Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳри "махфӣ" рӯи парвандаи Холмуъмин Сафаров


Холмӯъмин Сафаров

Холмӯъмин Сафаров

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯи парвандаи қатли Холмуъмин Сафаров, язнаи президенти Тоҷиистон, муҳри “махфӣ” задааст.

Муҳри "махфӣ", ки Додситонии кулли Тоҷикистон рӯи парвандаи ҷиноии куштори Холмуъмин Сафаров, мудири пешини Сарраёсати хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва язнаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, гузошт, шароити таҳқиқи минбаъдаи қазия ва муҳокимаи ояндаи ин парванда дар додгоҳро тағйир дод. Додситонӣ мегӯяд, ин тағйир бо пешниҳоди гурӯҳи тафтишотӣ 28 ноябри соли ҷорӣ сурат гирифтааст.

Масъулони додситонӣ ҳозир нашуданд, далели тағйири шароити бозрасиии парвандаро шарҳ диҳанд. Як масъули Гурӯҳи тафтишотии парвандаи мазкур гуфт, вақте ки шароити таҳқиқ махфӣ мешавад, додани ҳама гуна иттилоъ дар бораи он номумкин хоҳад буд.

Маҳалли кушта шудани Холмӯъмин Сафаров

Маҳалли кушта шудани Холмӯъмин Сафаров

Ҳабибулло Воҳидов, муовини Додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 10-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, феҳристи маълумотеро, ки тафтиши он ба таври махфӣ ва комилан махфӣ бояд сурат мегирад, қонунгузории кишвар муқаррар кардааст. Ба гуфтаи ӯ, "агар ба номгӯи он феҳрист ҳамон маълумот рост ояд, аллакай он бо режими махфӣ ва ё комилан махфӣ мегузарад. Яъне, ин кор аз рӯи феҳрист ва аз пеш маълум шудааст. Онро нафар маълум карда наметавонад, ки онро махфӣ намоям ё нанамоям. Инро қонунгузор муайян кардааст, ки агар ҳамчунин маълумотҳоро дар бар бигирад, он ба режими махфӣ ва ё комилан махфӣ ворид мешавад."

Рӯи парвандаи куштори Холмуъмин Сафаров, мудири Сарраёсати хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва язнаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури ин кишвар дар ҳоле муҳри махфӣ гузошта мешавад, ки моҳи гузашта тафтишот барои бори севум муҳлати бозрасии онро тамдид (дароз) кард. Дар натиҷаи таҳқиқи қазия, Диловаршо Қосимов, як тоҷири тоҷик, дар куштори ҷаноби Сафаров гумонбар ва дар моҳи июли соли ҷорӣ, дуруст баъд аз як моҳи вуқӯи ин ҳодиса, дастгир шуд.

БОЗДОШТИ ҚОТИЛИ ЭҲТИМОЛИИ Х.САФАРОВ (НАВОР АЗ БОЙГОНӢ)


Ба гуфтаи вакилони мудофеи Диловаршо Қосимов, ӯ дар рӯзҳои аввали боздошт шуданаш таҳти зарбу латти бозрасон ба даст доштанаш дар қатли Сафаров иқрор карда, вале баъдан аз ин эътирофи худ даст кашидааст. Ин нукта ҳам қайд мешавад, ки бо вуҷуди иҷозаи қонун, Қосимов бо гузашти беш аз 5 моҳи боздошт шуданаш низ боре ҳам бо ҳимоякунандаҳои худ танҳо ба танҳо сӯҳбат накардааст.

Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеи Диловаршо Қосимов, гуфт, дар ин авохир болои айбҳои қаблии нафари зери ҳимояти ӯ, яъне куштор ва нигоҳдории беиҷозаи силоҳ, ҳамчунин иттиҳоми дузанагӣ изофа шудааст. Аммо ҷаноби Қудратов гуфт, азбаски тафтишот намехоҳад ҷараёни мурофиаи додгоҳии ин парванда ба таври ошкоро сурат гирад, рӯи он муҳри махфӣ гузошт, дар ҳоле ки кадом ҳолат ва мавриди хос барои тағйири шароити тафтиш ва муҳокима ошкор нашудааст.

Шуҳрат Қудратов

Шуҳрат Қудратов

"Мақомот мехоҳанд, тафтишот ва баррасии додгоҳии ин парванда ба таври пӯшида сурат бигирад ва ба ҷуз аз ииштирокчиёни ин парванда, афроди дигар, аз ҷумла хешу таборҳояш ҳам натавонанд дар мурофиа ширкат намоянд",-илова кард Қудратов.

Шуҳрат Қудратов афзуд, то ба имрӯз дар иртибот ба ин парванда дар 19 ҷилд мавод омода шудааст, аммо баъд аз шиносоӣ бо 16 ҷилди он, ӯ мутмаин шудааст, ки нафари мавриди ҳимояти ӯ дар ин куштор даст надорад.

Куштори Холмуъмин Сафаров, язнаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, моҳи июни соли ҷорӣ дар назди манзили зисташ, воқеъ дар маҳаллаи "Автовокзал"-и шаҳри Душанбе, рух дод. Мақомот барои ошкор ва дастгир кардани омилони ин ҳодиса ҷоиза таъин карданд, ки баъдтар маълум шуд он ҷоизаҳо, манзили дуутоқа дар пойтахт ва 50 ҳазор доллар, насиби кормандони Вазорати умури дохилӣ шудааст.

Махфӣ эълон шудани тафтиш ва баррасии парвандаи ҷиноӣ, дар таҷрибаи адлияи Тоҷикистон пештар ҳам истифода шудааст. Чунончӣ, таҳқиқи парвандаҳои раиси собиқи вилояти Суғд Абдуҷалил Ҳомидов, фармондеҳи пешини Горди миллӣ Ғаффор Мирзоев ва вазири собиқи умури дохилии Тоҷикистон Ёқуб Салимов ба таври пӯшида баргузор шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG