Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷеенбеков - сарвазири 29-уми Қирғизистон


Парлумони Қирғизистон ба ҷонибдорӣ аз номзадии Сооронбай Ҷеенбеков ба мақоми нахуствазирӣ раъй дод.

Парлумони Қирғизистон ба ҷонибдорӣ аз номзадии Сооронбой Ҷеенбеков ба мақоми нахуствазирӣ раъй дод. Ҷеенбеков баъд аз интихобаш ба мақоми нахуствазирӣ гуфт, ки ҳукумати вай таваҷҷӯҳро ба мубориза бо терроризм ва ҳамчунин ба таъйини хатҳои марзӣ бо кишварҳои ҳамсоя бештар хоҳад кард. Ҷеенбеков дар ин мақом Темир Сариевро иваз кард, ки 11 апрел аз мақомаш истеъфо дод. Кабинаи нахуствазирро чанд нафар аз намояндагони парлумон ба ришвахорӣ муттаҳам карданд. Истеъфои Сариев дуруст чанд рӯз пеш аз гузориши кумиссиюни парлумонӣ роҷеъ ба тафтиши сохтмони роҳе дар вилояти Иссиқкӯл сурат гирифт. Дар ин гузориш омадааст, ки сохтмони ин роҳ бо фасод олуда будааст. Мунаққидони Сариев мегӯянд, ки вай шахсан аз 100 миллион доллар маблағе, ки ширкати сохтмонии Чин барои сохтмони ин роҳ дода буд, баҳраманд шудааст. Сариев ин иддаоро рад мекунад ва мегӯяд, ки тӯҳматгарони вай натавонистаанд иддаои худро собит созанд.

Ба ин тартиб, дар 25 соли истиқлолияти Қирғизистон дар ин кишвар 28 дафъа раҳбари ҳукумат – нахуствазир нав мешавад. Бархе аз онҳо ҳатто як соли пурра ҳам натавонистанд дар курсии сарвазирӣ кор кунанд.

Шореҳи бахши Қирғизии радиои Озодӣ Айданбек Аҳмадуулу дар як сӯҳбат ин мавзӯъро шарҳ дод.

Сооронбой Ҷеенбеков-сарвазири 29-уми Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:30 0:00

Радиои Озодӣ: Чаро интихоб болои Сооронбой Ҷеенбеков афтод? Ӯ чӣ шахсест ва чаро якбора ҳама фраксияҳои парлумони Қирғизистон аз номзадии ӯ тарафдорӣ карданд?

Айданбек Аҳмадуулу: Чаро ӯро интихоб карданд? Чунки ӯ яке аз афроди наздики президент аст. Ӯ аз қадимитарин аъзои тими президент аст. Ба наздикӣ ӯро ба хадамоти кадрҳои назди президент таъин карданд. Аз он ҷо муовини аввали ситоди президент шуд. Як моҳ дар ин вазифа кор накарда, ба нахуствазирӣ пазируфта шуд. Яъне президент ба ӯ эътимод дорад ва барои ҳамин ӯро таъин кард.

Радиои Озодӣ: Нахуствазири собиқ Темир Сариевро дар фасод муттаҳам карданд, худи ӯ ин иттиҳомро рад мекунад. Вале асли даъво ва ё сабаби адами эътимод ба ӯ чӣ будааст?

Айданбек Аҳмадуулу: Ин ҷо се сабаб аст. Сабаби аввал ин аст, ки соли оянда, соли 2017 интихобот баргузор мешавад. Сабаби дигар дар моҷарои марзии соли гузашта бо Ӯзбакистон аст. Вақте Қирғизистон як пора замини баҳсиро дар ихтиёри Ӯзбакистон гузошт, ин хабар расонаӣ шуд ва баҳси зиёде эҷод кард. Баъдан гуфтанд, ки гӯё имзо сохтакорӣ шудааст. Ин қитъаи замин дар ҳудуди вилояти Ҷалолобод дар миёни ноҳияҳои Оқсиву Алабудин ҷойгир аст. Дар ин қитъаи кӯҳии баҳсӣ дастгоҳҳои радиопарокании Қирғизистон ҷойгиранд. Соли 2014 Ӯзбакистон нирӯҳояшро ба ин қаламрав ворид кард. Баъди музокироти

Вазири нақлиёт Арғинбек Малабаев зидди нахуствазир Темир Сариев
Вазири нақлиёт Арғинбек Малабаев зидди нахуствазир Темир Сариев

ҳукуматҳо, нирӯҳо ин маконро тарк карданд. Ин қаламрав баҳсӣ аст ва ба ҳеҷ як аз ин кишварҳо – на ба Ӯзбакистон ва на ба Қирғизистон тааллуқ надорад. Баҳси мансубияти ин қитъа ҳанӯз идома дорад. Замоне, ки музокирот бар сари ин масъала ҷараён дошт, протоколи ба Ӯзбакистон гузаштани ин қитъа ба матбуот роҳ ёфт, баъдан Сариев дурустии ин санадро рад кард. Ва ҳоло мегӯянд, ки сабаби аслии ин моҷаро тендери ношаффофи сохтмони роҳи Балиқчӣ-Қурумдӣ дар вилояти Иссиқкӯл аст. Ин роҳ 104 км тӯл дошта, арзишаш 6 миллиарду 800 миллион сомро ташкил медиҳад. Тендерро моҳи октябри соли гузашта баргузор карданд. Баъди ин тендер баъзе сиёсатмадорон тарзи баргузории онро зери суол бурданд ва маълум шуд, ки он хеле осемасарона дар давоми якчанд рӯз баргузор шуд. Баъзе ширкатҳо ҳатто вақт наёфтанд, ки аризаҳои худро пешниҳод кунанд. Ҷанҷоли сахте бархост, тафсилоти он ҳам ба матбуот роҳ ёфт. Моҷарои миёни нахуствазир ва вазири нақлиёт дигар аланӣ шуд. Темир Сариев аз президент дархост кард, ки вазири нақлиёт Арғинбек Малабаевро аз вазифа сабукдӯш кунад. Президент ин талабро иҷро накард ва Сариев чораи дигаре ҷуз истеъфо надошт.

Радиои Озодӣ: Вале ин ки дар 25 соли охир дар Қирғизистон 28 нахуствазир нав шуд, магар аломати заъфи ҳукумат нест? Шумо тағйири ҳамешагии раҳбари ҳукуматро дар Қирғизистон чӣ гуна шарҳ медиҳед?

Айданбек Аҳмадуулу: Вақте Қирғизистон як кишвари мустақил шуд, аз он замон то имрӯз ҳукуматҳои зиёд нав шуданд. Бисёриҳо ба ин назаранд, ки ҳукумат бозичаи дасти президент шудааст. Дар давраи президент Оқоев мегуфтанд, ки нақши нахуствазир дар кишвар бояд барҷастатар шавад. Яъне нахуствазир бояд тавони таъйини стратегияи иқтисодӣ ва сиёсии давлатро дошта бошад. Аз соли 2005 мехостанд, ки ҳамин тайғирот ҷорӣ шавад. Боқиев омаду ӯ ҳам ҳукуматро комилан ба дасти худ гирифт. Соли 2010 Конститутсияро аз нав навиштанд ва гӯё салоҳиятҳои нахуствазирро бештар карданд. Вале амалан вазъ ҳамонгуна боқӣ мемонад. Баъди соли 2010 ҳамин тавр шуд, ки нахуствазирон ҳатто як соли пурра ҳам кор накарда аз вазифа мераванд. Ин ба он маъност, ки мақоми нахуствазир хеле камаҳамият шудааст ва барои мувваққат таъин мешавад. Дар натиҷа, ҳар нафаре, ки нахуствазир мешавад, медонад, ки дер намепояд ва ин фурсатро барои бештар муаррифӣ шудани худ ба унвони сиёсатмадор истифода мекунад. Яъне ин нафар дигар вақт надорад, ки аз паи иҷрои барномаҳои ҷиддиву давомдоре шавад ва кори ҷиддие анҷом диҳад. Вақте нахуствазир мехоҳад фурсатро барои муаррифии худ истифода кунад, бисёр вақт ин ҳолат ба президент ва аъзои тими ӯ писанд намеояд ва ӯро аз мақомаш барканор мекунанд. Дар давоми 25 соли охир дар кишвар 20 нахуствазир ва 8 иҷрокунандаи вазифаи нахуствазир нав шуданд. Ин ҳама аз он далолат мекунад, ки низоми сиёсӣ устувор ва сохтори ҳукумат ҳанӯз шаклгирифта нест. Гоҳо мегӯянд, ки мо бояд ислоҳоти конститутсионӣ гузаронем. Хуб, бубинем, чӣ мешавад.

Нигористон: 28 сарвазири 25 соли истиқлолияти Қирғизистон

XS
SM
MD
LG