Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гулрухсор: Ишқ дутарафа, ваҳдат ҳам дутарафа аст(ВИДЕО)


Гулрухсори Сафӣ. Прага, апрели соли 2016

Гулрухсори Сафӣ. Прага, апрели соли 2016

Гулрухсори Сафӣ (Сафиева), шоири саршиноси тоҷик, Рӯзи Ваҳдати миллиро ба сабаби беморӣ дар хона ва бо таҳияи китоби орзуҳояш – "Рубоӣ ва дубайтӣ" – сипарӣ мекунад. Ӯ рӯзи 27 июн дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки фишораш болост ва пизишкон тавсия додаанд, аз сафар ба Хоруғ, маҳалли тантанаҳои асосии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, худдорӣ бикунад.

Гулрухсори Сафӣ: Аммо бо худ ҷашни ваҳдат дорам ва барои омода кардани китоби нав машғулам. Китобе, ки 30-40 сол боз сараш кор мекунам – "Рубоӣ ва дубайтӣ". Ин китоб барои ман хеле азиз аст ва хонанда низ ҳақ дорад, чизи солим бихонад. Бисёр дӯсташ медорам. Барои ман фарқ надорад. Дар ҳар рӯзе, ки бошад, мегӯям:

Ҳар кас ба ҳавои ишқи худ нағма кунад,

Ман баҳри сурудани Ватан омадаам.

Озодӣ: Аз нигоҳи шумо ҷашни Ваҳдати миллӣ чӣ гуна аст ва дар Тоҷикистон ҳоло воқеан ҳам ваҳдат вуҷуд дорад?

Гулрухсор: Ваҳдат бояд дар дилҳо бошад. Майдони ҳама набард, майдони ҳама сулҳу салоҳу ҷангу ҷидол дар дили инсон аст ва ман хаёл мекунам, ваҳдат дар дили мо ҷойи махсус дорад. Аслан, барои онҳое, ки овораву сарсону мусофир буданд ва барои онҳое, ки бегуноҳ бисёр таҳқир шуданд ва мешаванд, ваҳдат ин як қатра об аст, як қатра оби софи чашмаҳои поки Тоҷикистон. Ваҳдат ин ишқи умумӣ аст. Агар барои як инсон ба инсони дигар дар дилашон ишқи хусусӣ бошад, аммо ваҳдат ишқи умумӣ аст ва одамизод ҳама барои ҳамин ишқу ваҳдат ба дунё омадааст. Албатта, то инсоният замин вуҷуд дошт, мӯрча ҳам чанд миллион сол пеш аз инсон дар сайёра пайдо шудааст. Барои ҳамин, сулҳу ваҳдат карда тавонистану аз меваҳои ваҳдат ком бардоштан, хаёл мекунам, хеле кор аст. Мову шумо ҳам шоҳидаш ҳастем имрӯз.

Озодӣ: Аммо имрӯз сарусадоҳое шунида мешавад, ки сулҳу ваҳдат якҷониба аст...

Гулрухсор: Албатта, ваҳдат бояд ду ҷониб дошта бошад. Чӣ, магар, ваҳдатро бо худамон мекунем? Ваҳдат бояд дутарафа бошад ва ҳамеша дар ҳама давру замон ишқ ҳам дутарафа аст, ваҳдат ҳам дутарафа аст. Ин чизе ҳаст, ки ҷои баҳс надорад.

Озодӣ: Дуруст аст, аммо мегӯянд, ки дар ҷашни Ваҳдати миллӣ танҳо як тараф ҳузур дораду тарафи дигар нест.

Гулрухсор: Масалан, кадом тараф бояд ҳузур дошта бошад?!

Озодӣ: Созишномаи сулҳ миёни тоҷикон 27 июни соли 1997 бо ҳузури намояндагони давлат ва мухолифони он ба имзо расида буд, вале имрӯз ҷашни ваҳдат танҳо бо ҳузури ҷониби давлат барпо мешавад, мухолифон ҳузур надоранд.

Гулрухсор: Биёед, ин масъаларо як тараф гузорем. Барои ман аслан аҷиб нест. Барои ман аҷиб ин аст, ки ҳамин рӯз мардум наметарсанд, шаб дар хонаҳояшон ором хобанд ва пушти дарашон бо тиру силоҳ намеоянд. Баъдан мехоҳам бигӯям, ки ваҳдат кардан яктарафа намешавад. Суоли матраҳ - ваҳдат ҳаст ё нест? Ваҳдат ҳамин рӯз ҳаст. Миёни ману шумо ваҳдат аст ва мо ба дигарон коре надорем. Ба он маъно, ки мо якдигарро мефаҳмем. Як гапе, ки то имрӯз маро ғайбат мекунанд, тӯҳмат мекунанд, инҳо дар пеши оне, ки мо ваҳдат дорему дар хонаи худ ҳастем, ҳеҷ аст. Ҳамин тавр не? Баъд дар ин ҷамъияти чандмиллиарднафарии сайёра ҳамеша сарусадоҳои гуногун ба гӯш мерасад. Аммо бигӯем, ки ваҳдат яктарафа асту аз ин гапҳо, мегӯям, ки ваҳдат яктарафа буда наметавонад. Мисли ҳамон ишқ ҳаст, мисли зиндагӣ ҳаст. Аммо он тараф дар гирди ӯ чӣ аст, кай аст, бо кӣ аст - ин дигар масъала аст. Мо ҳар қадар бо ҳам ваҳдат кунем, ҳамон қадар хуб мешавад. Чунки умри инсон дар ин сайёра он қадар тӯлонӣ нест, ки нисфашро ба хушунат сарф кунем, нисфашро ба тӯҳмату нисфашро ба ғайбату аз ин қабил.

Озодӣ: Аммо ваҳдати мо, воқеан, устувор аст?

Гулрухсор: Ваҳдати мо воқеӣ аст. Барои он ки ин миллат миллате аст, ки аз байни ҳазору як оташу обу тундару барқу сел гузашту душманонашро бахшида тавонист. Фарҳангашро ба мардуме, ки омаданд, таҳмил накард, балки бо онҳо ҳамзистӣ кард, пас ваҳдат карда ҳам метавонад.

Озодӣ: Дар ҷаҳони муосир хатару таҳдидҳои нав ба миён омадаанд. Оё ин зуҳуроти номатлуб ба сулҳу ваҳдати мо халал ворид намекунад?

Гулрухсор: Воқеан, ин зуҳуроти номатлуб хеле ва хеле метавонад ба сулҳу ваҳдати мо халал ворид кунад. Медонед, сулҳу ваҳдатро ман ба як зарфи булӯрин монанд мекунам. Булӯрро аз санги кӯҳ мегиранд, аммо бисёр нозук аст ва он ваҳдате, ки мо дорем, аз чор тараф чашмони ҳархела ба сулҳу ваҳдати мо нигоҳ мекунанд. Аз ин рӯ, сулҳу ваҳдатро мисли ҳамин зарфи булӯрин, ки нозук аст, ҳифзу эҳтиёт кунем ва барои наслҳои оянда побарҷо монем. Бояд фаромӯш накунем, ки дар болои дасти мо ҷоми бисёр нозанини гароне аст, ки дар паи қурбонии ҷони чандин ҳазор инсон ба даст омадааст. Албатта дар ин дунё бисёр хатар аст. Дар як уқёнус ҳазор хел моҳӣ ҳаст. Моҳиҳои калон, албатта, моҳиҳои хурдро фурӯ мебаранд, мехӯранд. Кишварҳои бузург ва абарқудрат низ аз ҳисоби кишварҳои хурд зиндагӣ мекунанд. Мо ҳам як мамлакати хурди зебое дорем. Ҳоло ба ҳар ҳол маълум шуда истодааст, ки он қадар камбағал ҳам нестем. Агар бачаҳоямон хуб дарс хонанду ояндаашон дурахшон бошаду конҳои маъданро кашф кунанд, мо бисёр олиҷаноб зиндагӣ хоҳем кард. Онҳое, ки чашмонашон ба тарафи мо ҳастанд, медонанд, ки дар пеши пои мо чӣ ҳаст. Худамон намедонем.

Озодӣ: Барои пойдории “ҷоми булӯрин” чӣ зарур аст?

Гулрухсор: Ҳамонгуна ки гуфтам, миллат дар ёд бояд дошта бошад, ки “зарфи булӯрин”-ро дар болои даст дорад ва онро дар баҳои ҷонаш, як насли ошиқ ба даст овардааст. Як лаҳза аз ёд барорад, ин зарф аз даст меравад.

Гулрухсори Сафӣ

Гулрухсори Сафӣ

Озодӣ: Дар охири сӯҳбат ҷашни Ваҳдати миллиро барои Шумо табрик мегӯем.

Гулрухсор: Ташаккур. Бунёдгузори ҳар чизи бузурги олам худи миллат, худи башар аст. Зиндагӣ ҳаст, ки ба ҳар кас аз рӯи кору кирдораш мукофоти амал медиҳад. Ёд дошта бошед, ман дар лаҳзаҳои даҳшатноктарин гуфта будам, ки:

"Ватан, эй модари аз тоқати таҳқир хаста.

Ватан, эй шаҳчинори аз шамоли ҷаҳл бишкаста.

Зи баъди сад ҳазорон сол, зи қаъри сад қабат хоки сиёҳ,

Аламҳои ту бар ёдам расад, фарёд хоҳам кард.

Ватан, “Шаҳнома”-и рӯҳи туро дар партави нуру зиё, эҷод хоҳам кард.

Ватан, аз сангҳои бар сарат бишкастаи фарзандҳои носазоворат,

Туро бунёд хоҳам кард, туро обод хоҳам кард!"

Имрӯз ҳамон рубоиеро, ки хеле барвақт гуфта будам, боз такрор мекунам:

"Надорам орзуи умри ҷовид,

Ватан бигзор монад ҷовидона.

Ҳамехоҳам ба ту баъди сари ман,

Ватан монад, Ватан монад нишона."

Ҳар касе, ки аз сулҳу салоҳ гап мезанад ва сулҳу ваҳдат мекунад, ҳар касе, ки фаромӯш намекунад, ки ҷоми булӯрини қисмати мардумро дар даст дорад, бояд дар ёд дошта бошад, ки инсон меояду меравад, аммо ҷои ҷовидона ва макони муқаддасе, ки дар ин замин аст, Ватан аст. Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак, миллати сарбаланди ман!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG