Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки миллӣ гуфт, пулҳои Занҷонӣ дар Тоҷикистон нест (ВИДЕО)


Бобаки Занҷонӣ дар Эрон ба тақаллуби молӣ муттаҳам мешавад.
Бобаки Занҷонӣ дар Эрон ба тақаллуби молӣ муттаҳам мешавад.

Бонки миллӣ иддаои вазири нафти Эронро рад кард, ки гуфт, Бобаки Занҷонӣ 2,7 миллиард долларро ба Тоҷикистон бурда ва "гум" кардааст.

Бонки миллии Тоҷикистон иддаои вазири нафти Эронро рад кард, ки гуфтааст, Бобаки Занҷонӣ, як миллиардери зиндонии кишвараш 2 миллиарду 700 миллион долларро ба ҳисоби бонкии тақаллубиаш ба Тоҷикистон гузаронидааст. Бонки Миллӣ посухи расмиаш ба муроҷиати Радиои Озодӣ дар бораи ин мавзӯъро рӯзи 14-уми август дар вебсайти худ нашр кард.

Аз ин пеш Бежан Номдор Зангана вазири нафти Эрон, 12 август дар як барномае дар Шабакаи аввали телевизиони давлатии Эрон гуфт, "ду миллиарду 700 миллион доллар бо имзои чанд вазир ва раиси кулли Бонки марказӣ дар даврони президентии Аҳмадинажод ба ҳисоби бонкиии ҷаълии Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон гузаронида шуда ва ҳама аз байн рафт."

Пас аз изҳороти вазири нафти Эрон дафтари душанбегии Радиои Озодӣ ба Бонки миллӣ муроҷиат кард ва шарҳи бонк ва сарнавишти 2 миллиарду 700 миллион долларро пурсон шуд.

Тавре дар сомонаи Бонки миллӣ омадааст: «Изҳороти мазкур, агар воқеан ҳам ӯ чунин гуфта бошад, асос надорад, зеро ташкилоти қарзии тобеъ ба Бобаки Занҷонӣ (ҶСП БС “Конт”) дар он давра то ҳанӯз таҳти таҳримҳои байналхалқӣ қарор дорад. Аз ҷумла, дар асоси эъломияи махсуси Вазорати молияи ИМА №13382, аз 11.04.с.2013, хизматрасонии интиқолҳо ба ва аз ҷониби ташкилоти мазкур ба ташкилотҳои қарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастури махсуси Бонки миллии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2013 боздошта шудааст. "

Бонки миллӣ гуфт, миллиардҳои Занҷонӣ дар Тоҷикистон нест
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:46 0:00

Бонки миллӣ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, то ин вақт бо назардошти талаботи таҳримҳо ва дар асоси тафтиши мутахассисони бонк бо санадҳои Бонки миллии Тоҷикистон ин ташкилот аз ҳуқуқи кушодани филиал маҳрум карда шуда, амалиёти ҳисобҳои муросилотиаш дар Бонки миллии Тоҷикистон ба ғайр аз пардохтҳои андоз ба буҷети давлатӣ манъ карда шудаанд. Аз ин лиҳоз, дар шарҳи ин ҳолат шояд иштибоҳе мавҷуд бошад, зеро ҳайати Бонки марказии Эрон махсус барои таҳлили ин масъала ташриф оварда буданд, оид ба мавҷуд набудан ва интиқол нагардидани маблағҳои зикршуда боварӣ ҳосил намуданд».

Бобаки Занҷонӣ -- тоҷири наздик ба давлати Аҳмадинажод дар моҳи декабри соли гузашта дар Эрон боздошт шуд. Яке аз иттиҳомоти аслӣ алайҳи Бобаки Занҷонӣ, пардохт накардани қарзҳои худ ба вазорати нафти он кишвар унвон шудааст.

Бежан Номдор Зангана ҳамчунин дар хусуси ин бонки Бобаки Занҷонӣ гуфтааст, "номбурда бонке дар Тоҷикистон ва сипас дар Малайзия дуруст карда буд, ки маълум нашуд чист ва чаро чунин риски бузурге кардаанд."

Вазири нафти Эрон дар идома гуфтааст, ки иддае ҳамчун Бобаки Занҷонӣ дар ҳукумати Аҳмадинажод пули нафти кишварро бурданд ва ҳозир нестанд онро пас бидиҳанд. Вай гуфтааст, мизони амволи Бобаки Занҷонӣ бисёр камтар аз қарзҳое аст, ки ӯ бояд ба давлат бидиҳад. Ба гуфтаи вай, бахши асосии қарзҳои Бобаки Занҷоӣ марбут ба "нафти хоме" аст, ки ба ӯ дода буданд, "то онро дар хориҷ бифурӯшад, аммо ҳаргиз пули он ба ҳисоби давлат гузаронида нашудааст."

Сарусадоҳо дар мавриди интиқоли пули нафти Эрон ба ҳисобҳои Бобаки Занҷонӣ ба Тоҷикистон ҳанӯз пас аз боздошти ӯ бархоста буд, вале мақомоти Тоҷикистон онро рад карданд.

Вакилони парлумони Эрон қаблан гуфта буданд, ки Занҷонӣ 2 миллиарду 600 миллион доллари вазорати нафтро пардохт накарда, санади ҷаълиеро нишон додааст, ки гӯё аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дода шуда, пардохт шудани ин пул ба вазорати нафти Эронро тасдиқ мекунад. Аммо Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, гувоҳиномаи бонк зоҳиран сохта аст.

Бобаки Занҷонӣ тайи 10 соли ахир ба яке аз сармоягузорони матраҳ дар Тоҷикистон табдил буд. Ӯро аз саҳҳомони аввалини «Конт- групп Тоҷикистон», ҳолдинги гуногунҷанбае меҳисобанд, ки ширкатҳои алоҳида, назири "Asian Express Terminal", «Конт – Таъминот», «Конт - Турист», "Asian Express Airline" ва «Конт – сохтмон» - ро муттаҳид мекунад.

Asian Express Airline ва «Kont Investment bank» дар рӯйхати ширкатҳое қарор доранд, ки аз сӯи Амрикову Аврупо таҳрим шудаанд. Бонки миллии Тоҷикистон аммо мегӯяд, ҳоло соҳибмулки ин бонк як шаҳрванди Туркия аст, на Занҷонӣ.

Бино ба маълумони «Конт – групп Тоҷикистон», ин ҳолдинг то сентябри соли 2013 ҳудуди 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ ва ё беш аз 250 миллион доллари амрикоӣ ба иқтисоди Тоҷикистон сармоя гузоштааст.

XS
SM
MD
LG