашон дар марзҳои Тоҷикистону Туркманистонро ҳам тақвият бахшанд. "Русия аз ҳузури ҷангиёни “Давлати исломӣ” дар наздикии марзи Тоҷикистон, воқеан, нигарон аст," – таъкид кардааст ӯ.

Раҳбари дастгоҳи ҳукумати Русия мегӯяд, ин мавзӯъ дар ҳоле бардошта шудааст, ки мақомоти Финландия аз сарозер шудани гурезаҳо ба он кишвар ибрози ташвиш кардаанд. Мақомоти Финландия гуфтаанд, танҳо ҳамин сол тавассути Шветсия ба кишвари онҳо беш аз 26 ҳазор гуреза ворид шуд, ки асосан шаҳрвандони Афғонистон мебошанд.

Сергей Иванов мегӯяд, ин гурезаҳо аксаран сокинони шимоли Афғонистон ҳастанд, ки ба қавли ӯ қисмате аз ин қаламравро ҷангиёну ҷонибдорони ДИИШ таҳти назорати худ даровардаанд. Аз ин пештар, рӯзи 4 ноябр, Анатолий Антонов -- муовини вазири дифои Русия дар ҳамоиши вазирони дифои кишварҳои узви созмони Иттиҳоди низомию иқтисодии кишварҳои Ҷанубу Шарқи Осиё (АСЕАН) дар шаҳри Куала-Лампури Малайзия низ дар ин бора ибрози назар карда буд. Ӯ гуфт, "дар Афғонистон нуфузи гурӯҳи “Давлати исломӣ” рӯ ба афзоиш буда, ҳоло аз 34 вилояти ин кишвар дар 25 вилоят ин гурӯҳ фаъол аст. Таҷаммӯи ҷангиёни ин гурӯҳ дар марзҳои Тоҷикистон ва Туркманистон моро ҷиддан ба ташвиш овардааст."

Ба қавли Анатолий Антонов, феълан ба саффи гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ки фаъолияташ дар Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнӯъ эълон шудааст, ҳазорҳо шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла, шаҳрвандони Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон шомил ҳастанд.

Вале ба дунбол масъулони Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таҷаммӯи ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар тӯли марзҳои кишвар бо Афғонистонро рад карданд. Онҳо гуфтанд, вазъият дар марзи Тоҷикистон ором буда ва таҷаммӯи кадом нерӯҳо ба мушоҳида нарасидааст.

Бархе аз соҳибназарон бо таваҷҷуҳ ба таъкидҳои батакрори Маскав ва радди ҷониби Тоҷикистон мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд Русия мехоҳад, ки аз ин тариқ бозгашти нерӯҳои марзбонаш ба сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро таъмин кунад. Нерӯҳои марзбони Русия соли 2004 аз кишвар берун карда шуданд ва мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки худашон ҳифзи марзро доранд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар хабарҳои расмии худ мегӯяд, ки беш аз 500 шаҳрванди кишвар барои иштирок дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ рафта, то кунун хабари марги беш аз 150 тани онҳо расидааст. Вале маноби Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта гуфтанд, тақрибан сесад нафар аз шаҳрвандони кишвар дар ин ҷангҳо кушта шудаанд.

Мақомот ваъда додаанд, афроде, ки бо хоҳиши худ аз майдонҳои ҷанг дар Сурия ва Ироқ ва ё аз марзҳои Туркия бо Сурия ба ватан бармегарданд ва агар собиқаи ҷиноӣ надошта бошанд, аз ҷавобгарӣ озод хоҳанд шуд. То кунун ҳудуди чиҳил тан аз чунин афрод мавриди афви мақомот қарор гирифтаанд.

"Давлати исломӣ" як гурӯҳи тундравест, ки дар соли гузашта қисмати бузурге аз қаламрави Сурия ва Ироқро тасарруф карда, дар ин манотиқ аз таъсиси “Хилофати исломӣ” хабар дод. Ин гурӯҳ бо қатли бераҳмонаи асирон ва мухолифонаш, аз ҷумла, зинда ба зинда гӯрондан ва сӯзондан ва қатлҳои дастҷамъӣ ном баровардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG