Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи Ҷоми ҷаҳонии дзю-до дар Олмон


Рӯзҳои 19-ум ва 20-уми феврал Гран-прии дзю-до дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон баргузор шуд.

Дар сабқати мардон гуштигирони Ҷопон дар ду вазн пирӯз гардиданд. Дар панҷ вазни дигар намояндагони Белгия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Шветсия, Қазоқистон ва Олмон ҷойҳои аввалро касб карданд.

Ширинҷон Мамадсафоев, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқа, Тоҷикистонро танҳо Абубакр Раҳмонов намояндагӣ кард. Вай дар рақобатҳо дар вазни беш аз 100 килограмм дар даври аввал аз рақиби ҷопониаш шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Ғолибону ҷоизадорони Гран-прии дзю-до дар Олмон

Мардон

Вазни то 60 кг
1. ХИРАОКА Хироаки (Ҷопон)
2. ЯНГ Жин-Мин (Кореяи Ҷанубӣ)
3. ГАНБАТ Болдбаатар (Муғулистон)
3. ВЕРДЕ Элио (Италия)

Вазни то 66 кг
1. ФУКУОКА Масааки (Ҷопон)
2. ЧО Юн-Хо (Кореяи Ҷанубӣ)
3. ДРЕБОТ Сергей (Укроин)
3. ПУЛЯЕВ Михаил (Русия)

Вазни то 73 кг
1. ВАН ТИЧЕЛТ Дирк (Белгия)
2. УЕМАТСУ Киюоши (Испания)
3. НИШИЯМА Юки (Ҷопон)
3. ПАЛЕЛАШВИЛИ Йосеб (Исроил)

Вазни то 81 кг
1. СТИВЕНС Травис (ИМА)
2. ХАБАЧИРОВ Мурод (Русия)
3. МАММАДЛӢ Элнур (Озарбойҷон)
3. ПШМАХОВ Арсен (Русия)

Вазни то 90 кг
1. НИМАН Маркус (Шветсия)
2. БУФФЕТ Ромаин (Фаронса)
3. НИШИЯМА Масаши (Ҷопон)
3. СИНЯВСКИЙ Вадим (Укроин)

Вазни то 100 кг
1. РАКОВ Максим (Қазоқистон)
2. ПЕТЕРС Димитри (Олмон)
3. БОРОДАВКО Евгенийс (Латвия)
3. КРПАЛЕК Лукас (Ҷумҳурии Чех)

Вазни +100 кг
1. ТОЕЛЗЕР Андреас (Олмон)
2. СУЗУКИ Кейжи (Ҷопон)
3. СИЛВА Рафаел (Бразилия)
3. ЗИММЕРМАНН Роберт (Олмон)
XS
SM
MD
LG