Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маро ягон ҳукм намешиканад"


Хадиҷа Исмоилова
Хадиҷа Исмоилова

Хабарнигори озарӣ Хадиҷа Исмоилова бо сухани охирини худ дар додгоҳ баромад кард ва гуфт, ӯро на 15, балки ҳатто 25 соли ҳабс ҳам намешиканад.

Хадиҷа Исмоилова, хабарнигори озарӣ, ки бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ низ ҳамкорӣ мекунад, рӯзи 31 август бо сухани охирини худ дар додгоҳи Боку баромад кард. Исмоиловаро дар содир кардани ҷиноятҳои иқтисодӣ айбдор медонанд. Аммо ӯ ин иттиҳомотро рад карда, дорои ангезаҳои сиёсӣ меномад.

Ҳанӯз сухани Хадиҷа Исмоилова ба охир нарасида буд, ки додрас ҳарфи ӯро бурид. Ин ҳамон лаҳзае буд, ки Исмоилова дар нутқаш исми президент Илҳом Алиев ва як қатор мансабдорони баландпояи Озарбойҷонро ба забон овард. Додрас идомаи мурофиаро ба фардо, 1 сентябр, гузошт. Хадиҷа Исмоилова гуфт, онҳо мехоҳанд қасди гузоришҳои таҳқиқотии ӯро дар робита бо фасоди моливу идории мақомоти баландпояи ҳукумати Озарбойҷон бигиранд.

Вай дар муроҷиаташ ба додрас гуфт: "Ман ба зиндон биравам ҳам, кор идома хоҳад ёфт". Ҳафтаи гузашта айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас хост, ки Исмоиловаро ба 9 соли зиндон маҳкум кунад. Хадиҷа Исмоилова гуфт, ки хабарнигорони ҳамфикри ӯ фасоду коррупсияро

Мардум дар беруни додгоҳ
Мардум дар беруни додгоҳ

фош мекунанд. Вай гуфт, ки журналистон кори хеле муҳимро иҷро мекунанд. "Мо ба ҷомеа маълумотеро медодем, ки қимати он ҳабсу шантаж буд. Ва ҳоло ман аз он шодам, ки кори худро ба субут расондам," -- гуфт ӯ. Соли 2012 бахши озарии Радиои Озодӣ натиҷаҳои як таҳқиқоти журналистиро нашр кард, ки маълум кардааст, бо дастури ҳукумат даромади аслии кони тиллое дар кишвар ба фоидаи хонаводаи президент Илҳом Алиев ворид мешуд.

Дар соли 2014 Хадиҷа Исмоилова навишт, ки ду духтари Илҳом Алиев бо ширкати азимтарини мухобиротии кишвар Azercell аз роҳи ширкатҳои оффшорӣ робита доштаанд.

Исмоилова мурофиаи худро як таҳқиқоти “экспресс” номид, ки дар фурсати кӯтоҳ ва ноодилона барпо шуд ва ин як “беқонунӣ” аст. Вай гуфт, ки баёноти шоҳидоне, ки зидди ӯ суханронӣ кардаанд, “зери фишор” гирифта шуда, маълум буд, ки онҳо дар додгоҳ матнҳои аз пеш иншошударо мехонданд. Вай гуфт, ба яке аз шоҳидон пора пешниҳод шудааст.

“Шумо шарм намедоред? Шумо чӣ ҳукумат ҳастед?”, -- гуфт ӯ хитоб ба додрас.

Дар суханронии худ Исмоилова иттиҳомоти зидди худро “бемаънӣ” унвон кард. Вай гуфт, вақте ҳукумат мехоҳад, ӯро дар напардохтани андоз, азхудкунӣ ва суистифода аз мақом айбдор кунад, айни ҳамин иттиҳомотро худи ӯ дар таҳқиқоти журналистияш дар аъмоли мақомот мавриди санҷиш қарор додааст. "Вақте одамеро, ки маблағҳои дуздии дар ҳисобҳои оффшор пинҳонкардаи оилаи президент, ки аз ҳисоби созишномаҳову қарордодҳои байналмилалӣ ба даст омадаанд, масъалаҳои суистифода аз мақом ва фирор аз пардохти молиётро таҳқиқ кардааст, дар айни ҳамин гуноҳҳо айбдор мекунанд, хандаовар аст," -- гуфт Исмоилова. Вай афзуд, "маро на 15, на ҳатто 25 соли ҳабс намешиканад".

Вай гуфт, имкон дошт, ки ҳодисаҳои суистифода дар зиндонро фош кунад ва ӯ аз он нафаронест, ки “як мушкилро ба имконияти тоза” табдил медиҳад.

Хадиҷа Исмоиловаи 39-сола аз мунаққидони шадидлаҳни ҳукумати Озарбойҷон ба ҳисоб меравад. Аз замони боздошташ дар моҳи декабри соли 2014 ӯ дар ҳабси муваққаттӣ ба сар мебарад ва даъватҳои Ғарб барои раҳоии ӯ натиҷа надод. Созмони мудофеи ҳуқуқи инсон -- Amnesty International Исмоиловаро “зиндонии виҷдон” унвон кардааст ва Кумитаи дифоъ аз журналистон иттиҳомоти зидди ӯро подоши фаъолиятҳои касбиаш меномад.

Дар мурофиае, ки аз 7 август ба ин сӯ ҷараён дорад, танҳо барои чанд намояндаи сохторҳои дипломатии хориҷӣ боз шудааст. Журналистони бетараф ва ҳам фаъолони ҷамъиятиро ба ин мурофиа роҳ надоданд.

XS
SM
MD
LG