Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буд ё набуд? Баҳси хабарнигорон бо раиси Ховалинг


Хабарнигорони маҳаллӣ мегӯянд, Қодир Валиев, раиси ноҳияи Ховалинг дар ҷашни имсолаи Рӯзи истиқлол бо як лафзи дурушт нисбат ба онҳо носазо гуфтааст.

Гуфта мешавад, ки раиси ноҳияи Ховалинг дар ҳузури сокинон ва мансабдорон, ки рӯзи 8 сентябр ба хотири таҷлил аз ҷашни истиқлолият ҷамъ омаданд, хабарнигоронеро, ки ба гуфтаи ӯ, ободкориҳо дар ин ноҳияро нодида мегиранд, дашном додааст.

Чанд тан аз шоҳидон бидуни ифшои ном ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки раиси ноҳия нахуст аз ободкориҳои дар ҳудуди ноҳия суратгирифта сӯҳбат кард ва ғайриинтизор барои «танқидҳои беасос ва ғарзанок» бархе аз рӯзноманигорони маҳаллиро бо зикри шахсият зану модарашонро ҳақорат кардааст. Ба гуфтаи шоҳидон, раис зоҳиран аз дашноми ба забон овардааш зуд пушаймон шуд, ки мавзӯъи сӯҳбатро тағйир дод.

Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи «Пайк»-и чопи Кӯлоб, ки дар чанд шумораи ахираш дар бораи таҷдид нашудани заминҳо, варзишгоҳи хароб ва хатари бемории буғумдард дар Ховалинг матлабҳо нашр кардааст, аз ҷумлаи рӯзноманигороне будааст, ки ҳадафи ҳақорати раиси Ховалинг дар ҷашни истиқолият қарор гирифтааст. Аммо ӯ мегӯяд, шунидани дашном аз забони Қодир Валиев барояш ҳарфи нав нест, зеро ҳанӯз пас аз нашри нахустин матлаби танқидӣ раиси Ховалинг занг зада, ӯ ва ҳамкоронашро дашном дода буд.

Ӯ гуфт:«Мо матлабҳои танқидӣ зиёд менависем, вале касе ба матлабҳои мо мисли Қодир Валиев бо ҳақорат вокуниш надодааст. Дашноми ин нафар, ки президенти кишвар ҳамчун намоянда бовараш кардааст, бори аввал нест. Он вақте, ки мо дар бораи варзишгоҳ навиштем, ӯ занг зад ва моро ҳақорат кард. Ҳақорати ӯ ҳақорате нест, ки мо дар матбуот такрораш карда тавонем. Бори дувум, рӯзи 8-уми сентябр дар ҳузури бисёриҳо, вақте ки ба гуфтаи шоҳидон, хеле маст буд, моро дашном додааст. Инро агар як ё ду нафар мегуфт, бовар намекардем, вале 12 нафар ба мо шоҳидӣ дод, ки Валиев дашном кард. Бо таҷрибае, ки ӯ пештар дар телефон моро дашном кард, мо боз ба ин ҳақораташ бовар кардем. Бисёре аз масъулин пас аз танқид паи ислоҳи камбудӣ мешаванд, аммо мутаасифона раиси Ховалинг чунин накард.»

Аммо Қодир Валиев, раиси ноҳияи Ховалинг дар як тамоси телефонӣ сарусадоҳо дар бораи хабарнигоронро дашном доданашро дурӯғ ва бофта донист. Ҷаноби Валиев гуфт, чунин овоза, ки гӯё ӯ рӯзноманигоронро ҳақорат кардааст, ба гӯши худаш ҳам расидааст, вале ӯ ҳеҷ гоҳ касеро ҳақорат накардааст ва танқидро таҳаммул мекунад.

Вай афзуд: «Ҳамон одаме, ки ин гапро гуфтааст, бо ман рӯ ба рӯ кунед, ки кай, дар куҷо киро чӣ гуфтаам. Ин гапро ман ҳам дарак ёфтам. Гуфтам ки сарчашмаашро пайдо кунед ва кофта истодаанд, ҳоло меёбанд. Биёяд ҳамон одам бо ман рӯ ба рӯ бигӯяд, ки бародар худат ҳамин гапро гуфтӣ. Ман ин хел гапро нагуфтаам ва намегӯям. Ман ин хел аблаҳ нестам.»

Аммо Аҳмади Иброҳим мегӯяд, агар ба гӯши худ аз забони раис ҳақорат намешунавид, шояд ба гуфтаи 12 нафар шоҳид бовар намекард. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ:«Умуман, дод задану дашном кардан нишонаи заъфи одам аст. Яъне Қодир Валиев қодир нест, ки камбудиҳоро ислоҳ кунад. Ба ҳамин хотир танҳо ҳақорат мекунад. Агар камбудиҳоро ислоҳ кунад, ҳеҷ гоҳ аз танқид набояд биҳаросад.»

Радиои Озодӣ низ аз зиндагии мардуми Ховалинг мисли дигар навоҳии минтақаи Кӯлоб даҳҳо матлаб нашр кардааст. Таҳияи шароит барои рушди туризм дар ноҳия, афзоиш додани ҷангалзорҳо, ҳикматҳои хоси мавзеъҳои таърихии Ховалинг, хатари бемории буғумдард ва ҳамчунин ҷав коштани масъулин дар варзишгоҳи ноҳия аз матлабҳое буданд, ки Радиои Озодӣ бо назарҳои мухталиф дар се моҳи ахир аз Ховалинг нашр кардааст. Бархе аз ин матлабҳоро нашрияҳои маҳаллӣ бознашр карданд, аммо аз куҷо ва чаро раиси ин ноҳия барои матлабҳои рӯзноманигорон асабӣ шудааст, маълум нест.

Қодир Валиев аз ҷавонтарин раисони навоҳӣ дар минтақаи Кӯлоб маҳсуб меёбад. Ӯ бародарзодаи Султон Валиев, раиси собиқи ноҳияи Восеъ аст, ки чанд моҳ пеш аз вазифа барканор шуд.
XS
SM
MD
LG