Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Ҷопон ба Тоҷикистон меояд


Синзо Абе, нахуствазири Ҷопон.
Синзо Абе, нахуствазири Ҷопон.

Нахуствазири Ҷопон дар доираи сафари минтақавии худ рӯзи 24-уми октябр ба Тоҷикистон меояд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Синзо Абе, нахуствазири Ҷопон дар чаҳорчӯбаи сафари худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, рӯзи 24-уми октябр бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Ин нахустин сафари Синдзо Абе ба Тоҷикистон ва ҳамин тавр ба кишварҳои Осиёи Миёна хоҳад буд. Дар назар нахуствазири Ҷопон бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот ва гуфтугӯ намуда ва роҳҳои таҳкими муносибатҳо миёни ду кишварро баррасӣ намоянд

Қарор буд, ки нахуствазири Ҷопон дар авохири моҳи август аз Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Узбакистон дидан кунад, вале ба далели баҳсҳо дар парлумони он кишвар, ин сафар ба таъхир афтода буд.

Ин нахустин сафари расмии нахуствазири Ҷопон ба Осиёи Марказӣ дар нӯҳ соли ахир хоҳад буд. Таҳкими робитаҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки саршор аз нафту газ ва дигар захираҳои табииянд, аз ҳадафҳои асосии сафари нахуствазири Ҷопон ба минтақа мебошад.

Ба навиштаи Japan Times дар музокирот бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ масоили марбут ба қочоқи маводи мухаддир ва терроризм баррасӣ шуда, қарор аст, ки чанд санад дар мавриди кӯмаки Ҷопон ба тарҳҳои сохторӣ дар ин кишварҳо имзо шавад. Соли 2006 нахуствазири вақти Ҷопон Дзюнитиро Коидзумӣ ба Қазоқистон ва Узбакистон сафар карда буд.

Ҷопон аз шарикони муҳими сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад. Равобити дипломатии миёни ду кишвар феврали соли 1992, чанд моҳ баъд аз касби истиқлолияти Тоҷикистон барқарор шуд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва баъди он, Ҷопон ба Тоҷикистон дар барқарорсозии баъдиҷангии кишвар, фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ ва соҳибкории хурд ёрӣ кардааст.

Зимнан, аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашти давлати Ҷопон барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 346 лоиҳаро ба маблағи умумии 28 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон ирсол шудааст. Кӯмакҳои иқтисодии Ҷопон ба Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст. Ин кишвар барқарорсозии роҳи Қӯрғонтеппа-Панҷи Поёнро ба ӯҳда гирифт, ки иҷрои ин тарҳ ҳанӯз идома дорад.

Ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Оҷонсии Япония оид ба рушди байналмилали «JICA» (Ҷайка), барномаи такмили фурудгоҳи Душанбе омода карда шудааст. Мутобиқи ин тарҳ, дар фурудгоҳи Душанбе бунёди терминали боркашонӣ ва харидории системаи фуруди автоматии ҳавопаймоҳо (ILS), насби системаи чароғакҳои роҳнамо барои фурудоии ҳавопаймоҳҳо (PALS) ҳудуди 15-20 млн доллари амрикоӣ амалӣ карда мешавад.

Сафири пешини Тоҷикистон дар Ҷопон Ғулом Бобозода мегӯяд, ки Ҷопон баъди Амрико ва Чин иқтисоди сеюм дар ҷаҳон ҳисоб мешавад ва як кишвари пешрафтаи технологиву истеҳсолӣ аст. Барои Тоҷикистон муносибатҳои хуб доштан бо кишваре, ки потенсиали хуби пешрафтро дорад, хеле муҳим аст. Тоҷикистон, ки сиёсати дарҳои бозро пеш гирифтааст, барояш муҳим аст, ки бо кишварҳои пешрафтаи иқтисодӣ равобити хуб дошта бошад ва бо кӯмаки ин давлатҳо, дар фикри диверсификатсия ё гуногунсозии иқтисоди худ бошад.

XS
SM
MD
LG