Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Овозхони тоҷик Садриддин Наҷмиддин мехоҳад бо ташкили як консерти хайрия барои табобати Алиҷони ҳафтсола, ки аз дарди саратон ранҷ мекашад, кумак кунад.

Волидони Алиҷон Маҳкамов барои муолиҷаи ӯ дар хориҷ аз кишвар ба 15 ҳазор доллар ниёз доранд. Садриддини Наҷмиддин, овозхони маъруфи тоҷик ҳам бо огоҳ шудан аз ин қазия дар як муроҷиати видеоӣ, ки дар саҳифаи фейсбукиаш нашр шудааст, аз мухлисони худ ва афроди хайрхоҳ хостааст, ки барои наҷоти Алиҷон ёрии худро дареғ надоранд.

Садриддини Наҷмиддин мегӯяд, агар ин навор ё муроҷиати ӯ барои ҷамъоварии маблағи кофӣ барои табобати Алиҷон мусоидат накунад, бо ташкили як консерт худи вай ин маблағро пардохт хоҳад кард. Дар як сӯҳбати ихтисосӣ аз Садриддини Наҷмиддин пурсидем, ки дар пайи нашри муроҷиати видеоии ӯ чӣ теъдод ҳозир шудаанд ба Алиҷон дасти ёрӣ дароз кунанд?

Садриддин Наҷмиддин: "Ростӣ, вақте аз мусибати Алиҷон, ки чемпиони чандинкаратаи варзиши дзюдо ҳаст, огоҳ шудам, хостам ба ӯ кумак намоям. Қиссаи шиносоии мо бо хонаводаи ин наврас чунин аст. Модарам тасодуфан дар мошини падари Алиҷон, ки ронандаи таксӣ аст, ҳуҷҷату маблағи худро фаромӯш кард ва баъди ду-се рӯз падари Алиҷон суроғаи модарамро ёфта, маблағу ҳуҷҷатҳоро овард. Ҳамин тавр, мо бо онҳо шинос шудем. Он вақт Алиҷон бемор набуд, баъдан ин ҳодиса рух дод ва ман ҳоло талош мекунам дар ҷамъоварии маблағ барояш кумак расонам. Тӯли чанд соати нашри муроҷиати видеоӣ, афроди зиёде аз дохил ва хориҷ ҳозир шуданд кумак кунанд ва ман ҳам шумораи телефони падари Алиҷонро барояшон фиристодам. Бовар дорам, ки мардуми мо саховатпешаанд ва дар чунин лаҳзаҳо дар паҳлӯи хонаводаи Алиҷон хоҳанд буд."

Озодӣ: Мо ҳам бовар дорем, ки вақте чеҳраҳои маъруфе мисли Шумо ба чунин як иқдом даст мезананд, ҳатман ки нишонрас мешаванд. Барои табобати Алиҷон чӣ қадар маблағ лозим аст?

Садриддин Наҷмиддин: "Феълан барои ба Ҳиндустон равон кардани Алиҷон ва табобати семоҳаи ӯ ҳудуди 15 ҳазор доллар лозим аст. Ҳоло падари Алиҷон 3500 доллар ҷамъ овардааст ва мо дар паҳлӯи ӯ ҳастем, агар маблағи зарурӣ оҷилан ҷамъ нашавад, талош мекунем худ пайдо кунем."

Озодӣ: Дар зимн, Шумо ҳам яке аз нафароне ҳастед, ки дар қазияи Умаралӣ Назаров кӯдаки панҷмоҳа бетарафӣ зоҳир накардеду бо нашри аксҳои ин кӯдак дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамраъйии худро баён кардед. Ва сару садое ҳам буд, ки тасмим доред, таронае дар бораи қазияи ин кӯдак эҷод кунед. Оё ин дуруст аст?

Садриддин Наҷмиддин: "Бале дар ин фикр ҳастам. Ҳар касе ҳисси миллӣ дорад, инсон аст, наметавонад нисбат ба ин қазия бетараф бошад. Қазияи Умаралӣ маро бисёр андӯҳгин кард. Аз ин нороҳатам, ки ҳамватанони ман дар хориҷ ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳанд. Ҳоло оҳанге дар ин мавзӯъ дар роҳ ҳаст. Умаралӣ ҳам шояд оянда як шахсияти бузурги миллати мо мешуд. Афсӯс, аз даст рафт. Орзу мекунам, ки ин мусибату мушкилот ҳарчи зудтар аз болои мардуми мо дур шавад. Ин ҳама мусибату қазияҳо сабаб шуда, ки мардуми мо нисбат ба якдигар меҳрубон шаванд, муттаҳид шаванд ва дар хушиву ғами якдигар шарик бошанд."

Озодӣ: Вале боз ҳам касе аз овозхонҳои маъруфи мо омода нашуд, мисли овозхони рус Диана Гуртская дар сатҳи расмӣ ва бо як муроҷиатнома бо талаби муҷозоти омилони марги Умаралӣ ба мақомот муроҷиат кунанд. Чаро байни овозхонҳои мо, ҳамтоёни шумо, ин анъана нест? Ҳарчанд мо мебинем, аксарият дар Фейсбук саҳифа доранд ва фикр мекунем, аз қазияву ҳодисаҳои пурсарусадои кишвар огоҳанд...

Садриддин Наҷмиддин: "Албатта, ман наметавонам ба ин савол аз номи дигарон посух гӯям. Фақат дар пайи ин ҳодисаҳои ахир ҳамин умедро дорам, ки ин ҳама мардуми моро сарҷамътар кунад. Орзу дорам, нафарони муттасадии кишвар ба ингуна ҳодисаҳо таваҷҷӯҳи бештар кунанд ва ба кумаки афроди ниёзманде мисли Алиҷон бирасанд. Аз ҳунармандон ҳам хоҳиш дорам бо мардум наздик бошанд."

Озодӣ: Чанд соли ахир шумо қариб дур аз Тоҷикистон ҳастед ва мо бештар тариқи навору клипҳои дар хориҷ сабтшудаатон шуморо мебинем. Бештар дар кадом кишварҳо ҳастед?

Садриддин Наҷмиддин: "Албатта, ҷои зистам Тоҷикистон аст, аммо хушбахтона, солҳои ахир зиёд ба хориҷ, ба консертҳо даъват мешавам. Мақсад аз ин сафарҳо ҳам фақат муаррифии мусиқии миллати мо ба ҷаҳониён аст. Аввалин консерти ман хориҷ аз кишвар соли 2010 дар шаҳри Лондон бо Валӣ буд, баъдан дар Австралия, дар Дубай ва дигар кишварҳои Аврупо консерт доштем. Оянда боз ба Канада ва Амрико даъват шудаем."

Озодӣ: Аммо шунидем, ки тасмими ниҳоии шумо ин аст, ки дигар мехоҳед фаъолияти ҳунарии худро дар дохили кишвар пеш бубаред, яъне таронаву клипҳоятонро дигар дар кӯчаву хиёбон ё манзараҳои Тоҷикистон наворбардорӣ кунед?

Садриддин Наҷмиддин: "Бале, чанд клипи охирро дар ватан сабт кардам ва дар оянда мехоҳам як консерт барои мухлисон дар Тоҷикистон баргузор кунам ва албатта, иҷоза барои толорро дарёфт кардам. Ҳатман маблағи аз консерт ба дастомадаро ба Алиҷон ҳадя хоҳам кард. Консерт барои моҳи декабр дар назар гирифта шудааст. Ҳоло муҳим дарёфти иҷоза барои толор аст."

Озодӣ: Бозхонии Таронаи “Ҷони ман..” аз сӯи шумо дар ҳамовозӣ бо Ғазал Иноят, дубора ин таронаи замоне маъруфи Кароматуллои Қурбонро зинда ва вирди забонҳо кард. Идеяи бозхонии ин тарона ҳамроҳ бо Ғазал чӣ тавр пайдо шуд? Яке аз аввалин хонандаҳои он Ширинмоҳ Ниҳол гуфта буд, садои дуи шумо дар ин тарона бо ҳам чандон ҷӯр наомадааст?

Садриддин Наҷмиддин: "Апаи Ширинмоҳ дар гузашта воқеан бо Кароматуллои Қурбон ин таронаро ба як дараҷаи аъло хонда буданд. Ман аз бачагӣ ошиқи ин тарона ва кайҳо боз дар фикри бозхонии ин тарона будам. Ин, ки садои ман бо Ғазал ҷӯр омад ё наомад, ин баҳоро мардум медиҳанд ва фикр мекунам, ба мардум ин оҳанг ва хондан хуш омад. Хушбахтам, ки пайрави мактаби Кароматуллои Қурбон ҳастам. Садои Ғазалро ман чанд соли пеш шунида будам ва барои ин тарона фикр кардам, ки садояш мувофиқ аст."

Озодӣ: Ҳоло ҳама аз таъсири бӯҳрон ба кору зиндагиашон нигаронӣ мекунанд. Оё бӯҳрон ба кори шумо чӣ таъсир кардааст?

Садриддин Наҷмиддин: "Сад дар сад. Фикр мекунам, одам ба ҳар мушкиле, ки мешавад, аз худ гила кунад ва ноумед нашавад. Баръакс бо нерӯи бештар ба пеш қадам ниҳад. Ман ба ҳар ҳол, имсол эҳсос кардам, ки вазъи молӣ хуб набуд, вале шукр мегӯям, ки бо ин вуҷуд мардум ба суроғи ман меомаданд ва аз пуркортарин овозхонҳо ҳам будам. Фақат мушкил ин буд, ки чандин сол дар Тоҷикистон консерт надоштам ва ҳоло ин нақшаро дорам."

Озодӣ: Дар зимн, барои чӣ дар солҳои ахир дар Тоҷикистон ягон консерт надоштед?

Садриддин Наҷмиддин: "Аввал ин ки сафарҳо зиёд буд ва вақт надоштам. Дигар ин мушкили толор барои ташкили консерт буд, ки каме гаронанд. Бо ин маблағе, ки аз мо барои иҷораи толор талаб мешавад, овозхон маҷбур мешавад, нархи чиптаи консертро гарон кунад ва ин, албатта, ба кисаи мухлис зарба мезанад. Ман талош дорам ин консерти худро тавре ба роҳ монам, ки билетҳои он барои ҳама мухлисон дастрас бошад."

Озодӣ: Тақрибан чӣ қадар талаб мешавад барои иҷораи толор?

Садриддин Наҷмиддин: "Фикр мекунам, гарон аст, беш аз 50 ҳазор сомонӣ фақат барои Кохи Ваҳдат, дигар толорҳо боз аз ин ҳам гаронтаранд. Ҳамин мушкил аст, ки ҳунармандон кам консерт мегузоранд. Бо солҳои пеш агар қиёс кунем, овозхонон барномаҳои зиёди консертӣ баргузор мекарданд, боз ҳунармандон аз хориҷ ҳам меомаданд. Бовар дорам, ин нархномаҳо иваз мешавад ва консертҳо ҳам зиёд хоҳанд шуд. Фикр мекунам, мардум бояд имконият дошта бошанд, ки дар консертҳои ҳунармандони дӯстдоштаи худ ширкат кунанд ва консертҳои хайриявӣ барои кумак ба беморону ниёзмандон мисли Алиҷон низ зиёд шаванд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG