Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Тоҷикистону Эрон намехоҳанд эътироф кунанд, ки иҷрои тарҳи «шаҳрчаи саноатӣ» бо мушкил мувоҷеҳ шудааст.

Таҳримҳои Ғарб зидди Эрон ба иҷрои лоиҳаҳои сармоягузории ин кишвар дар қаламрави Тоҷикистон, бахусус бунёди як «шаҳрчаи саноатӣ» дар канори шаҳри Душанбе, таъсири номатлуб гузоштааст. Зеро ба таъкиди масъулони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, сармоягузорони эронӣ дар ҳисобу китоби маблағҳо барои иҷрои ин тарҳ ба мушкил рӯбарӯ шудаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Эрон аз сармоягузорони умда дар иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар ҳоле, ки таҳримҳои Ғарб зидди Эрон сахттару зиёдтар мешаванд, таъсири онҳо ба ҳамкориҳои ин кишвар бо Тоҷикистон низ афзоиш меёбад. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки иҷрои баъзе барномаҳоии муштараки Эрону Тоҷикистон ба таъхир афтода, иҷрои тарҳи дигаре комилан қатъ гаштааст.

Дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон чунин хабарҳоро камранг ҷилва медиҳанд, аммо таъсири манфии таҳримҳои Ғарбро рӯйи ҳамкориҳои дуҷониба рад намекунанд.

Зайниддин Мӯъминов, сардори бахши равобит бо кишварҳои хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд: «Ҳамчунон изҳор шуда, ки гӯё ҷониби Эрон аз бунёди «шаҳраки саноатӣ» даст кашида бошад, ин тавр нест. Вале дар ҳақиқат таҳримҳои иқтисодӣ барои Эрон, ки имрӯз ҷорӣ аст, як таъсири манфии худро дар ин ҷода расонидааст. Ва дилсардии соҳибкорони эронӣ як дараҷа эҳсос мешавад».

Масъулони сафорати Эрон дар Душанбе, дар навбати худ, ингуна иддаоро рад мекунанд ва мегӯянд, соҳибкорони эронӣ омода ҳастанд, ки дар иҷрои лоиҳаи "Шаҳраки саноатӣ" саҳмгузор бошанд. Муҳаммад Баёнӣ, масъули бахши иқтисоди сафорати Эрон дар Душанбе мегӯяд, «тавофуқнома сурат гирифтааст, бахши хусусии мо он ҷо омодагӣ мебинад, ки иншоаллоҳ инҷо биёяд ва корҳояшро сар кунад. Барои ҳамин ин масъала асаргузор нест».

Аммо дар ҳоле, ки ба таъкиди мақомоти Тоҷикистон маҳз таҳримот алайҳи Эрон монеи иҷрои лоиҳаи бунёди «шаҳрчаи саноатӣ» тавассути Эрон шудааст, Сангтӯда-2 аз азимтарин тарҳҳои иқтисодии Эрон дар Тоҷикистон аст

Сангтӯда-2 аз азимтарин тарҳҳои иқтисодии Эрон дар Тоҷикистон аст

сармоягузорони бархе аз кишварҳо, назири Чин, Малайзия, Амрико ва Бритониё омодагии худро барои ширкат дар ин тарҳ эълон карданд.

Бо ин ҳам Зайниддин Мӯъминов, сардори бахши равобит бо кишварҳои хориҷии вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон умедвор аст, ки соҳибкорони эронӣ ҳатман дер ҳам бошад, ин лоиҳаро мавриди иҷро қарор хоҳанд дод.

Зеро ба таъкиди вай маҳз ин лоиҳа аз ҷониби Эрон пешниҳод шуда буд ва Тоҷикистон дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ, дар канори шаҳри Душанбе барои иҷрои ин лоиҳа беш аз 100 гектар заминро ҷудо кардааст.

Бар асоси созишнома, Эрон қарор аст, то соли 2016 дар ин шаҳрак 180 корхонаи саноатӣ бунёд кунад ва ҳатто ваъда шуда буд, ки теъдоде аз корхонаҳои саноатии ин шаҳрак дар соли 2014 мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.
Дар маҷмӯъ ин лоиҳа беш аз 250 миллион доллари амрикоӣ харҷ дорад.

Вале масъулони давлатӣ мегӯянд, дар сурати бештар шудани таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ бар зидди Эрон, паёмади он ба ҳамкориҳои ин кишвар бо Тоҷикистон на танҳо дар иҷрои «шаҳраки саноатӣ», балки дар тарххои дигар низ асар мегузорад. Зеро, мегӯяд Амриддин Шарифов, устоди бахши муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, Эрон зери фишори таҳримҳо бештар ба мушкилоти дохилии худ гирифтор хоҳад шуд: «Бо коҳиш ёфтани қурби риёл ва зиёд шудани мушкилоти иқтисодӣ диққати Эрон бештар ба ҳалли масоили дохилии иқтисодӣ ҷалб мешавад. Ва ин ҳам метавонад таваҷҷӯҳи эрониҳоро дар самти сармоягузориву пешбурди равобити иқтисодӣ бо мо нисбатан коҳиш диҳад».

Холназар Муҳаббатов,
иқтисоддони тоҷик низ ин гуфтаро тасдиқ мекунад, «ҳоло баъзе мутахассисони эрониеро, ки мо дар ин ҷо вомехӯрем, сӯҳбат мекунем, онҳо аз паст рафтани қурби риёл бисёр дар ташвиш ҳастанд. Барои ҳамин ба он дараҷае, ки мехостанд, мутахассисону кормандони Эрон, ки ба коре дар инҷо даст бизананд, мутаассиф шуданд. Агар илоҷе мешуд, ки Эрон то андозае аз ин вазъият мамлакатро мебаровард, баъд он пружаҳое, ки дар Тоҷикистон мехоҳад амалӣ намояд, боварӣ дорам, ки саривақт амалӣ мешуданд».


Зимнан, вазорати иқтисоди Тоҷикистон мегӯяд, дар панҷ соли дигар Эрон мебоист ҳудуди як миллиард евро дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад.

Муҳимтарин тарҳи иқтисодии Эрон дар Тоҷикистон нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» аст, ки бо 180-милллион доллар сармоягузории Эрон сохта шудааст.

Қабл аз ин Эрон сохтмони нақби «Истиқлол»-ро, ки шимолу ҷануби Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад, оғоз карда буд, ки ҳарчанд мавриди истифода қарор дорад, аммо сохтмонаш пурра анҷом наёфтааст.

Эрон ҳамчунин ваъда додааст, ки дар рӯди Зарафшон, дар шимоли Тоҷикистон низ нерӯгоҳе бо номи "Ёвон"-ро бисозад ва дар ҳалли мушкили энержии Тоҷикистон саҳм бигирад. Оё ин тарҳҳо иҷро хоҳанд шуд ё на, феълан як суоли беҷавоб аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG