Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси "дар Тоҷикистон сензура нест" доғ шуд


Зиннатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

Зиннатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

Изҳори назарҳои раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар масъалаи озодии матбуот ва шароити кори васоити ахбори умум дар ин кишвар, боиси вокунишҳои мухталиф дар миёни журналистон тоҷик шуд.

Оҷонсии расмии “Ховар” дар хулосаҳои сӯҳбатҳои Зиннатуллоҳ Исмоилзода навишт, ки раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, зимни дидор бо раҳбарону кормандони воситаҳои ахбори оммаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд гуфтааст, “дар кишвар сензура вуҷуд надорад ва ҳукумат барои рӯзноманигорон фазои мусоиди корӣ муҳайё сохтааст ва мо набояд аз ин сӯиистифода кунем”. Ин мулоқот рӯзи 26 июл дар шаҳри Хуҷанд ҷараён гирифт.

Бино ба иттилои “Ховар”, Исмоилзода аз рӯзноманигорон даъват кардааст, ки “бо навиштани маводҳои иттилоотии гарм (сенсатсионӣ) ва ғаразнок ҷомеаро ба ифротгароӣ равона насозем. Дар маводҳои хеш арзишҳои миллӣ, урфу одат, анъанаҳои нек ва иффату покиро ба мардум талқин намоем, то насли ҷавон дар рӯҳияи хештаншиносиву меҳанпарастӣ тарбия ёбанд. Масъалаҳоеро бардорем, ки он дархӯри ҷомеа бошад. Ниёзҳои ҷомеаро омӯхта, ба дарди ҷомеа дармон ёбем”.

Фаридуни Раҳнавард.

Фаридуни Раҳнавард.

Дар ҳамин ҳол, Зиннатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, ки “дар бораи сензура чизе нагуфта ва ибрози назарҳои ӯро нодуруст фаҳмидаанд”. Аммо ҷаноби Исмоилзода шарҳ надод, ки мушаххасан кадом ҳарфҳои ӯ нодуруст ташреҳ шудааст ва манзураш аз даъвати рӯзноманигорон “барои худдорӣ аз маводҳои иттилоотии гарм (сенсатсионӣ) ва ғаразнок” чӣ будааст.

Вале изҳороти ӯ баҳсҳоеро дар ҷомеаи хабарнигорӣ ба миён овард. Фаридуни Раҳнавард, хабарнигори нашрияи мустақили “Нигоҳ” ба Озодӣ гуфт, ки аз ин гуфтаҳо чунин хулоса кардан мумкин аст, ки Иттифоқи журналистон як ниҳоди давлатӣ шудааст.

Ба гуфтаи Фаридуни Раҳнавард, “вақте раиси Иттифоқи журналистон мегӯяд, ки шукрона кунед, нанолед, сензура нест, ин мавқеи тамоман нодуруст аст. Ин аз нигоҳи ман аст. Агар мушкил намебуд, журналистон аз даст задан ба мавзӯъҳои доғ худдорӣ намекарданд. Ин худсензура аст. Мо мефаҳмем, ки пушти чунин изҳорот чӣ меистад. Намехоҳам ба касе чизе омӯзам, вале ба назари ман, қабл аз чунин ибрози назар бояд андешид, ки дар пайи ин гапҳо тамоми журналистон меистанд”.

Алишер Зарифӣ, хабарнигори Оҷонсии мустақили “Озодагон” фазои озоду мусоиди иттилоотии кишварро, ки раиси Иттифоқи журналистон тасвир кардааст, як навъи афсона хонд.

Алишер Зарифӣ

Алишер Зарифӣ

Ба гуфтаи Алишер Зарифӣ, "рӯз то рӯз фазои озодии баён дар кишвар бо бастани сомонаҳою пайдо шудани сензураҳо тангтар мешавад. Ин мушоҳидаҳои раиси Иттиҳоди журналистон аз куҷо пайдо шудааст? Шояд ба унвони мақоми расмӣ чунин гуфта бошад. Аммо ҳамчун хабарнигор мегӯям, ки дар муқоиса ба 4-5 соле қабл ҳоло маҳдудият дар озодии баён бештар шудааст”.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ин гуна ибрози назарро хоси мансабдори давлатӣ хонд, ки аз мушкилоти озодии баён дар кишвар маълумоти кофӣ надорад. Ба гуфтаи ӯ, воқеан тибқи Қонуни асосӣ сензура дар Тоҷикистон манъ аст, аммо омилҳое ҳастанд, ки кӯшишҳои барқарор кардани сензура ба ёд меоранд.

“Ишораи сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, ки ба журналистон тавсия дод, то дар бораи ҷиноятҳои вазнин иттилоъ пахш накунанд, ин як талош барои ҷорӣ кардани сензура аст. Ба далели мушкилоти фаровон дар роҳи озодии баён дар миёни расонаҳо ва журналистони мустақил дар чопи матолиби интиқодӣ худсензура роиҷ аст. На танҳо журналистон, ҳатто коршиносон аз ибрози назар дар масъалаҳои ҳассос худдорӣ мекунанд”.

Ин матлаб дар шабакаи Фейсбук низ баҳсҳоеро ба миён овард. Аз ҷумла, корбаре бо номи Абдуазим Абдуваҳҳоб навиштааст: “Гӯё ин гапҳоро раиси Иттифоқи журналистон неву муовини директори “Ховар” гуфта бошад”. Бештари корбарон ин ибрози назари Зиннатуллоҳ Исмоилзодаро “шармовар” хондаанд, ки вазъи озодии баён дар Тоҷикистонро нодуруст ташреҳ додааст.

Зимнан, дар Анҷумани 14-уми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар таърихи 16-уми январи соли ҷорӣ Зиннатуллоҳ Исмоилзода бо аксарияи кулли орои вакилон, барои панҷ соли оянда раиси ин созмони рӯзноманигорӣ интихоб шуд.

Раиси пешини Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбари Саттор рӯзи 28-уми август аз дунё даргузашта буд. Феълан теъдоди журналистони Тоҷикистон тақрибан 2300 нафар мебошад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG