Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Б.Сангов: Мо пул наёфтем, ки ба чемпионат равем


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Федеросиюни байналмилалии варзиши вазнин ба далели допинг тими вазнбардорони Тоҷикистонро аз ҳаққи ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Ҳюстони Амрико маҳрум кардааст.

Шӯрои иҷроияи Федеросиюни байналмилалии варзиши вазнин (IWF) рӯзи 19 ноябр дар ҷаласае, ки дар шаҳри Ҳюстони Амрико баргузор шуд, тими Тоҷикистонро аз ҳаққи ширкат дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Ҳюстон маҳрум кардааст. Шӯрои иҷроияи ин ниҳоди ҷаҳонии масъули танзими мусобиқоти байналмилалии варзиши вазнин гуфтааст, далели тасмимаш ба кумиссиюни зиддидопинг насупурдани иттилои лозим аз сӯи варзишгарони тоҷик ба системаи АДАМС аст.

Ин система аз тариқи Интернет кор мекунад ва варзишгарон бояд ба он иттилоъ дар бораи макони будубоши худ ва натиҷаҳои санҷиши допинг ва натиҷаҳои бадастовардаашон дар мусобиқоти варзиши вазнинро ироа кунанд. Онҳо ҳамчунин муваззафанд, ҳама маълумот дар бораи дорувор ва маводи дигари махсусеро, ки истифода мебаранд, бо шумули иҷозатнома барои истифодаи ин маводро дар ихтиёри системаи АДАМС бигузоранд.

Аммо Бобохон Сангов, котиби Федеросиюни варзиши вазнини Тоҷикистон, рӯзи 20 ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо на ба далели мушкили допинг, балки ба сабаби надоштани маблағ натавонистаанд дар мусобиқаи қаҳрамонии Ҳюстон иштирок кунанд. Ӯ гуфт, "барои то он ҷо рафтани ҳар як варзишгари мо сеҳазордолларӣ зарур аст. Вале ин маблағро ба мо на аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ доданд ва на аз дигар ташкилоти варзишӣ."

Хабари расмии Федеросиюни байналмилалии варзиши вазнин (IWF) дар ин бора

Хабари расмии Федеросиюни байналмилалии варзиши вазнин (IWF) дар ин бора

Ҷаноби Сангов гуфт, вазнабардорони тоҷик имсол танҳо дар як мусобиқаи қитъавӣ иштирок карда, то кунун дар бораи маҳрум мондани варзишгарон барои иштирок дар мусобиқаи Ҳюстон аз Федеросиюни байналмилалӣ ягон номаи расмӣ нагирифтаанд.

Аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар робита ба ин масъала онҳо ба созмони минтақавии WADA - Бунёди ҷаҳонии зидди допинг - дар Қазоқистон муроҷиат кардаанд. "Дар ҷавоб ба ин дархости мо гуфтанд, ки дар бораи истифодаи маводи мамнуъ аз сӯи ду варзишгари Тоҷикистон шубҳа доранд, вале нагуфтанд, ки онҳо кистанд ва намояндаи кадом навъи варзиш," - афзуд мусоҳиби мо аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Дар ҷаласаи Ҳюстон, ҳамин тавр, тими Булғористон аз ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро маҳрум шуда, як квотаи тими Руминияро дар ин Бозиҳои олимпӣ низ ба далели вуҷуди мавридҳои зиёди истифодаи допинг дар ҷараёни мусобиқоти квалификатсионӣ кам кардаанд.

Ҳамин тавр, ҳамроҳ бо тими Тоҷикистон тимҳои Ҳондурас, Панама, Гватемала ва Серра-Леона аз ҳаққи ширкати дар мусобиқоти қаҳрамонии соли 2015 дар Ҳюстон маҳрум шудаанд.

Мусобиқоти Ҳюстон як марҳалаи муҳим барои дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Рио-де-Жанейро - 2016 ба шумор мерафт. Дар ин мусобиқот, қарор буд, аз Тоҷикистон 4 нафар - Азиз Шукуров, Илҳомҷон Шукуров, Зоирҷон Нуров и Низом Сангов – ширкат кунанд. То ҳол аз Тоҷикистон дар вазнбардорӣ касе соҳиби роҳхати Бозиҳои олимпӣ нашудааст ва маҳрум шудани варзишгарони тоҷик аз ҳаққи ширкат дар мусобиқоти Ҳюстон ин орзуи онҳоро дастикам барои 4 соли дигар ақиб меандозад.

Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар варзиши вазнин маъмулан дар 4 сол як маротиба доир мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG