Пайвандҳои дастрасӣ

Содиқӣ зидди Лориҷонӣ: аз боздошти вакили маҷлис ҷилавгирӣ шуд


Маҳмуди Содиқӣ

Маҳмуди Содиқӣ

Додситони кулли Эрон мегӯяд, ки ҳукми боздошти Маҳмуд Содиқӣ, вакили ислоҳотталаби порлумон, ки муомилоти молии раиси дастгоҳи адлияи Эронро зери суол бурдааст, қонунӣ ва боэътибор аст.

Ҳушдори додситони кулл Аббос Ҷаъфари Давлатободӣ чанд соат баъд аз талоши нофарҷоми боздошти вакили порлумон Маҳмуди Содиқӣ пахш шуд.

“Содиқӣ бояд мақомоти қувваи қазоиро эҳтиром ва худро ба ин мақомот таслим кунад, вагарна афсарон муттаҳамро иҷборан боздошт мекунанд ва ба додгоҳ меоранд”, - навиштааст матбуоти Эрон рӯзи 28 ноябр аз қавли Давлатободӣ.

Содиқи Лориҷонӣ

Содиқи Лориҷонӣ

Моҳи равон Маҳмуд Содиқӣ ба думболи нашри иддаое дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки Лориҷонӣ буҷаи умумиро ба чандин ҳисоби бонкии хусусияш интиқол додааст, аз раҳбари нерӯманди дастгоҳи адлия Оятулло Содиқ Лориҷонӣ даъват кард, ки ҷузъиёти ҳисобҳои бонкии худро фароҳам кунад.

Лориҷонӣ иттиҳомро рад карда онро “дурӯғи маҳз” хонд ва гуфт, ин кори “фитнагарон” ва афроди “зиддиинқилобӣ” аст, ки дар табъид буда, ба гуфтаи ӯ бо бахши фасодзадаи ҷумбиши ислоҳотталаб робита доранд.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 27 ноябр кормандони амният барои боздошти Маҳмуд Содиқӣ ба хонаи ӯ омаданд, аммо баъд аз он ки ҳамкорону ҳомиёни ҳуқуқи башар ба ҳимояти Содиқӣ ҷамъ омаданд, афсарон маҷбур шуданд ақиб нишинанд.

Ҷаъфари Давлатободӣ

Ҷаъфари Давлатободӣ

Додситон Давлатободӣ гуфт, ки қазияи алайҳи Содиқӣ аз ҳашт шикояти хусусӣ иборат аст ва қонунгузор расман барои бозпурсӣ даъват шудааст. Хабаргузории нимарасмии “Форс” бо такя ба “манобеи расмӣ” гуфтааст, ки амри боздошти Содиқӣ бар пояи шикояти донишҷӯён содир шуд, ки чанд моҳ пеш қонунгузорро ба “пахши дурӯғ” муттаҳам карданд.

Содиқӣ рӯзи 29 ноябр дар саҳифаи Твиттераш боздошти нофарҷомро “ғайриқонунӣ” унвон кард ва иддаои Давлатободиро, ки гӯё додгоҳ ӯро расман даъват кардааст, ба чолиш кашид. Маҳмуд Содиқӣ гуфтааст, ки сарфи назар аз “шарҳи додситони муҳтарами Теҳрон", ӯ то ҳол ҳеҷ даъвате дарёфт накардааст.

Як рӯз пеш Маҳмуд Содиқӣ тавассути Твиттер қавл дод, ки ҳеҷ фишоре наметавонад ӯ ва қонунгузорони дигарро аз пайгирии шаффофият ва мубориза бо фасодкорӣ дар ҳамаи сохторҳои Эрон боздорад.

Рӯзи 29 ноябр ноиби раиси порлумон Алии Муттаҳарӣ дар номае ба додситони Теҳрон кӯшиши боздошти Содиқиро танқид кард ва ҳушдор дод, ки ин гуна ҳаракатҳо метавонанд порлумонро ба як сохтори “нодаркор” табдил диҳанд.

Муттаҳирӣ вақти боздошти Содиқиро зери суол бурд ва гуфт, агар шикоятҳо ҷиддӣ буданд, чаро ӯ дафъатан боздошт нашуд ва ин талош танҳо баъди интиқоди Содиқӣ аз Лориҷонӣ сурат гирифт.

Номзадҳо ба порлумони Эрон ва идораҳои дигар аз тарафи Шӯрои Нигаҳбон, ки бар рӯҳониҳо бартарӣ доранд, шадидан баррасӣ мешаванд ва қудрати мутлақи сиёсию мазҳабӣ дар панҷаи раҳбари ғайримунтахаби Эрон Алии Хоманеии 77-сола тамаркуз ёфтааст.

Алии Лориҷонӣ, бародари Оятулло Содиқ Лориҷонӣ раиси феълии порлумони Эрон аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG