Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Эрон мегӯянд, кашондани лӯлаи об аз Тоҷикистон то Эрон метавонад, камбуди об дар вилояти Хуросони Эронро рафъ намояд.

Раҳбари Маҷлиси намояндагони вилояти Хуросони Эрон Муҳаммадризо Мӯҳсинии Сонӣ рӯзи 6-уми август ба хабаргузориҳои Эрон гуфтааст, ки хушксолиҳои ахир дар вилояти Хуросон сабаби коҳиши шадиди захираҳои обӣ шудааст ва бояд тарҳи интиқоли об аз Тоҷикистон ба Эрон ки солҳо боз матраҳ аст, ниҳоӣ шавад.

Дар ҳоле, ки аксари коршиносони эронӣ ва бархе аз мутахасиссони тоҷик ин тарҳро “фантастика” ва татбиқи онро ғайриимкон мешуморанд, намояндагони Эрону Тоҷикистон баръакси инро мегӯянд.

Тарҳи интиқоли об ҳанӯз соли 2007 ҳангоми сафари президенти вақти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон дар мулоқоташ бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон матраҳ ва аввалин санад ба имзо расида буд. Он замон аз ҷузъиёти ин ҳамкорӣ ҳарфе дар миён набуд. Аввалин ҷузъиёт охири моҳи майи соли 2012 дар ҷаласаи даҳуми комиссияи байнидавлатии иқтисоду тиҷорати Тоҷикистону Эрон ошкор шуданд. Сухан аз интиқоли оби кӯли Сарези Тоҷикистон ба Хуросони Эрон мерафт.

Он замон Эрон пешниҳод кард, ки Тоҷикистон агар хоҳад дар ивази нафту газ об диҳад, ё онро бо пул фурӯшаду газу нафтро харад. Ҷониби Эрон як лӯлаи об дар масири 600 километр аз Бадахшони Тоҷикистон то Хуросони Эронро бисозад.

Ҳомидҷон Орифов, яке аз ширкатдорони ин музокирот, мегӯяд, воқеан, эҳтиёҷоти Эрон ба оби тозаро бояд дарк кард ва ҳар чӣ аз дасти Тоҷикистон сохта аст, бояд бикунад. Вай мегӯяд, ин пешниҳод бори аввал аз сӯи як ширкати эронӣ қариб даҳ сол пеш дар шакли як нома ба мақомоти Тоҷикистон расида буд, аммо пас аз чанд музокира дар солҳои баъдӣ кори он пеш нарафт.

Вай афзуд, тарҳе ҳам, ки пешниҳод шуд, хеле хом буд: «Чаро? Агар гап дар бораи оби Сарез равад, мушкили интиқол хеле ҷиддӣ аст. Лӯлаи об аз як масири хеле душворгузар ва хатарнок бояд убур кунад. Он ҷо роҳҳое ҳастанд, ки ҳатто сабукрав намегузарад. Танҳо барои лӯла бояд 10 - 12 метр ҷой бояд бошад. Ин масири дароз селу ярчу тарма дорад. Агар нерӯгоҳи Даштиҷум сохта шавад ва аз он ҷо гиранд, беҳтару осонтар аст»

Бино ба созишҳои қаблӣ миёни Тоҷикистону Эрон, аз соли 2013 бояд ҳудуди 1 миллиард метри мукааб оби ошомиданӣ ба Эрон содир мешуд. Расонаҳои эронӣ навишта буданд, ки 25 миллион сокини шимолу шарқи Эрон аз камбуди об азият мекашанд. Ҳамон вақт парлумони Эрон ин мавзӯъро баррасӣ карда буд, ки ин камбудро воридоти об аз Тоҷикистон ҳал мекунад. Ҳукумати Эрон эълон дошта буд, ки омодааст ба ин тарҳ 3 миллиард доллар сармоя гузорад.

Иддае дигар аз коршиносон мегӯянд, Эрон ба муомилаи хуб рафтааст ва Тоҷикистон имкон дорад оби Сарез - як захираи хобида ва нодаркорро бифурӯшад. Беш аз сад сол аст, ки аз кандашавии банди Сарез сӯҳбат мешавад, ин кӯли сунъӣ ҳаст ва тавре ба вуҷуд омад, ҳамон тавр аз байн меравад. Аз ин хотир, барои зебоӣ, дар миёни мардум, «Нозанини хуфта» ва барои хатараш, «Аждаҳои хуфта» ном гирифтааст.

Сарез соли 1911 бар асари кӯчиши кӯҳ миёни навоҳии Рӯшону Мурғоби имрӯз ба вуҷуд омада, 17 миллиард метри мукааб об дорад. Ба гунаи мисол, барои пур кардани обанбори Роғун аз ин камтар об зарур аст, ки тибқи ҳисобҳо, онро дар 16 – 17 сол ҷамъ мекунанд.

Аммо тарҳи лӯлаи об ба Эрон танҳо тарҳе нест, ки аз атрофи Сарез гирифта мешавад. Ҳанӯз соли 2005 аз сӯи Бонки Ҷаҳонӣ сохтмони як нерӯгоҳи 200 МВт-а пешниҳод шуд. Баъдтар ин тарҳ таваҷҷӯҳи Чину Покистонро ҳам ба худ ҷалб карда буд. Ин нерӯгоҳ бояд барои Чин ва Покистон барқ истеҳсол мекард.

Саидқадам Маскаев, сарвари Раёсати «Сарез» - и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, ин ду тарҳ бояд муштарак миёни чанд кишвар – Эрон, Чин, Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон баррасӣ шаванд, зеро яке дигариро пурра мекунад.

Вай афзуд, аз роҳи асосии Чин – Тоҷикистон 170 километр ба ҷониби Сарез роҳро бояд муштарак созанд, ҳатто 24 километр то кӯл умуман роҳи мошингард надорад: «Фоида чандҷониба мешавад. Эрониҳо барои кашидани об аз кӯл харҷ намекунанд. Рост аз нерӯгоҳ обро мегиранд. Чину Покистон аз нерӯгоҳ барқ мегиранд. Оби аз трубина гузарад, хусусияти худро гум намекунад. Тоҷикистон дар навбати худ соҳиби роҳҳои дуруст мешавад. Минтақаи дурдаст ҳам аҳамияти иқтисодб пайдо мекунад ва ҳам амниятӣ. Аз ҳама муҳим, хатари канда шудани банд аз байн меравад, ки ин ба амнияти минтақа рабт мегирад.»

Аз Тоҷикистон аз се ду ҳиссаи оби Осиёи Марказӣ ҷорӣ мешавад. Худи кишвар ҳудуди 5 то 10 дарсади зарфияти обиву энержиашро истифода мекунад.

Коршиносон мегӯянд, дар ҳоле, ки кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ аз захираҳои нафту гази худ барои рушди иқтисоди худ истифода мекунанд, ин кишвари болооб ҳам имкони бардоштани суд аз захираҳои обиашро дорад. Ба қавли онҳо, Сарез ташнагии Эронро мешиканад ва ҳам манотиқи дурдасти кӯҳистони Чину Покистон ва Афғонистон аз барқи Сарез баҳра мебардоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG