Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати паҳлавонони ҷавони тоҷик дар Ҷоми Аврупо дар Туркия


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни кадетҳо дар Туркия ширкат хоҳанд кард.

Дастаи мунтахаби наврасони дзюдои Тоҷикистон дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни кадетҳо (солҳои таваллудашон 1998-2000), ки рӯзҳои 9-11 март дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор мешавад, иштирок мекунанд.

Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо барои гуштигирони навраси тоҷик аввалин мусобиқаи бузурги байналмилалӣ дар мавсими имсола мебошад.

Ба ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон 10 варзишгар шомил аст, ки дар байни онҳо як духтар мебошад. Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро Сомон Маҳмадбеков (55 кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов (55 кг), Ҷамолиддин Абдуллоев (60 кг), Нуроншо Бодамаев (66 кг), Салман Раҳмихудоев (66 кг), Эраҷ Абдуллоев (66 кг), Ёкубҷон Назиров (73 кг), Алиакбар Қаландаров (81 кг), Хуршед Маҷидов (+90 кг) ва Шоҳида Қаландарова (67 кг) намояндагӣ мекунанд.

Дзюдочиёни навраси тоҷик дар Туркия таҳти раҳбарии мураббиён Маъдӣ Маҳмадбеков, Рисқиддин Раҷабов ва Абдураҳим Қарахонов ширкат меварзанд.

XS
SM
MD
LG