Пайвандҳои дастрасӣ

“Истиқлол” – ғолиби панҷкаратаи Ҷоми олии Тоҷикистон


Дастаи "Истиқлол" ҳангоми тақдими Ҷоми олии Тоҷикистон

Дастаи "Истиқлол" ҳангоми тақдими Ҷоми олии Тоҷикистон

Дастаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе, ки бар "Хайр"-и Ваҳдат аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4-3 пирӯз шуд, барои бори панҷум Ҷоми олӣ ё Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овард.

Бозӣ барои Ҷоми олӣ ё Cуперҷоми Тоҷикистон-2015 оид ба футбол шаби якшанбеи 5 апрел дар варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар ба поён расид. Дар ин бозӣ дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони феълӣ ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2014, бар тими "Хайр"-и Ваҳдат, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи порсолаи қаҳрамонии кишвар, аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4-3 ғалаба кард.

Замони асосӣ бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Ба ду голи “Истиқлол”, ки дар нимаи аввали бозӣ Хуршед Маҳмудов (дақиқаи 40-ум) ва Фатҳулло Фатҳуллоев (дақиқаи 44-ум) заданд, бозигари “Хайр” Меҳроҷиддин Музаффаров дар нимаи дувум (дақиқаҳои 69-ум ва 87-ум) бо ду гол посух дод. Дар 30 дақиқаи замони изофӣ низ ғолиб муайян нашуд. Дар задани силсилаи пеналтӣ кори футболбозони “Истиқлол” омад кард ва онҳо бо ҳисоби 4-3 ғолиб омаданд.

Дастаҳо бо чунин ҳайатҳо бозӣ карданд:

«Истиқлол» (Душанбе): 1. Никола Стошич. 3. Соҳиб Саванқулов. 5. Алишер Сафаров. 6. Хосе Баллестер (22. Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, 63). 8. Нуриддин Давронов. 9. Хуршед Маҳмудов (39. Парвизҷон Умарбоев, 80). 10. Бледа Родригес. 11. Ҷаҳонгир Ҷалилов (капитан). 15. Петро Ковалчук. 18. Фатҳулло Фатҳуллоев. 19. Аҳтам Назаров (7. Умедҷон Шарифов, 79).
Сармураббӣ: Мубин Эргашев.

«Хайр» (Ваҳдат): 16. Миралӣ Муродов. 6. Далерҷон Шарифов. 15. Баҳодур Шарифов (капитан). 17. Идибек Ҳабибуллоев (Суннатулло Мадалиев, 91). 14. Мӯҳсин Парпиев. 4. Фирӯз Шамсиев. 24. Акмал Сабуров. 19. Парвиз Ҳамидов. 10. Меҳроҷиддин Музаффаров. 8. Фазлиддин Сафаров (Воҳид Соҳибназаров, 49). 26. Фарҳод Сафармадов (Хушвахт Қараев, 120+1). Сармураббӣ: Тоҳирҷон Муъминов.

Бояд гуфт, қабл аз шурӯи ин бозӣ барои гиромидошти хотираи 10 сокини деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзободи Тоҷикистон, ки рӯзи 3 апрел бар асари фаромадани ярч зери хок монда, ҳалок шудаанд, дар варзишгоҳ дақиқаи хомӯшӣ эълон шуд.

Ба ин тартиб, бо ин бозӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон мавсими нави футбол дар кишвар оғоз ёфт.

Баъд аз анҷоми бозӣ маросими супурдани ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) баргузор шуд. Ибтидо ба cардовари ин бозӣ Насрулло Кабиров, довари ФИФА аз шаҳри Норак, ёваронаш Беҳрӯз Муртазоев аз шаҳри Душанбе ва Ҳамза Шоймардонов аз ноҳияи Хуросон мураббии калони мунтахабии миллии футболи Тоҷикистон Вазген Манасян тӯҳфаҳои ФФТ-ро тақдим кард.

Баъдан медалҳои нуқраи Суперҷомро ба ҳайати дастаи "Хайр" раиси Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Шодӣ Сафаров супурд. Сипас раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ба аъзои дастаи “Истиқлол” медалҳои тилло эҳдо намуд. Дар поёни ин маросим дабири кулли ФФТ Ислом Маҳмадшоев Суперҷоми Тоҷикистонро ба капитани "Истиқлол" дар ин бозӣ Ҷаҳонгир Ҷалилов супурд.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷоми олииТоҷикистон сар аз соли 2010 барои бори шашум баргузор шуд. «Истиқлол» барандаи аввалин ва охирини ин ҷом аст. «Истиқлол» панҷ маротиба (солҳои 2010, 2011, 2012, 2014 ва 2015) ва «Равшан»-и Кӯлоб як маротиба (соли 2013) Ҷоми олии Тоҷикистонро ба даст овардаанд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои Ҷоми олии Тоҷикистон:

Соли 2010. Шаҳри Турсунзода. «Истиқлол» (Душанбе) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа) - 0:0. Замони изофӣ – 2:0.
Соли 2011. Шаҳри Қӯрғонтеппа. «Истиқлол» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 0:0. Замони изофӣ – 1:0.
Соли 2012. Шаҳри Ваҳдат. «Истиқлол» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:1.
Соли 2013. Шаҳри Кӯлоб. «Равшан» (Кӯлоб) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) — 2:1.
Соли 2014. Шаҳри Душанбе. «Равшан» (Кӯлоб) - «Истиқлол» (Душанбе) —0:5.
Соли 2015. Шаҳри Душанбе. “Истиқлол” (Душанбе) – “Хайр” (Ваҳдат) – 4:3 – аз рӯи пеналтӣ (замони асосӣ ва изофӣ – 2:2)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG