Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кобул бештари зиндониёни ба гуфтаи ИМА хатарнокро озод мекунад


Бар хилофи хостаҳои ИМА барои нигоҳ доштани 88 зиндоние, ки Вошингтон онҳоро таҳдид ба амнияти худ медонад, Кобул мегӯяд, ки далел барои муҳокимаи 16 тани онҳоро дорад ва боқимондаҳоро озод мекунад.

Бино ба гузоришҳо аз Афғонистон, ин тасмим дар ҷаласаи рӯзи 9-уми январ ба раҳбарии Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури он кишвар гирифта шудааст.

Бар асоси баёнияи давлати Афғонистон, Раҳматулло Набил, сарпарасти созмони амнияти миллии он кишвар дар ин нишаст гуфтааст, бар асоси таҳқиқот "равшан шудааст, ки дар бораи 45 зиндонии Багром ҳеҷ шавоҳид ва санаде, ки гуноҳи онҳоро собит кунад вуҷуд надорад ва дар мавриди 27 тани дигар низ танҳо иттилооти оддӣ мавҷуд аст ва 16 нафар боқӣ мемонанд, ки дар бораи онҳо санад ва мадракҳои айбдорӣ дар идораҳои амниятии Афғонистон вуҷуд дорад."

Бахши дарии радиои Озодӣ аз қавли Ҷузеф Данфурд, фармондҳеи нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон, ки дар ҷамъи хабарнигорони ҳозир шуда буд, навиштааст, "додгоҳҳои Афғонистон бояд далелҳои мавҷуд дар мавриди 88 зиндонии Бағромро баррасӣ кунанд."

Ин 88 зиндонӣ касоне ҳастанд, ки ба гуфтаи Амрико ба иттиҳомҳои террористӣ дар Багром нигаҳдорӣ мешаванд. Онҳо бахше аз 650 зиндоние ҳастанд, ки давлати Афғонистон тасмим гирифтааст озодашон намояд. Кобул ин корро дар ростои талош барои барқарории музокироти сулҳ бо гурӯҳи Толибон анҷом медиҳад, то раҳбарони ин гурӯҳро ба гуфтугӯҳо ҷалб кунад.

Чанд рӯз қабл сенаторони амрикоӣ Ҷон Меккейн ва Линдсей Граҳам, ки ба Афғонистон сафар карда буданд, низ эълом карданд, дар бораи озодии ин 88 зиндонӣ нигарониҳо вуҷуд доранд. Сенатор Граҳам озодии онҳоро "осеби ҷуброннопазире дар равобит"-и ду кишвар хонда буд.

Дар он замон гуфта шуда буд, ки раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай пас аз дидор бо сенаторони амрикоӣ, дастур дар бораи бознигарии қазияи ин 88 муттаҳамро содир карда буд.
XS
SM
MD
LG