Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори як зане аз ҷониби силоҳбадастон хашми мардуми Афғонистонро ба бор овард.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, таҳқиқи қатли бераҳмонаи як занро сар карданд, ки гуфта мешавад, Толибон ӯро ба зино муттаҳам карда ва дар як рустое дар вилояти Парвон дар пеши чашми мардум тирборон карда куштаанд. Видеои ин қатл ҳазорон нафарро ба хашм оварда, ҳукумати Афғонистон ва кишварҳои ҷаҳон ин қатлро маҳкум карданд.

Сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон Сиддиқ Сиддиқӣ рӯзи душанбе гуфт, ҳукумати Афғонистон тасмимгирандагон ва иҷрокунандагони ин амалро пайдо хоҳад кард. Вай афзуд:

"Мо ин видеоро ба таври дақиқ пажӯҳиш хоҳем кард ва он ҷинояткорону он толибонеро, ки масъули ин амали ситамгарона, террористона ва бераҳмонаанд, пайдо хоҳем кард. Ин кор ягон тавзеҳ ва ягон маъно надорад.”

Дар як изҳороти хаттӣ, раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай қатлро як амали зишт ва нобахшиданӣ унвон кард.

Қатл дар вилояти Парвон, садкилометрии Кобул ба вуқӯъ пайвастааст.
Таҳлилгарон мегӯянд, сар задани чунин воқеа пас аз наздик ба 11 соли барканории Толибон баёнгари он аст, вазъи зани афғон дар ин муддат тағйир накардааст, гуфт Шоҷон Яздонпараст, раиси умури занон дар вилояти Парвон.


Аммо сухангӯи Толибон дар сӯҳбат бо хабаргузории олмонии ДПА даст доштани ҷунбишро дар ин воқеа рад кард.







Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё низ гуфтааст, аз гузоришҳо дар бораи ин қатл, “ваҳшатзада” шудааст. Ҷон Аллен, фармондеҳи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон қатли ин занро “ҷинояти золимонаи гӯшношунид” хонд. Навори ин қатлро баъзе телевизионҳои Афғонистон намоиш додаанд, ки баъд аз қатл мардуми маҳал Оллоҳу Акбар нидо мекунанд. Фавзия Кӯфӣ, вакили порлумони Афғонистон дар сӯҳбат бо бахши дарии Радиои Озодӣ, ин амалро маҳкум карда ва гуфт:

“Мо ҷиддан тақозо мекунем, ки масъулини ҳукумати мо, махсусан оқои раиси ҷумҳур аз диди инсонӣ қазияро бубинад, омилонашро ҳамин рақам, ки бераҳмона ҳамин хонумро куштанд, онҳоро ҷазо бидиҳад, то барои дигарон дарси ибрат шавад.”

Фавзия Кӯфӣ афзуд, ки хушунат алайҳи занон дар Афғонистон рӯз ба рӯз афзоиш ёфтааст ва қатли мудҳиш ҳам дар пеши чашми ҳукумат сурат гирифтааст, ки мегӯяд, дар ҳаққи занони афғон ғамхории зиёде кардааст. Мӯсо Маҳмудӣ, раиси Кумиссиёни Мустақили Ҳуқуқи Башари Афғонистон гуфт, қатли бераҳмонаи зан “намоёнгари он аст, ки бо вуҷуди талошҳо барои коҳиши хушунат алайҳи занон, бонувон аввалин қурбонии ситамгарӣ боқӣ мемонанд”.

Ба гуфтаи ин кумиссиён, хушунат алайҳи занон дар Афғонистон соли гузашта бисёр зиёд шудааст. Ҳафтае пеш аз ин як зани соҳиби ду фарзандро дар шарқи Афғонистон ба гуфтаи пулис шавҳараш сар буридааст. Ин қатлро идомаи қатлҳои номусӣ медонанд, ки дар манотиқи қабоилнишини Афғонистон ҳанӯз ҳам мушоҳида мешавад. Занони Афғонистон баъд аз рондани Толибон аз ҳукумат дар соли 2001, дигарбора ҳаққи таҳсилу раъй ва корро ба даст оварданд, аммо ҳоло аксарияташон бим доранд, ки дар сурати мусолиҳаи ҳукумат бо Толибон аз ин ҳуқуқи хеш маҳрум мешаванд.


Басир Солангӣ, волии Парвон гуфт, ин наворро як ҳафта пеш дар рустои Қимчок дар ноҳияи Шинворӣ бардоштаанд ва гӯё он зан бо худи Толибон иртиботи номашрӯъ доштааст:


“Ин кор дар байни қумондонҳои Толибон шуда буд ва онҳо ин гап бармало ошкор нашавад гуфт, ин занро бошитоб ба қатл расонданд. Дар бораи худи хонум маълумоти саҳеҳ надорам.”


Ба гуфтаи Басир Солангӣ, ду фармондеҳи Толиб бо ин зан иртибот доштаанд ва баъди ҷанҷоли байни ҳам, хостаанд аз роҳи шиканҷа ва ё қатли он хонум, ба ҷанҷолашон хотима диҳанд. Аммо як сухангӯи Толибон ба хабаргузории ДИ ПИ ЭЙ-и Олмон гуфтааст, ки ин ҷиноят кори дасти онҳо нест. Ба гуфтаи хабаргузорӣ, вилояти Парвон аз чанде пеш шоҳиди афзоиши хушунат шуда ва Толибон ҳам ду русто дар ду ноҳияи он вилоятро тассаруф кардаанд. Рошно Холид сухангӯи волии Парвон ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки нерӯҳои амниятӣ барои пайдо кардани омилони ҷиноят ба як амалиёти бузурге омодагӣ мегиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG