Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба дониши дар хориҷ гирифта бартарӣ дода мешавад


Масъулони Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯянд дар соли 2013, 2406 нафар донишҷӯёни тоҷик барои таҳсил дар кишварҳои хориҷ фиристонда шуданд.

Самариддин Афғонов, директор маркази барномаҳои байналмилалли вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар суҳбат бо радиои Озоди дар ин бора ҳамчунин гуфт, ки аксари ин донишҷӯён дар донишгоҳҳои кишварҳои ИДМ таҳсил мекунанд.

Гуфта мешавад аксари дониҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ дар риштаҳои илмҳои дақиқ таҳсил мекунанд ва масъулони соҳаи маориф ба дониши донишҷӯёни дар хориҷ таҳсилкарда бартарӣ медиҳанд.

Абдураззоқ Абдуллоев, роҳбари ширкати муштараки байналмилалии Тоҷикистон-Малайзия "TM-INTERNATIONAL" рӯзи 26-уми ноябр дар намишгоҳи байналмиллаии таҳсил дар хориҷи кишвар, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, гуфт, 90 дарсади донишҷӯён дар донишгоҳҳои Малайзия дар соҳаи илмҳои дақиқ таҳсил мекунанд.

Акс аз ҷараёни нишасти хабарии намоишгоҳи таҳсил.
Акс аз ҷараёни нишасти хабарии намоишгоҳи таҳсил.
Хаёл Бобоев, ноиби ректори донишгоҳи технологӣ гуфт, 170 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи технологӣ дар донишгоҳҳои хориҷи дур таҳсил мекунанд. Ба назари вай, донишҳое, ки дар хориҷи кишвар гирифта мешавад ҷиддӣ аст.

Барои имконияти таҳсил дар хориҷи кишвар барои донишҷӯёни тоҷик намоишгоҳи таҳсил дар Душанбе баргузор шуд. Ба гуфтаи масъулони ин намоишгоҳ, довталабон имконият доранд, бо донишгоҳҳои Малайзия, ИМА, Бритониё, Кипр ва дигар кишварҳо шинос шаванд ва барои худ яке аз онҳоро интихоб кунанд.

Тибқи иттилои расмӣ дар ҳоли ҳозир дар кишварҳои дигар бештар аз 10 ҳазор донишҷӯйи тоҷик таҳсил мекунанд, ки 60 дарсади онҳо дар донишгоҳҳои Русия будаанд.

Намоишгоҳи таҳсил дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:01 0:00

XS
SM
MD
LG