Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи наврасони «Истиқлол» қаҳрамони Тоҷикистон шуд


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ғолиби мусобиқаи ниҳоии қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни наврасони солҳои таваллудашон 2001-2002 гардид.

Дар ин мусобиқа, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҳашт даста ширкат дошт. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуда буданд. Бар асоси дастури мусобиқа бозиҳои сабқати пешакӣ аз рӯи системи даврӣ дар як давра барпо гардиданд. Баъдан аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи 19-уми октябр баргузор шуд, дастаи наврасони «Истиқлол» бар тими Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ (МҶМОВ) пирӯз гардид. Замони асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт. Аз рӯи силсилаи пеналтӣ наврасони «Истиқлол» бо ҳисоби 6:5 ғалаба карданд.

Барои ҷойи севум ва медалҳои биринҷии мусобиқа дастаҳои «Суғд-1» ва “Суғд-2” мубориза бурданд. Бозӣ бо пирӯзии “Суғд-1” бо ҳисоби 1:0 ба охир расид.

Дар маросими пӯшидашавии мусобиқа ба дастаи ғолиб – “Истиқлол” – Ҷоми қаҳрамони Тоҷикистон ва медалҳои тилло супурда шуд. Тими Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ барои ҷойи дувум бо медалҳои нуқра сарфароз гашт. Дастаи “Суғд-1”, ки мақоми севумро гирифт, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд.

Инчунин ба беҳтарин бозигарони ин мусобиқа - Аҳрор Ҷӯраев (МҶМОВ), Ҷонибек Тоҷибоев («Суғд»-2), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Суғд»-1) ва Шерзод Набиев («Истиқлол») – ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷкистон супурда шуд.

XS
SM
MD
LG