Пайвандҳои дастрасӣ

Мирослав Енча: Ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ бояд ба ҳамдигар эътимоди бештар нишон диҳанд


Мирослав Енча

Мирослав Енча

Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши қирғизии радиои Озодӣ раҳбари маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи ҷилавгирикунанда дар Осиёи Марказӣ дар ростои таҳдидҳо ин кишварҳоро ба ҳамкории наздиктар даъват кард.

Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши қирғизии радиои Озодӣ раҳбари маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи ҷилавгирикунанда дар Осиёи Марказӣ дар ростои таҳдидҳо ин кишварҳоро ба ҳамкории наздиктар даъват кард.

Зимни боздидаш аз шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон, Мирослав Енча, раҳбари маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи ҷилавгирикунанда дар Осиёи Марказӣ ба саволҳои бахши қирғизии радиои Озодӣ посух дод. Мухтасари ин мусоҳиба тақдим мешавад.

Озодӣ: Пажӯҳишгарони Гурӯҳи “Бӯҳрони байналмилалӣ” ҳушдор медиҳанд, ки рӯйдодҳои ахири Сурияву Ироқ ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам таҳдид мекунанд. Ба фикри шумо, то куҷо ин таҳдидҳо воқеӣ ҳастанд?

Мирослав Енча: Кишварҳои Осиёи Марказӣ аллакай бо ин таҳдидҳо рӯбарӯ шудаанд. Иттилои зиёд дар бораи ҷангиёни зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба даст меоянд, шумори онҳо дақиқ нест, вале тибқи иттилои мухталиф, шумори онҳо аз сад нафар то чанд ҳазор нафар тахмин зада мешавад. Дар ин бора зиёд менависанд, вале воқеият ин аст, ки ин таҳдидҳо амалан вуҷуд доранд. Аз ҳамин хотир, таъкид мекунам, ки кишварҳои ҳамсоя, ҳукуматҳои ин кишварҳо бояд ҳамкории наздиктар барпо кунанд, чунки дар сурати пеш омадани таҳдиди воқеӣ, як давлат батанҳоӣ наметавонад бо ин хатарҳо муқовимат кунад. Ин ҷо ҳамкориҳои минтақавиву ҷаҳонӣ зарур аст.

Озодӣ: Ба фикратон, таҳдиди ифротгароӣ ва гурӯҳи “Давлати исломӣ” бештар болои кадом кишварҳои мушаххаси минтақа эҳсос мешаванд?

Мирослав Енча: Ифротгароиву терроризм он падидаҳое ҳастанд, ки ба ҳам аз бисёр ҷиҳат вобаста ҳастанд. Аз ҳамин хотир, ҳангоми баррасии ин масоил, бисёриҳо ба мушкилоти ҳамсон таъкид мекунанд, ки домангири мардуми ин минтақа шудааст: ин ҳам масоили марбут ба шароити сангини иқтисодиву иҷтимоӣ, поймолшавии ҳуқуқи инсон ва озодиҳои динӣ, набуди шароити иштироки мардум дар ҳаёти сиёсии кишвар ва ҳам маҳдуд будани имконияти баёни фикри худ. Баъзе омилҳои берунаи мисли қочоқи маводи мухаддир ҳам ин ҷо нақш мебозанд. Хеле муҳим аст, ки ҳукумат волоияти қонун, муборизаи муассир бо фасоду ришватро таъмин кунад ва демократия ба маънои васеаш қабул шаваду мардум шароити кор ва зиндагӣ дар муҳити озодро дошта бошанд. Ин ҷо ҳатман масъалаи таъмини амнияти мардумро ҳам бояд дар назар дошта бошем.

Озодӣ: Баъзе таҳлилгарон дар ин охирҳо дар бораи эҳтимоли интиқоли қудрат дар кишварҳои Қазоқистону Ӯзбакистон сӯҳбат мекунанд. Шумо чӣ фикр мекунед, оё ҳамин суботе, ки бар пояи кеши шахсият бунёд шудааст, баъди аз сари қудрат рафтани ин раҳбарон ҳам ҳифз мешавад?

Мирослав Енча: Ин масъулияти раҳбарон ва ҳукуматҳо аст, ки таъмини рушди ҷомеа ва ҳам интиқоли қудратро дар шароити амну босубот ва бидуни мушкил ба ӯҳда бигиранд. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле муҳим аст, ки ба Конститутсия – Қонуни асосии кишвар такя шавад. Ҳамчунин муҳим аст, ки ҳақи интихобкунандаҳо ва раъйи онҳо эҳтиром шавад, то ки ҳама гуна ҷараёнҳо босубот пеш раванд. Ингуна саволҳо воқеан ҳам хеле зиёд пайдо мешаванд, вале бояд гуфт, ки дар давоми 20 соли охир дар минтақа кадом низоъ ё мушкили ҷиддие пеш наомадааст. Раҳбарони минтақа бояд тамоми талошашонро ба харҷ диҳанд, то ки ҷараёни интиқоли қудрат орому босубот ва бидуни талафот дар миёни сокинони мулкӣ анҷом шавад.

Озодӣ: Ба фикри шумо, чаро дар миёни кишварҳои минтақа ҳамоиши минтақавӣ дида намешавад?

Мирослав Енча: Дар Осиёи Марказӣ талошҳои зиёд барои эҷоди сохторҳои интегратсионӣ карда шуд, вале ҳеҷ кадоми онҳо кор накард. Масъала дар ин ки мавқеи ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ ба мавзӯи ҳамоишу ҳамкориҳо аз ҳам тафовут доранд. Ин кишварҳо аз назари манфиатҳои стратегиву миллии худ баҳо медиҳанд, сатҳи рушди ин кишварҳо аз ҳам фарқ мекунад. Албатта, дар оянда мо шояд таҳаввулоти бештарро шоҳид шавем, вале феълан ҳамкориҳои кишварҳои минтақавӣ бештар дар сатҳи дуҷониба барпо шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG