Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ман Ҷамшуд не, Ҷамшедам"


Ҷамшед Ҷӯрабоев
Ҷамшед Ҷӯрабоев

Рӯзи 16 апрел дар сомонаи радиои Озодӣ гуфтугӯи мустақим бо тарроҳи синамои ҷаҳонӣ ва рассом Ҷамшед Ҷӯрабоев барпо мешавад.

Ҷамшед дар Душанбе бузург шуда, дар литсеи тоҷикиву туркӣ таҳсил кардааст. Аз хурдӣ мехост космонавт шавад, аз ин рӯ, Донишгоҳи техникии Анкараро аз рӯи ихтисоси муҳандиси фанноваривҳои ҳавонавардӣ хатм кард. Маълумоти дуюми олиро баъди хатми донишгоҳи The Art Department (ИМА) аз рӯи ихтисоси рассоми консептуалӣ ба даст овардааст.

Айни замон дар студияи MPC (Лондон) аз рӯи ихтисоси дуюми худ кор мекунад. Бештар болои эҷоди тарҳҳои консептуалии филмҳо, реклама ва бозиҳои компютерӣ тамаркуз дорад. Солҳои пеш бо ширкатҳои маъруфи Samsung, Sony, Mercedes, Audi и ҳамкорӣ карда, ҳамчунин дар эҷоди филми “Утомленные солнцем 2. Цитадель” (коргардонаш Никита Михалков) саҳм гузоштааст. Соли оянда қарор аст филмҳои наве рӯи пардаи синамои ҷаҳонӣ бароянд, ки дар таҳияи онҳо Ҷамшед ҳам кор кардааст: «Ҳомиёни Галактика», «Перси Ҷексон-2» ва дигарҳо.

Ҷамшед мегӯяд, бо вуҷуди мушкилоте, ки ба сари Тоҷикистон омадааст, ин як кишвари зебои мардуми боистеъдод аст. "Ман Ҷамшуд не, Ҷамшедам", мегӯяд вай ва илова мекунад, ки ба оянда бо чашми нек менигарад ва барои пешрафти худ талош мекунад.

Агар ба Ҷамшед суоле доред, ҳатман ба Озодӣ бинависед.

Ё ба мо занг занед. Шумораҳои мо:

Дар Душанбе: 988 65 94 63 988 65 94 64 985 63 83 56

Дар Прага: (420) 725 03 79 43




XS
SM
MD
LG