Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи хуруҷ аз бӯҳрони ҳастаӣ - афзоиши таҳдид ба Эрон аст?


Расонаҳои эронӣ аз шурӯи истихроҷи уран дар ду кони нав ва ифтитоҳи боз як корхонаи коркарди уран хабар доданд.

Хабаргузории ИРНА навиштааст, ки конҳои уран дар канори шаҳри Саганда, дар вилояти марказии Язд ҷойгир шудаанд ва коргоҳи нави тавлиди уранро дар шаҳри Ардакон, воқеъ дар 120 километрии ин конҳо, бунёд кардаанд. Қарор аст, дар корхона ҳар сол то 60 тонна консентрати уран тавлид шавад, ки баъдан дар ғанисозии ураниум истифода хоҳад шуд.

Хабари шурӯи истихроҷи уран дар конҳои нав ва ифтитоҳи корхонаи ҷадиди тавлиди уран се рӯз баъд аз шикасти даври навбатии музокирот миёни Эрон ва “шашгона” – ИМА, Русия, Чин, Фаронса, Бритониё ва Олмон расид. Ин гуфтушунид дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон бо миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупо сурат гирифт. Таҳлилгарон мегӯянд, ки аз ин гуфтушунид пешрафтеро интизор набуданд, зеро ду ҷониб дар мавқеъҳои қаблии худ қарор доранд ва омодаи гузашт нестанд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:16 0:00
Линки мустақим

Муҳаммад Тақизода, таҳлилгари масоили сиёсӣ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тайи ҳафт соле, ки гуфтушунидҳо идома доранд, талабҳои ҷонибҳо аз ҳамдигар на кам, балки бештар шуданд. Ба гуфтаи ӯ, "талаби ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз қатъи барномаи ҳастаӣ ва ғанисозии ураниум шурӯъ шуд ва ҳоло гап сари
ураниуми 20 дар сад ғанишуда ва фосилаи ками Эрон барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ меравад.

Эрон ҳам аз соли 2006 ба ин сӯ барои он исрор мекунад, ки ҳаққи пажуҳиши барномаи ҳастӣ ва ғанисозии ураниумро дорад, албатта, бо он далел, ки ин ураниум барои таъмини сӯхти ҳатсаӣ мавриди истифода қарор мегирад".


Мусоҳиби мо меафзояд, ки тайи ин солҳо Эрон ҳазинаҳои зиёдеро ҳам таҳаммул кард, аз ҷумла кишвар аз соли гузашта то ба ҳол барои коҳиши содироти нафт, гаронтар шудани ҳазинаи тиҷорати хориҷӣ ва маҳрум мондан аз сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ 120 миллиард доллар зиён дид. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Муҳаммад Тақизода, “ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба Эрон мегӯяд, ки барномаи ҳастаиро қатъ ва ураниуми ғанисохтаро аз кишвар берун кунед, мо бошем шуморо бо қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймо таъмин мекунем”. Оғои Тақизода меафзояд, ҳарчанд ин пешниҳод дар баробари зиёни кашидаи Эрон ночиз аст, ҷомеъаи ҷаҳонӣ умедвор буд, ки Теҳрон дар шароити сангини иқтисодии феълӣ ба он розӣ мешавад. Аслан, ба гуфтаи ӯ, дар вазъи феълии Эрон, ки аз як сӯ вазъи иқтисодӣ бӯҳронист ва аз сӯи дигар кишвар дар рӯбарӯи интихоботи раёсатҷумҳурӣ қарор дорад, ноком шудани музокирот пешгӯишаванда буд.

Аммо бӯҳрони барномаи ҳастаии Эрон роҳҳале дорад, кай ва дар кадом шароит хатми онро метавон интизор шуд? Ба гуфтаи Муҳаммад Тақизода, “фақат агар авзои иқтисодии Эрон аз ҳолати бӯҳронӣ ба ҳолати фурӯпошӣ мунтақил шавад, ё дар Эрон давлати комилан дигар рӯи кор биёяд ё таҳдиди ҷанг алайҳи Эрон ҷиддитар шавад, имкони расидан ба тавофуқ оид ба барномаи ҳастаии Теҳрон мавҷуд аст”. Дар вазъи феълӣ, аз нигоҳи ӯ, роҳҳали мусолиматомези расидан ба созиш вуҷуд надорад ва далели рӯшанаш он аст, ки тамоми ин солҳо ягон музокирот ба натиҷае нарасидааст.
XS
SM
MD
LG