Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имом Оғохон: "Ин ҳамла хушунати бемаънӣ зидди ҷомеаи осоишта аст"


Шоҳзода Оғохони Чаҳор аз ҳамла ба автобусе, ки исмоилиёнро интиқол медод ва сабаби ҳалокати 43 нафар шуд, такон хӯрда ва андӯҳгин шудааст.

Имоми исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Оғохони Чаҳор аз ҳамла ба исмоилиён дар Покистон такон хӯрдааст ва андӯҳгин шудааст. Дар изҳороте, ки хадамоти матбуотии имом ба нашр расонд, гуфта мешавад, "ин ҳамла як хушунати бемаънӣ зидди ҷомеаи осоишта аст. Вай барои қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар Карочи ба автобусе, ки исмоилиёнро ба коргоҳашон мебурд, дуо фиристода, афзудааст, исмоилиён як ҷомеаи сулҳдӯсти ҷаҳонанд ва бо гурӯҳҳои дигари маҳзабию қавмӣ дар бисёр кишварҳои дунё ҳамхонии осоишта доранд.

Изҳороти Шоҳзода Оғохони Чаҳор пас аз чанд соати ҳамлаи шаш марди мусаллаҳ дар шаҳри бандарии Карочии Покистон дар рӯзи чаҳоршанбе ба як автобус, ки пайравони равияи исмоилияро ба як зиёратгоҳ мебурд,нашр шуд. Он 43 кушта бар ҷой гузоштааст. Дар миёни кушташудагони 16 зан ва 27 мард мебошанд. Ҳамлаварон ҳатто ба кӯдакони мавҷуд дар ин автобус раҳм накарда ва чандин тани онҳоро маҷрӯҳ кардаанд. Дар ин автобус беш аз 60 мусофир ҳузур доштаанд. Ин мардони мусаллаҳ пас аз анҷоми ин тирпаронӣ савори се моторсикл аз маҳали ҳодиса фирор кардаанд.

Ғулом Ҳайдар Ҷамолӣ, фармондеҳи пулиси вилояти Синд гуфтааст, ки ҳамлаварон бештар мусофиронро аз ноҳияи сар ҳадаф карор додаанд: "Бар асоси маълумоти ибтидоӣ, кушта шудани 43 тан дар ин ҳодиса то ҳоло таъйид шудааст. 13 нафари дигар захмӣ шудаанд. Дар миёни кушташудаҳо 14 тани онҳо занон мебошанд. Захмиҳоро ба бемористон интиқол додаем."

Ҳалокати 43 кас дар ҳамла ба як автобус дар Карочӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:58 0:00

​Ин автобус ҳангоме, ки ба сӯи як зиёратгоҳи пайравони исмоилия дар ҳаракат буд, аз сӯи мардони мусаллаҳ боздошт шуд. Ба гуфтаи фармондеҳи пулиси вилояти Синд, ин афрод баъдан мусофиронро ҳадафи тир қарор додаанд. Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои телевизионии Покистон пахш шуд, автобуси тирбороншуда дида мешавад.

"Ҷундуллоҳ" -- шохаи ҷудошуда аз Толибони покистонӣ масъулияти ин кушторро ба ӯҳда гирифтааст. Аҳмад Марват, сухангӯи ин гурӯҳ ба Радиои Машъал -- бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамлаҳои худ ба шиаиён ва масеҳиёнро идома хоҳанд дод. Шиаиён (исноашария ва исмоилия) дар маҷмӯъ 20 дарсади ҷамъияти 200 миллионаи Покистонро ташкил медиҳанд.

Шаҳри бандарии Карочӣ бо доштани беш аз 15 миллион аҳолӣ яке аз шаҳрҳои нооромӣ Покистон ба шумор меравад ва гуфта мешавад, ки қатлҳои ҳадафмандона дар ин авохир афзоиш ёфтааст. Танҳо давоми як ҳафтаи ахир ду афсари баландпояи амниятӣ, як донишҷӯ ва як фаъоли ҷомеаи маданӣ дар ин шаҳр кушта шудаанд.

Мақомҳои Покистон, аз ҷумла Навоз Шариф, нахуствазири Покистон ҳамлаи рӯзи чаҳоршанбеи Карочиро маҳкум намуда ва дастур додааст, ки ин ҳодиса таҳқиқ шавад. Фармондеҳи артиши Покистон Роҳил Шариф низ бинобар ин ҳодиса, сафари худ ба Шри-Ланкаро ба таъхир андохтааст.

XS
SM
MD
LG