Пайвандҳои дастрасӣ

Аз куштор то оташ задан. Таҳдиди ДОИШ ба 6 журналисти тоҷик


Нишасти хабарнигорони тоҷик бахшида ба Рӯзи озодии сухан. Душанбе, 2 майи 2015

Нишасти хабарнигорони тоҷик бахшида ба Рӯзи озодии сухан. Душанбе, 2 майи 2015

НАНСМИТ мегӯяд, то кунун ҷангиёни тоҷики "Давлати исломӣ" ба шаш хабарнигор таҳдид кардаанд. Онҳо гуфтаанд, ки ё хабарнигоронро хоҳанд кушт, ё дафтари корашонро оташ хоҳанд зад.

Раҳбарони баъзе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи журналистон дар Тоҷикистон гуфтанд, ки ҷангиёни тоҷики гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ-и собиқ ба шаш хабарнигори кишвар таҳдид кардаанд. Онҳо гуфтаанд, аз шеваи бозтоби ҳузури тоҷикон дар ҷангҳои Ироқу Сурия дар нашрияву телевизионҳои Тоҷикистон норозиянд.

Нуриддин Қаршибоев – раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ё НАНСМИТ 2 май, дар маҳфиле бахшида ба Рӯзи озодии сухан, гуфт, ин хабарнигорон дар нашрияҳои маҳаллӣ, ТВ-и давлатӣ ва расонаҳои хориҷии мустақар дар Тоҷикистон фаъолият дошта, аз ҷонибдорони гурӯҳи "Давлати исломӣ" зангҳои телефонӣ ва паёмҳои таҳдидомез гирифтаанд. Ба қавли ӯ, "маводи рӯзноманигорон асосан таҳлилӣ ва мухолифи андешаҳои ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" будаанд."

Вай аз ҷумла афзуд, "баъзе аз ин ҳамкасбони мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди таҳдид қарор гирифтанд. Гӯиё онҳое, ки дар бораи ҷанги Ироқу Сурия мавод омода кардаанд, мусулмон нестанд, шариати исломро намедонанд ва ҷазо хоҳанд гирифт. Баъд аз таҳлили коршиносӣ мо ба хулосае омадем, ки ин фейкҳо хоҳ-нохоҳ ҷонибдорони худро дар Тоҷикистон доранд ва ба ҳамин хотир аз ҳамкасбони худ хоҳиш кардем, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунанд."

Раҳбари НАНСМИТ мегӯяд, бо нашри як баёния аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ тақозо кардаанд, ки нисбат ба чунин амалҳо бетараф набуда, барои пайдо кардани "ашхоси номаълум" талош кунанд. Нуриддин Қаршибоев илова кард, мӯҳтавои ин таҳдидҳо аз куштори хабарнигор то сӯзонидани дафтари корӣ иборат аст ва баъзе аз ин хабарнигорон гуфтаанд, ки аз ин таҳдидҳо метавонанд баъзе аз афроди тундгаро низ истифода бурда, ҳуқуқи онҳоро нақз кунанд.

"Аз ин хотир, аз хабарнигорон хоста мешавад, дар ин шабу рӯз ҳангоми пайгирии мавзӯъҳои марбут ба "Давлати исломӣ" ва ҳузури тоҷикон дар ҷангҳои Ироқу Сурия аз эҳтиёт кор гиранд,"-- таъкид кард ӯ.

Аҳмади Иброҳим

Аҳмади Иброҳим

Ин ҳарфҳо дар ҳоле гуфта шуданд, ки моҳи январи соли ҷорӣ Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи мустақили “Пайк” дар Кӯлоб гуфта буд, аз Нусрат Назаров -- як ҷангии тоҷик дар Сурия, ки худро “Абӯ Холиди Кӯлобӣ” меномад, тариқи телефон таҳдид шудааст. Ин рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, ин нафари бо ном “ҷиҳодӣ” шахсияти ӯро намедонист ва танҳо бо ӯ ҳамчун рӯзноманигоре сӯҳбат мекард, ки корманди ҳафтавори “Пайк” ва “зодаи Кӯлоб асту ҳамеша дар газета ва интернет муҷоҳидонро сиёҳ мекунад.”

Аҳмади Иброҳим мегӯяд, Нусрат Назаров аз матлабҳое, ки дар мавриди “муҷоҳидон” навишта шуда буданд, шадидан нигарон буд ва ваъда дод, ки ҳатман ба рӯзноманигорон “гонорар”-и ин навиштаҳояшонро “пардохт” хоҳад кард. Ба дунбол мақомоти интизомии Кӯлоб гуфтанд, дақиқ кардаанд, ки воқеан ин занги пӯшида ба телефони рӯзноманигор аз Сурия ворид шудааст. Як масъули мақомоти интизомии Кӯлоб гуфт, дар пайи муроҷиати рӯзноманигор ба омӯзиши ин таҳдиди телефонӣ оғоз кардаанд.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, гуфт, то ба имрӯз ба ин ниҳод ба ҷуз аз Аҳмади Иброҳим дигар ҳеч кадом аз хабарнигорони таҳдидшуда шикояте набурдаанд. Масъалаи таҳдид бо Аҳмади Иброҳим, аз сӯи ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар яке аз ҳамоишҳои байналмилалии марбут ба тундагароӣ , ки 3 апрел баргузор шуд, низ матраҳ гардидааст.

Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки мақомоти расмии Тоҷикистон теъдоди ҷангиёни ин кишвар дар Ироқу Сурияро ҳудуди 300 нафар медонанад. Бар асоси иттилои онҳо, то кунун шаст тани онҳо дар ин ҷангҳо ҷони худро аз даст додаанд. Аммо худи ҷангиён борҳо бо пахши наворҳои видеоӣ ҳузури ҷангиёни тоҷик дар Ироқу Сурияро беш аз ҳазор нафар дониста, гуфтаанд, кори онҳо бо Ироқу Сурия хатм намешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG