Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон омад


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон бо як сафари серӯза ба Тоҷикистон омадааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбе дар Душанбе мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти пешини Афғонистон Ҳомид Карзай доир шуд. Манбаъ ин дидори Ҳомид Карзай аз Тоҷикистонро "сафари дӯстона" унвон кардааст.

Дар мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Ҳомид Карзай авзои кунунии Афғонистон ва таъсири он ба минтақа мавриди баҳс қарор гирифтааст. Ҳамчунин масоили вобаста ба рушди робитаҳо миёни Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ шудаанд.

Президенти пешини Афғонистон Ҳомид Карзай рӯзи панҷшанбе бо як сафари серӯза ба Душанбе омад. Манобеъ дар сафорати Афғонистон рӯзи 22 октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин сафари Ҳомид Карзай бо даъвати раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.

Муҳаммаддовуд Иброҳимхел, муовини сафири Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, ки ин сафар ҷанбаи расмӣ надорад ва музокироти расмӣ ҳам сурат намегирад. Аммо ба гуфтаи вай, аз онҷо, ки муносибат миёни раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ҷумҳури пешини Афғонистон ба сатҳи дӯстии шахсӣ буда ва бо ҳам рафоқати хос доштанд, бар ҳамин асос оқои Карзай бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон ташриф овардааст.

Ин дипломати афғон гуфт, ба ин далел дар ин сафар мулоқоти Ҳомид Карзай бо дигар мақомот ва масъулони тоҷик дар назар гирифта нашудааст. Сафари Ҳомид Карзай рӯзи шанбеи 24 октябр аз Тоҷикистон поён меёбад.

Ҳомид Карзай давоми раҳбариаш борҳо ба Тоҷикистон сафар кардааст. Сафари ахири оқои Карзай ба Тоҷикистон дар тирамоҳи соли гузашта ҷиҳати ширкат дар нишасти сароин Созмони Ҳамкориҳои Шанхай сурат гирифта буд.

Бо сарнагун шудани режими Толибон ба ҳамкории эътилофи байналмилалиӣ ба раҳбарии Амрико дар соли 2001, Афғонистони таҳти раҳбарии Ҳомиди Карзай вориди як давраи нав шуд. Дар давоми раҳбарии Ҳомид Карзай, муносибатҳои Тоҷикистон ва Афғонистон густариш ёфт ва ду кишвар ҳамкориҳои худро дар арсаҳои гуногун тақвият бахшиданд.

Конфронси байналмилалӣ дар шаҳри Бонни Олмон дар моҳи декабри соли 2001 бо ҳузури чеҳраҳои барҷастаи миллӣ ва байналмилалии сиёсӣ баргузор шуд, ки дар натиҷаи он оқои Карзай барои як давраи шашмоҳа ба унвони раиси идораи муваққат баргузида шуд.

Дертар, дар соли 2002 Ҳомид Карзай барои ду соли дигар дар қудрат монд ва дар соли 2004 ӯ дар нахустин интихоботи демократии раёсати ҷумҳурӣ дар таърихи Афғонистон барои панҷ сол ба ҳайси президенти Афғонистон интихоб шуд. Ӯ дар интихоботи ҷанҷолбарангези президентӣ дар соли 2009 низ бар рақибаш Абдуллоҳ Абдуллоҳ пирӯз шуд ва то соли 2014 дар ин мақом монд.

Бархе аз афроди наздик ба Ҳомид Карзай, чеҳраҳои илмӣ ва муаррихон бо ситоиш аз коркарди Карзай мегӯянд, ки ӯ ба ҳайси як сиёсатмадори зирак Афғонистонро якпорча нигаҳ дошт ва онро дар масири пешрафт, демократия ва қонунмандӣ ҳаракат дод.

Аммо мунтақидонаш мегӯянд, ки раиси ҷумҳури Карзай дар решакан кардани фасоди густурдаи домангири ҳукуматаш бетаваҷҷӯҳ ва нотавон буд. Ҷангсолорони нерӯманди маҳаллиро натавонист аз байн бибарад ва низ дар эҷоди ниҳодҳои шоиста ва пойдор барои ирои хадамоти муассир ба мардуми кӯтоҳ омад.

XS
SM
MD
LG