Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири пешин ба даҳ сол зиндон маҳкум шуд


Нахуствазири пешини Қазоқистон Серик Ахмедов ба иттиҳоми фасоди молӣ ва сӯистифода аз қудрат ба 10 сол зиндон маҳкум шудааст.

Серик Ахмедов, нахуствазири пешини Қазоқистон рӯзи 11 декабр аз сӯи додгоҳе дар минтақаи Қарағандаи он кишвар ба муҳлати 10 сол зиндон бо мусодираи молу мулк бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои давлатӣ барои панҷ сол, маҳкум шуд.

Вай ба истифодаи нодурусти маблағҳои будҷа, сӯиистифода аз мақом ва фаъолиятҳои ғайриқонунии тиҷоратӣ муттаҳам мешавад. Мурофиаи парвандаи нахуствазири пешини Қазоқистон ҳудуди чаҳор моҳ қабл оғоз шуда буд. Ӯ аз як сол ба ин тараф дар ҳабси хонагӣ нигаҳдорӣ мешуд.

Нахуствазири пешин дар мурофиаи рӯзи 11-уми декабр бо дастури додраси додгоҳи минтақаи Қарағанда Исломхон Есенбаев дар толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд.

Дар ҷараёни мурофиаи қабл аз ниҳоӣ, ки рӯзи 9 декабр баргузор шуд, Ахмедов аз раиси ҷумҳури он кишвар Нурсултон Назарбоев тақозо карда буд, ки кӯтоҳиҳои ӯро, ки сабаби фасоди молӣ ва сӯистифода аз маблағҳои будҷа шудааст, бубахшад ва ӯро афв намояд.

Серик Ахмедови 56-сола зодаи вилояти Қарағанда буда ва аз сентябри соли 2012 то апрели соли 2014 дар мақоми нахустазири Қазоқистон кор кардааст. Ӯ дар моҳи апрели соли гузашта вазири дифои он кишвар таъйин шуд ва дар моҳи октябри ҳамон сол аз мақомаш истеъфо дод.

Мақомоти Қазоқистон он замон ба таври расмӣ гуфтанд, ки Серик Ахмедов ба "хоҳиши худ" ба истеъфо рафтааст. Ахмедов дар моҳи ноябри ҳамон сол аз ҷониби мақомоти қазоқ ба ҳабси хонагӣ маҳкум шуд.

Нахуствазири пешини Қазоқистон зиндонӣ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:30 0:00

XS
SM
MD
LG