Пайвандҳои дастрасӣ

Вилоят Суғд, яке аз минтақаҳои рушдкардаи кишвар ба хотири бозорёбӣ барои маҳсулоти саноативу кишоварзӣ намоишгоҳеро ифтитоҳ кард.

Ин намишгоҳ, ки рӯзи 24 июл ифтитоҳ шуд, садҳо намуд маҳсулоти тавлидотии худро ба маърази тамошои сармоягузорон гузошт. Толори намоишгоҳ дар қасри варзиши Хуҷандро умдатан анвои гуногуни меваҳои тару хушк, молу ашёи саноати сабук, мисли риштаву либосҳои пахтагин, қолиҳои Қайроқум, сангҳои ороишии мармар, намунаҳои корҳои дастии ҳунармандон, атласу адраси абрешимӣ ва корду ороишоти сангӣ зеб медод. Меваю сабзавот ва молу матои пахтагину абрешимӣ ва моли ҳунарҳои дастӣ, чизҳои рақобатпазирест, ки ба бовари мақомот, аз вилояти Суғд ба хориҷа содир ва ҷиҳати ҳамкориҳо сармояи хориҷиро ҷалб кард.

Дар толори намоишгоҳ даҳҳо меҳмонони хориҷӣ, бо шумули меҳмонон аз Русияву Қазоқистон ба назар мерасиданд. Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ гуфт, ин ярмарка ба хотири роҳандозии ҳамкориҳо бо ҷонибҳои судманди иқтисодиву тиҷоратӣ бо кишварҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармояи хориҷӣ ва вориди технологияҳои муосир ва зиёд кардани имконоту зарфиятҳои содиротии минтақа баргузор мегардад. Вай афзуд, дар нимсолаи аввали соли 2015 вилояти Суғд ба кишварҳои хориҷӣ ба маблағи як миллиарду 100 миллион сомонӣ, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 65 дар сад зиёд мол содир кардааст.

Вале, ба гуфтаи мутахассисон, аксари ин моли содиротӣ аз Суғд ба шакли хом ва нимахом, масалан, наху риштаи пахта ё пиллаву нахи пилла ба дасти харидори хориҷӣ мерасад ва фоидаи зиёд намеоранд. Собир Сабуров, мудири ширкати “Сангҳои ороишӣ” аз ноҳияи Шаҳристон 6 ранг санги мармари коргоҳи худро барои истифодаи сохтмон ба маърази намоиш гузошта буд. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин сангҳои мармари ороишӣ бархе ҳудуди 2,5 миллион ва бархе 30 миллион метри мураббаъ захира доранд, ки дар сурати коркарди густарда метавон аз ин даромади зиёд ба даст овард. Вале ин фоида танҳо дар ҳоле метавонад чашмгир бошад, ки агар корхона ба мошинҳои замонавии коркарди санг дастрасӣ пайдо кунад.

Владимир Воронов, муовини мудири Палатаи тиҷоративу саноати минтақаи Урали Русия аз меҳмонони ин намоишгоҳ аст, ки мегӯяд бизнеси хурду миёна дар ин минтақаи Тоҷикистон рушд карда ва заминаҳои хуберо барои ҳамкорӣ фароҳам кардааст. “Дар навбати аввал мо ба воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ҳавасмандем. Ҳамчунин, мо дар Каменск-Уралск корхонаҳои ғизосозӣ барои паранда ва дигар ҳайвоноти хонагиро дорем. Шумо низ ин ҷо корхонаҳои монанд доштаед. Мо метавонем бо ҳам корхонаи муштарак созем ва дар он танҳо аз ашёи хоми худамон истифода барем”.

Ҳамон тавр, ки ҳамсӯҳбати мо гуфт, аксари ширкатҳои хориҷӣ бо шумули ширкатҳои Русияву Қазоқистон ва кишварҳои дигар бештар ба ҳамкорӣ дар сатҳи додугирифти меваҳои Тоҷикистон таваҷҷӯҳ карданд. Ҳамсояҳо аз хориҷаи наздик дар ҳоле хостори меваи вилояти Суғд шудаанд, ки соҳибкорони минтақа барои содироти меваи хушку тари худ аз Туркияву Эрон то кишварҳои Наздибалтику аврупоӣ раҳ кушода, роҳи баромад ба кишварҳои хориҷаи дурро меҷӯянд.

Домуллоҷон Ҷабборов, муовини раиси бахши кишоварзии Суғд, ки маҳсулоти вилоятро ба харидорони эҳтимолӣ муаррифӣ мекард, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “мо барои содироти мева ба Туркияву Эрон раҳ кушодаем ва соли гузашта ба ИМА 25 тон меваи хушк содир кардем. Кишварҳои Наздибалтик ва Полшаву Чехия низ барои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ба меваи мо талаботи зиёд доранд ва ҳоло соҳибкорон аз Исфараву Ашт ва Истаравшан ба ин кишварҳо содироти меваро ба роҳ мондаанд. Ва дар оянда содироти мева ба ин кишварҳо бештар хоҳад шуд”.

Ҷаноби Ҷабборов афзуд, дар соли равон ҳудуди 40 тонна меваи хушку тар аз минтақаи шимолии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ содир шудааст. Харидори суннатии меваҳои Тоҷикистон Русия аст. Вале солҳои охир тасмимгириҳои Русия барои манъи воридоти меваи хушки Тоҷикистон, соҳибкорони тоҷикро ба ҷустуҷӯи бозорҳои нав андохтааст. Ду сол қабл, Геннадий Онишенко, раиси Идораи назорат бар иҷрои ҳуқуқи масрафкунандагон ва ҳифзи беҳдории Русия бо ишора ба таъйиди чандин мавриди мубтало шудани кӯдакони тоҷик ба полиомиелит ё фалаҷи атфол, воридоти меваи хушк аз Тоҷикистонро ба қаламрави ин кишвар мамнӯъ эълом карда буд.

Ҳарчанд ки, ба гуфтаи масъулони Раёсати тандурустии вилояти Суғд, дар ин вилоят ягон мавриди гирифтор шудани атфол ба бемории фалаҷ сабт нашуда буд. Маскав дар паи баҳсҳои сиёсиаш аз бозори худ ҳамчун фишанг алайҳи Тоҷикистон истифода мекунад ва соҳибкорону тоҷирони тоҷик барои содироти меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти тавлидотии худ рӯ ба кишварҳои дуру наздик овардаанд. Солона вилояти Суғд беш аз 80 тонна меваи хушк содир мекунад. Имсол ба сабаби сармозании гули дарахтони мева дар баҳор эҳтимол содироти меваи хушк коҳиш ёбад.

Вале аз сӯи дигар, ба гуфтаи мутахассисони бахши кишоварзӣ, содироти меваҳои полезӣ, мисли тарбузу харбуза ва сабзавот имсол афзоиш хоҳад дошт. Ба ҳайси мисол, дар 6 моҳи аввали соли равон Суғд ба хориҷ беш аз 100 тон пиёз содир кардааст. Намоишгоҳи тиҷоратии “Суғд – 2015” ба гуфтаи баргузоркунандагони он, ду рӯз 24-25 июл идома карда, дар ҳошияи он дар осоишгоҳи “Баҳористон”-и Қайроқум ҳамчунин форуми тиҷоративу сармоягузорӣ бо иштироки намояндагони корхонаву созмонҳои тиҷоратӣ, тоҷирону сармоягузорон ва соҳибкорон аз ҳудуди 15 кишвар баргузор мегардад. Дар поёни ҳамоиш, бегоҳи рӯзи шанбеи 25 июл баргузории нишасти матбуотӣ аз натиҷаҳои намоишгоҳу форум дар назар гирифта шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG