Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанголҳои ДИИШ ба Зобул расидаанд


Мақомоти вилояти Зобули Афғонистон аз афзоиши фаъолияти гурӯҳи тундрави ба ном "Давлати исломӣ" ибрози нигаронӣ карда мегӯянд, ин гурӯҳ ахиран дар чанд ноҳия марказҳои муҷаҳҳазеро эҷод кардааст. Бисмиллоҳ Афғон, раиси вилояти Зобул мегӯяд, ҷангҷӯёни гурӯҳ дар инҷо беш аз пеш фаъол шудаанд ва ҷангҷӯёни Толибон дар бархе аз манотиқи вилоят таҳти контроли худро ба ДИИШ супурдаанд.

Зобул дар ҷануби Афғонистон яке аз вилоятҳои қабоилнишин ва ноороми Афғонистон аст ва аз вилоятҳое ба шумор меравад, ки тундравон дар онҷо фаъоланд.

Бисмилоҳ Афғон гуфт, нигарониҳояш дар бораи густариши фаъолияти ДИИШ дар вилоятро бо ҳукумати марказии Афғонистон дар миён гузоштааст. “Дар бархе аз манотиқ байрақҳои сафед, ба байрақҳои сиёҳ мубаддал шудаанд ва дар бархе ҷойҳо байрақҳои сиёҳро поин карда ва байрақҳои сафедро барафрохтаанд. Ин як хатари ҷиддӣ ва густарда аст” - гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.

Манзур аз байрақи сиёҳ парчами гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ" аст ва Толибон парчами сафед доранд.

Бисмиллоҳ Афғон
Бисмиллоҳ Афғон

Мақомоти Зобул мегӯянд, ҳудуди 200 хонаводаи вобаста ба гурӯҳи ДИИШ дар Зобул мустақар ҳастанд ва бештари онҳо дар ноҳияҳои Хоки афғон, Дойи чӯпон ва Навбаҳор зиндагӣ мекунанд. Атоҷон Ҳақбаён, раиси Шӯрои вилояти Зобул мегӯяд, дар сурати иқдом накардан ба зидди гурӯҳи ДИИШ, мумкин аст, ҷангҷӯёни ин гурӯҳ ба як таҳдиди ҷиддӣ барои вилоят табдил шаванд.

Аз арабҳои ироқӣ то ӯйғурҳо

“Марказҳои ДОИШ дар чаҳор ноҳияи Зобул мавҷуд аст. Мо аз аввал мегуфтем, ки дар инҷо ДОИШ ҳаст, аммо касе ба ҳарфи мо гӯш надод”- мегӯяд Атоҷон Ҳақбаён.

Агарчӣ мақомот мегӯянд, ки афроди вобаста ба ДИИШ аз дигар вилоятҳо ба Зобул омадаанд, аммо Муҳаммад Родманиш, сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон мегӯяд, дар миёни афроди вобаста ба гурӯҳи "Давлати исломӣ", асосан хориҷиё, аз ҷумла шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд ва аз Покистон ба Зобул омадаанд. "Инҳо уйғӯрҳо, туркҳо ва аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон ҳастанд. Арабҳои ироқӣ, яманӣ ва суриягӣ низ ҳастанд", - гуфт ӯ.

Яке аз вилоятҳои қаболнишин

Айни замон, ба гуфтаи Муҳаммад Родманиш, барои саркӯб кардани гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ", артиши Афғонистон тадобири ҷиддӣ андешидааст. Пеш аз ин аз фаъолиятҳои густурдаи ДИИШ дар вилояти Нангарҳор хабар мерасид. Аммо Вазорати дифои Афғонистон гуфт, низомиён бо амалиёт ба зидди ҷангҷӯён тавонистанд, марказҳои гурӯҳро аз байн баранд.

Бо онки мақомоти афғон дар вилояти Зобул аз густариши фаъолияти гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ" хабар доданд, аммо идораи муборизаи терроризми Вазорати умури дохилии Афғонистон чанде пеш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ДИИШ дар кишвар бисёр заиф шудааст ва мисли пешина қавӣ нест. Зобул дар ҷануби Афғонистон яке аз вилоятҳои қабоилнишин ва ноороми Афғонистон аст ва аз вилоятҳое ба шумор меравад, ки тундравон дар онҷо фаъоланд.

XS
SM
MD
LG